Главная / Гуногун / Магар аҳли Ислом ба мафҳуми «илм» илми исломӣ …

Магар аҳли Ислом ба мафҳуми «илм» илми исломӣ …

Савол:  Магар аҳли Ислом ба мафҳуми «илм» илми исломӣ, яъне фақат китобҳои диниро дар назар надоранд?

Ҷавоб:  Ислом худ илм аст. Чи тавр аҳли Ислом офаридаи Худо – оламу наботот, ҳайвонот, хазандаву чаранда ва ғайраҳоро наомўхта, мавҷудияти Офаридагорро исбот карда метавонанд?!

Ибни Сино мегўяд «…шинохтани Офаридагори ҳамаи чизҳо ва ягонагии вай ва пайванди  ҳамаи чизҳо ба вай ҳам андар ин илм бошад. Ва аслҳои ҳамаи илмҳо андар ин илм (илоҳиёт) дуруст шавад ва ин илмро ба охир омўзанд, ҳарчанд ба ҳақиқат аввал аст. Ва лекин мо ҷаҳд кунем, ки ба аввал биёмўзонем ва лутфе ба ҷо оварем, то мафҳум кунем ба нерўи Худои таъоло, ҷалла ҷалолуҳу».

Вале саволи Шумо то андозае ҷой дорад. Аз асри XI сар карда аксари кулли аҳли дини Ислом дар Осиёи Миёнаву Эрон ба мафҳуми «илм» фақат намозу рўза, ҳаҷ ва хайру саховатро мефаҳмидагӣ шуданду имрўз ҳам баъзеҳо аз ин ақида фориғ шудани нестанд. Яъне илми табиатшиносиро ҳамчун илми илоҳиёт қабул кардани нестанд. Албатта ба ин шубҳае нест. Зеро баъзе аз аҳли илми табиатшиносӣ, ки дониши комил надоранд, ба дигаргуниҳои олами моддӣ сарфаҳм нарафта ё ба шарҳи бардурўғи даҳрия такя карда, инро «худҳаракаткунии материя» меноманд. Чунин каҷфаҳмиҳо ҳанўз дар  замони Ғазолӣ ҳам авҷ гирифта буд, ки дар натиҷа илми табиатшиносиро  на ҳамчун  тифли илоҳӣ қабул накарданд, балки онро ба даҳрия (атеизм) ҳавола карда, бо ин амали хеш ҷомеъаро аз илми илоҳиёт дур андохтанд. Охир ба даҳриён ситеза карда куртаи хешро ба оташ партофтан чи ҳоҷат?!

Имрўз дунё дигар шудааст, гуфтаҳои Қуръонро нав ба воситаи компютер омўхта ошкор мекунанд ва аз ҳақиқат моро огоҳ месозанд. Аҳли дини Осиёи Миёна ҳанўз ба ҳақиқати илми табиатшиносӣ сару кор надоранд. Вале рафти таърих тақозо мекунад, ки аҳли дин ба илми табиатшиносӣ, ё ба қавли Ибни Сино «илоҳиёт» рў оранд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …