Главная / Маданият ва санъат / МАДАНИЯТИ МОДДӢ ВА МАЪНАВӢ ДАР АСРҲОИ XII-XIII

МАДАНИЯТИ МОДДӢ ВА МАЪНАВӢ ДАР АСРҲОИ XII-XIII

Меъморӣ ва санъат. Бо вуҷуди он ки замона пур аз низову ҷангҳои харобиовар буд, дар шаҳрҳои марказӣ ва баъзе маркази вилоятҳо иншоотҳои меъморӣ хеле афзуданд. Биноҳои боҳашаматро бештар аъёну ашрофи сарватманд месохтанд. Яке аз онҳо Ялангтушбӣ (1608-1656) дар Регистони Самарқанд сохтмонн бузургеро вусъат дод. Дар рӯбарӯи мадрасаи Улуғбек бо амри ӯ байни солҳои 1619- 1631 меъмори номӣ Абдуҷаббор мадраса бино кард. Дар пештоқи даромадгоҳи ин мадраса даррандаи бабрмонанд тасвир ёфтааст. Аз ҳамин сабаб онро мадрасаи Шердор номиданд. Сардори мадраса дар марказ, дар гӯшаҳо манораҳо, дар байни дарвоза ва манораҳо гумбазҳои теғдор бино ёфта болои ду дарсхонаро зеб додаанд.

8-mavzolej-pahlavan-mahmuda

Солҳои 1641 – 1660 Ялангтушбӣ аз тарафи сеюми Рсгистон боз як иморати дигар андохт. Чун дар ороишоти ин бино тиллои бисёре истифода шуд, онро мадрасаи Тиллокорӣ номиданд. Ин биноест, ки мадрасаву масҷид дар як ҷо сохта шуданд: дар ҳар се тарафи ҳавлӣ ҳуҷраҳо ва дар тарафи чорум масҷид воқеъ гардидааст. Ҳамин тариқа, дар маркази шаҳри Самарқанд майдоне ба вуҷуд омадааст, ки як тарафаш кушод, се тарафаш бо се бинои мӯҳташами хушнамо зилат ёфта, бо номи Регистони Самарқанд маъруф гардидааст.

Дигар аз ёдгорҳои меъмории асри XVII маҷмӯи иморатҳоест, ки дар Бухоро воқеъ гардидааст. Яке аз амалдорони олимақоми он замон Надирдевонбеги фармуд. ки ҳавз, мадраса ва хонақоҳе созанд. Ҳоло ин макон бо номи “Лабиҳавз” ё худ “Лаби ҳавзи Девонбегӣ” маъруфу машҳур аст.

Дигар маҷмӯъаи меъмории дар асри XVII биноёфтаи Бухоро мадрасаест, ки муқобили мадрасаи Улуғбек бино ёфтааст. Ин мадрасаи Абдулазизхон мебошад. Ороиши ин блно бағоят зебо ва бодабдаба аст.

Аз ороишн биноҳо маълум мешавад, ки меъморҳо анъанаи ду қарни пешинаро давом додаанд, Дар ин аср комёбии устодони кандакории рӯи гаҷ назаррас аст. Дар ороиши иморатҳо аз ҳунари хотамкорӣ ва кошинкорӣ ба таври васеъ истифода мебурданд.

Сохтмони биноҳои гуногун дар вилоятҳои дурдасти тоҷикнишин низ ҷой доштанд. Маъруфтарини онҳо манораи мансуб ба номи Абдуллохон дар деҳаи Навгилеми ноҳияи Исфара, мақбараи Хоҷа Ҳотами Асомӣ дар ноҳияи Файзобод, мадрасаи Мирраҷаб Додхоҳ дар Конибодом, дарвозаи арки Ҳисор, якчанд бинои аз хишти пухта дар маҳалли Сари-Мазори Ӯротеппа ва дигарҳо мебошанл.

Дар кӯҳистони Помир якчанд биноҳо — қалъаи асрҳои XVII-XVIII боқӣ мондааст. Ин қалъаи Панҷ дар маҳалли Роштқалъа, қалъаи Бартанг дар Вахан, қалъаи Вомардар Рӯшон ва дигарҳо мебошанд. Аксар қалъаҳои Помир дар баландқӯҳҳо бино ёфтаанд, то ки барои душманон дастнорас бошанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …