Главная / Илм / ЛИПИДХО

ЛИПИДХО

lipidhoЛИПИДХО (аз юн. lipis – чарбу), як гурухи пайвастхои органики (моддахои равганмонанд), ки сохт ва хосиятхои гуногун доранд. Л. дар эфир, хлороформ, атсетон, бензин ва диг. халкунандахои органики хал мешаванд. Л. дар бофтахо вучуд дошта, дар раванди оксиду баркароршави организм иштирок мекунанд, сарчашмаи неруи чисм мебошанд. Фосфолипидхо, холестерин ва эфирхои он унсурхои мухимми мембранахои биологи махсуб мешаванд.
Ба Л. триглитсеридхо, терпенхо (монотерпенхо, дитерпенхо, каротиноидхо, стероидхо ва г.) мансубанд. Микдори Л. дар плазмаи хун 500 – 700 мг/100 мл (аз руи усули Уэрги) аст. Дар таркиби плазмаи хун афзудани микдори триглитсеридхо (гиперлипемия) далели халал ёфтани механизмхои ихроч намудани чарбу аз хун мебошад. Гиперлипемия (ё липемия) дар мавриди фарбехи, гипатити шадид, атеросклероз, нефрози липоиди, диабети канди ба мушохида мерасад.
Ихтилоли генетикии мубодилаи Л. дар организм сабаби сар задани беморихои ирси (липидозхо) мешавад, мас., бемории Тея-Сакс, бемории Норман – Ландинг, бемории Фарбер, бемории Ниманн – Пик, бемории Гоше ва г.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …