ЛЕЙКОДИСТРОФИЯ (аз лейко… ва trophe – тағзия), як гурӯҳи бемориҳои ирсии силсилаи асаб, ки дар аснои он моддаи сафеди мағзи сар зарар мебинад. Ба Л. лейкодистрофияи Шолтс – Гринфилд, лейкодистрофияи Пелисеус – Мертсбехер, бемории Александер ва ғ. мансубанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ дар синни ширхорагӣ, кӯдакӣ ё наврасӣ падид меоянд. Ихтилоли ҳаракат (атаксия, фалаҷӣ), нобиноӣ, деменсия, саръ ба мушоҳида мерасанд. Дар мавриди баъзе шаклҳои Л. мумкин аст силсилаи асаби канорӣ низ иллат пайдо кунад. Фарҷоми беморӣ бад аст.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …