Главная / Илм / ЛЕЙКОДЕРМА

ЛЕЙКОДЕРМА

leykodermaЛЕЙКОДЕРМА (Leucoderma; аз лекйко… ва дерма), сафедпӯстӣ, халал ёфтани ранги пӯст бинобар дар он кам ё тамоман нест шудани пигменти меланин. Дар мавриди Л. дар пӯст пайса (доғ)-ҳои андозаашон гуногун ба вуҷуд меоянд (ранги онҳо нисбат ба ранги пӯсти солим сафедча аст). Сабаби Л. бемориҳои илтиҳобии пӯст, ихтилоли асаб, халал ёфтани фаъолияти ғадудҳои дохилӣ ва ғ. мебошанд.
Л. ҳақиқӣ (касбӣ, доруӣ, сифилисӣ) ва дурӯғин мешавад. Л.-и дурӯғин дар ҷои изи захм, мас., псориаз, шукуфа ва ғ. боқӣ мемонад. Л.-и касбӣ бинобар таъсири моддаҳои химиявӣ, ки пигменти меланинро вайрон мекунанд, ба вуҷуд меояд. Он асосан дар одамоне, ки бо моддаҳои химиявӣ (мас., ҳосилаҳои гидрохинон) сару кор доранд ё бо дастпӯшаки резинӣ кор мекунанд, ба мушоҳида мерасад. Л.-и доруӣ мумкин аст дар сурати муддати мадид истифода бурдани фурасиллин инкишоф ёбад. Л.-и сифилисӣ аломати сифилиси дуюмини ресидивӣ буда, далели осеб ёфтани системаи асаб аст. Бештар дар занҳо ба мушоҳида мерасад (асосан дар гардан пайдо мешавад). Л. ҳамчунин шабакавӣ (доғҳо ба ҳамдигар омезиш ёфта, мисли шабака – тӯр мегарданд) ва мармарӣ (дар атрофи доғҳои сафед нуқта-нуқта ранги пӯсти солим боқӣ мемонад) мешавад.
Барои муолиҷа сабаби Л.-ро рафъ сохтан лозим аст. Л.-и сифилисӣ муолиҷаи махсус мехоҳад (ниг. Сифилис). Фарҷоми маризӣ хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …