Главная / Илм / ЛЕЙКОДЕРМА

ЛЕЙКОДЕРМА

leykodermaЛЕЙКОДЕРМА (Leucoderma; аз лекйко… ва дерма), сафедпусти, халал ёфтани ранги пуст бинобар дар он кам ё тамоман нест шудани пигменти меланин. Дар мавриди Л. дар пуст пайса (дог)-хои андозаашон гуногун ба вучуд меоянд (ранги онхо нисбат ба ранги пусти солим сафедча аст). Сабаби Л. беморихои илтихобии пуст, ихтилоли асаб, халал ёфтани фаъолияти гадудхои дохили ва г. мебошанд.
Л. хакики (касби, доруи, сифилиси) ва дуругин мешавад. Л.-и дуругин дар чои изи захм, мас., псориаз, шукуфа ва г. боки мемонад. Л.-и касби бинобар таъсири моддахои химияви, ки пигменти меланинро вайрон мекунанд, ба вучуд меояд. Он асосан дар одамоне, ки бо моддахои химияви (мас., хосилахои гидрохинон) сару кор доранд ё бо дастпушаки резини кор мекунанд, ба мушохида мерасад. Л.-и доруи мумкин аст дар сурати муддати мадид истифода бурдани фурасиллин инкишоф ёбад. Л.-и сифилиси аломати сифилиси дуюмини ресидиви буда, далели осеб ёфтани системаи асаб аст. Бештар дар занхо ба мушохида мерасад (асосан дар гардан пайдо мешавад). Л. хамчунин шабакави (догхо ба хамдигар омезиш ёфта, мисли шабака – тур мегарданд) ва мармари (дар атрофи догхои сафед нукта-нукта ранги пусти солим боки мемонад) мешавад.
Барои муолича сабаби Л.-ро рафъ сохтан лозим аст. Л.-и сифилиси муоличаи махсус мехохад (ниг. Сифилис). Фарчоми маризи хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …