Главная / Варзиш / Лахзае бо варзиш

Лахзае бо варзиш

Тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ шуморо хаста мекунанд. Дар натиҷа шумо бисёр хато мекунед, фаромӯшхотир мешавед, вазифаҳоро хуб дархотир нигоҳдошта наметавонед.

Тарзи хуби дур сохтани хастагӣ- лахзаи тарбияи ҷисмонӣ мебо- шад. Он аз машқҳо комплексӣ, ки ба гимнастикаи пагохирӯзӣ монан- данд, иборат аст. Агар шумо пас аз 20-25 дақиқаи корӣ хастагиро ҳис кардед, машқҳои зеринро иҷро кунед.

Комплекси 1 (расми 29)
(Дар холати рост истодан)

1.     Ангуштонатонро мушт кунед, дастҳоро ба боло бардошта, ангуштонро кушоед, баданатонро рост кунед, ба ангуштони дастон нигох кунед (нафас кашед) сипас, ба ҳолати аввала баргардед (нафас бароред) 4-6 маротиба.

Расми 29
Расми 29

2.   Дастхо дар миён. Дастҳоро дар пеши худ доред (нафас кашед), зуд бо суръат шинед (нафас бароред) ба холати аввала баргардед. 4-6 маротиба.

3.   Дастхо ба ду тараф. Дастхоро ба боло бардоред (нафас кашед), ба пеш каме хам шавед, нӯги ангуштонро ба нӯги пойҳо расонида нафасбароред. 3-6 маротиба.

Комплекси 2 (расми 30)

Расми 30
Расми 30

1.  Дастҳоро ба боло бардошта, қомататонро рост кунед, тахта- пуштро ба тарафи қафо хам кунед (нафас кашед), дасгхоро фуроред (нафас барорнд) 2-3 маротиба.

2.  Ба гӯшаи курсӣ нишаста, худро ба пушт партоед, пойҳоро рост карда (нафас кашед) ба ҳолати аввала баргардед ва 2- маротиба нафас бароред.

3.   Дастхо дар миён. Баданро бо суръат ба ду тараф тоб диҳед, 2-3 маротиба.

Ҳангоми дуру дароз хондан ё навиштан мушакҳои даст хаста мешаванд, барои хамин ҳар вақт ангуштони дастро кушодану пӯшидан вабанди дастротакондодан лозимаст.

Барои он ки чашмхо хаста нашаванд, иҷрои машқҳои дар қисми «узвхои ҳис» ҷойдодашударо тавсия менамоем. Иҷрои чунин машқҳо наздикбиниро пешгирӣ мекунанд.

Андешаҳои пешина, ки гӯё дар муддати 1 рӯзи корӣ барои барқа- рор намудани фаъолияти кории узвҳои бадани хонандагони синфҳои ибтидоӣ 1-2 дақиқаи тарбияи ҷисмонӣ кифоя аст, ба ҳақиқат рост меояд.

Дар баъзе холатхо, дар хафтахои аввалини дарсхонӣ ва дар охир! рӯзи дарозкардашуда дар давоми 1 дарс 1-2 маротиба гузаронидаш дақиқаи тарбияи ҷисмонӣ муфид аст.

Олимон чунин хулоса намудаанд, ки давомнокии диққати хонан дагони хурдсол дар як вақт 15-20 дақиқаро ташкил медиҳад. Пас аз 30 35 дақиқаи дарсҳои пайдарпай фаъолияти кории онхо суст шуда фои данокии фаъолияти онҳо то 37% паст мешавад, сифати кор бошад то 5< % паст мешавад. Дар ин ҳолат наздики 50 % хонандагон ба дарсҳ< диққат намедиҳанд.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …