Главная / Илм / КУЗОЗ

КУЗОЗ

kuzozКУЗОЗ (Tetanus), косашиканак, дарди шахак, як навъ бемории ниҳоят вазнин. Аз замонҳои қадим маълум мебошад. Аломатҳои К.-ро бори аввал Буқрот (Гиппократ) тавсиф кардааст, зеро писари ӯ аз ҳамин беморӣ фавтида буд. Солҳои пеш пайдоиши К.-ро ба осеб ва захм бардоштан вобаста мекарданд. Он хусусан дар давраҳои ҷангу хунрезиҳо авҷ мегирифт.
Ангезандаи беморӣ Clostridium tetani мебошад; дарозиаш 4 – 8 ва бараш 0,3 – 0,8 мкм. Ангезанда спора ҳосил мекунад, ки шакли он ба назорачӯб монанд аст. Спораҳо ба таъсири омилҳои химиявӣ ва табиӣ устуворанд. Онҳо дар таркиби наҷосат, хок ва ғ. солҳои зиёд маҳфуз мемонанд. Спораҳо дар шароити анаэробиоз (дар ҳарор. 37°С), мавҷудияти намии кофӣ ва бактерияҳои аэробӣ (стафилококкҳо, бактерияҳои хасбеда ва ғ.) нумӯ ёфта, ба шаклҳои нашвӣ (вегетативӣ) мубаддал мегарданд. Cl. tetani ҳаракат мекунад (20 адад қамчинак дорад).
Заҳри ангезандаи К. мансуби экзотоксинҳо буда, аз тетаноспазмин (хосияти нейротоксинро дорад) ва тетаногемолизин (эритроситҳоро ҳал мекунад) иборат аст. Фаъолияти токсин зери таъсири гармӣ, рӯшноии офтоб ва ишқорҳо зуд барҳам мехӯрад. Ферментҳои роҳи меъдаву рӯдаҳо токсинро таҷзия намекунанд. Вале вай тавассути луобпардаи рӯда ҷаббида намешавад, бинобар ин дар мавриди ба даҳон афтодан, безарар аст.
Ангезандаи К. дар табиат фаровон аст. Дар рӯдаи ҳайвоноти алафхор ва одам зиндагӣ мекунад. Тавассути наҷосат ба хок гузашта, ба спора табдил меёбад. Барои зисти он хусусан хоки намнок мусоид аст.
Спораҳо (гоҳо шаклҳои нашвии ангезанда) аз хок ба сару либос ва бадани одам афтода, дар мавриди андаке захмдор шудан ё харош ёфтани пӯст ва луобпардаҳо боиси сар задани беморӣ мегарданд. К. хусусан дар натиҷаи харошида шудани пӯсти пой бештар ба вуқӯъ мепайвандад. Пои бараҳна гаштан, ба кафи пой халидани хор ё ягон чизи тез барои сирояти ангезандаҳои К. шароити мусоид фароҳам меоранд.
Ангезандаҳои К. асосан аз ҷойҳои захмдори пӯст вориди организм мешаванд. Хусусан захмҳои чуқур, ки барои афзоишу ихроҷи заҳри ангезандаҳо мувофиқанд, хавфи калон доранд.
Заҳр тавассути торҳои асаби канорӣ ва ҷараёни хун ба ҳароммағз, мағзи дарозрӯя ва ташкилаи мушаббаки (фарматсияи ретикулярӣ) тана меравад. Дар натиҷа нейронҳои васатии камонҳои рефлектории полисинапсӣ фалаҷ мешаванд. Бинобар ин ҷунбаҳо (импулсҳо) аз нейронҳои муҳаррик (мотонейронҳо) ба мушакҳо муттасил ва бенизом меоянд ва боиси ҳамеша дар ҳолати таранҷиш будани тонуси мушакҳои скелет мегарданд. Дар натиҷаи пӯрзур гаштани сели ҷунбаҳои марказрав (афферентӣ), ки ба ангезаҳои номахсус (садо, рӯшноӣ, бӯй ва ғ.) вобастаанд, ташаннуҷ ба вуҷуд меояд. Густариш ёфтани раванди беморӣ ба афзудани ҳаяҷони қишр, сохторҳои ретикулярии майна, иллати маркази нафаскашӣ ва ҳаста (ядро)-и асаби гумроҳ мусоидат мекунад.
Бинобар рух намудани алоими ташаннуҷ, ки дар навбати хеш ташаннуҷҳои тонусӣ ва кузозиро тақвият медиҳад, асидози мубодилавӣ инкишоф меёбад. Баъди аз сар гузарондани К. масуният (иммунитет) ҳосил намешавад. Масунияти устувор фақат дар натиҷаи моякӯбӣ бо анатоксин ба вуҷуд меояд.
Аз сабаби ташаннуҷ мумкин аст шикастани устухон, хусусан устухони сутунмӯҳра (тетанускифоз), даридани мушаку пайҳо ба вуқӯъ пайвандад.
К. вобаста ба даромадгоҳи ангезаҳо се хел мешавад: 1) осебӣ (баъди захм, ҷарроҳӣ, таваллуд, дору фиристодан, сӯхтан ва барқ задан падид меояд; 2) илтиҳобӣ ва захмӣ (яра, кафидани омосҳо); 3) криптогенӣ (даромадгоҳи ангезаҳояш номаълум).
Маризӣ чор давра дорад: ниҳонӣ, оғоз, авҷ ва шифоёбӣ. Давраи ниҳонии К. 5 – 14 рӯз, гоҳо 1 – 4 ё то 30 рӯз аст. Аломатҳои пешхабари беморӣ сардард, пурҳаяҷонӣ, асабоният, серарақӣ ва паридани мушакҳои атрофи яра мебошанд. Бисёр вақт беморӣ шадид оғоз меёбад. Яке аз аломатҳои нахустини К. шах шудани ҷоғ аст (кушодани даҳон душвор мегардад). Ҳамзамон бо ин мушакҳои рӯй кашиш хӯрда, мариз ба худ қиёфаи махсус – табассуми гиряолуд мегирад (табассуми сардоникӣ – risus serdonicus); пешонӣ пурчин, даҳон боз, кунҷи лабҳо овезон аст. Дар айни замон аломатҳои дигар низ пайдо мешаванд: фурӯ бурда натавонистани луқма (бинобар кашиш хӯрдани мушакҳои гулӯ), дарди мушакҳои паси гардан ва ғ. Мушакҳо аз боло ба поён, яъне аз мушакҳои гардан сар карда то мушакҳои тахтапушт, шикам, дасту пойҳо мепаранд. Вобаста ба таранҷиши ин ё он гурӯҳи мушакҳо, ҷисми мариз ҳолати гуногун мегирад (tetanus acrobaticus). Бинобар ташаннуҷи сахти мушакҳои тахтапушт сар қафо меравад, мариз дар рӯи бистар мисли камон қат шуда, фақат ба гардан ва кафи пой такя мекунад (opistotonus). Минбаъд мумкин мушакҳои дасту по ва мушакҳои шикам низ кашиш хӯрда, ба монанди чӯб сахт бигарданд. Мариз бардорузан мекунад, меларзад.
Ташаннуҷ аз чанд сония то чанд дақиқа давом карда, бемор аз ҳолат меравад. Дар мавриди сабук будани беморӣ ташаннуҷи мушакҳо рӯзе 1 – 2 маротиба, дар лаҳзаҳои вазнин бошад, беист (дар тӯли як соат даҳҳо маротиба) ба вуҷуд меояд. Ҳини хурӯҷи ташаннуҷ рӯи беморро арақи дона-дона пахш мекунад, аз чеҳра осори андӯҳ падид меояд, ранги рӯ кабудча, ҷисм камоншакл мегардад, тарҳи мушакҳои гардан, бадан ва даст баръало намуда меистад. Мариз ба ҳарос афтода, дандон мехояд, аз дард нолиш мекунад. Ташаннуҷи мушакҳои нафас, роғи овоз ва диафрагма нафаскаширо якбора табоҳ сохта, мумкин боиси фавти мариз гардад. Дар чунин ҳолатҳо бемор, одатан, аз ҳуш намеравад, ки ин шиканҷаи ӯро дучанд месозад. Шахс бехобӣ мекашад, доруҳои хобовар таъсир намерасонанд.
К. 4 дараҷа дорад: бисёр вазнин (дараҷаи IV); вазнин (дараҷаи III); миёна (дараҷаи II); сабук (дараҷаи I).
К.-и сабук хеле кам дучор меояд. Давраи ниҳонии он зиёда аз 20 рӯз аст. Аломатҳои маризӣ баъди 5 – 6 рӯз падиди меоянд. Давраи ниҳонии К.-и вазниниаш миёна 15 – 20 рӯз мебошад. Аломатҳои саририи он дар муддати 3 – 5 рӯз инкишоф меёбанд. Гоҳо ҳарорати бадан баланд мешавад. К.-и вазнин давраи ниҳонии нисбатан кӯтоҳ (7 – 14 рӯз) дорад. Аломатҳои саририи беморӣ хеле зуд, дар зарфи 24 – 48 соат рух менамоянд. Дар аснои К.-и ниҳоят вазнин давраи ниҳонии маризӣ аз 7 рӯз кам аст. Беморӣ ба таври барқосо бо тахикардияи сахт, тахипноэ, ташаннуҷи сахт ва пай дар пай, сианоз, буғишавӣ оғоз меёбад.
К.-и сари Бруннер ё К.-и «булварӣ» яке аз шаклҳои вазнинтарини маризӣ буда, ҳангоми он қисмҳои болои майнаи дарозрӯя ва ҳароммағз (маркази нафаскашӣ, ҳастаи асаби гумроҳ ва ғ.) иллат меёбанд. Бемор дар натиҷаи фалаҷи дил ё нафаскашӣ мефавтад.
К.-и гинекологӣ низ хеле вазнин аст. Вай баъди исқоти ғайриқонунӣ ё дар хона таваллуд кардани кӯдак ба амал меояд. Оқибати чунин бемориҳо, одатан, нохуш мебошад.
К.-и навзодон ҳам бисёр вазнин сурат мегирад. Асосан дар натиҷаи сироят ёфтани ноф сар мезанад (90 – 100 фоизи чунин маризон мефавтанд).
Ба оризаҳои К. бронхит, пневмония, уфунат (сепсис), даридани мушакҳо, кандани пай, шикастану баромадани устухонҳо, сактаи дил, фалаҷи мушаки дил, тахикардия, гипотония, каҷ шудани сутунмӯҳра, фалаҷи асабҳои косахонаи сар ва ғ. мансубанд.
Баҳри ташхиси К. ба назар гирифтани зарбу лат ва захмҳои пешина низ муҳим аст. Аз аломатҳои маъмул ба эътибор гирифтани ҳаяҷонпазирии рефлексӣ, бисёр арақ кардан, табассуми «масхараомез», шах шудани ҷоғ (тризм) аҳамияти калон доранд.
Муолиҷаи К. бояд комплексӣ бошад: 1) нест кардани ангезандаҳо дар манбаъҳои аввалини сироят; 2) безарар гардондани заҳре, ки ба хун афтодааст; 3) табобати ташаннуҷ; 4) ҳифз кардани амалҳои асосии барои ҳаёт муҳимми организм; 5) пешгирии гипертермия, асидоз, талафи об; 6) пешгирӣ ва табобати оризаҳо; 7) истеъмоли хӯроки серғизо, нигоҳубини дуруст.
Тамоми захму ҷароҳатҳо бояд дуруст тоза ва безарар гардонда шаванд. Бо мақсади ба организм камтар афтодани заҳр атрофи захмро бо зардоби зидди кузоз «сӯзан задан» лозим. Амалиёти ҷарроҳӣ бояд зери наркоз гузаронида шавад, то ки эҳсоси дард боиси хурӯҷи ташаннуҷ нагардад.
Заҳрро дар организм бо истифода аз зардоби зидди кузози асп безарар мегардонанд. Зардоб як маротиба ба мушак фиристода мешавад (барои калонсолон 100000 – 150000 МЕ, барои навзодон 20000 – 40000 МЕ, барои кӯдакони калонтар 80000 – 100000 МЕ).
Яке аз позаҳрҳои беҳтарин иммуноглобулини зидди К.-и одам ба шумор меравад. Вояи муолиҷии он 900 МЕ (6 мл) буда, як маротиба ба мушак фиристода мешавад.
Бо мақсади пешгирии ташаннуҷ қабл аз ҳама ангезандаҳои беруниро, ки сабаби хуруҷи беморӣ мешаванд, бартараф кардан лозим аст. Барои ин бемор дар утоқи алоҳидаи ҳатталимкон ором ҷой дода мешавад. ӯ бояд ҳамеша зери назорати духтур бошад. Аз доруҳои таскинбахш ва миорелаксантҳо, ки бо силсилаи асабҳои марказӣ таъсир расонда тонуси мушакҳоро суст менамоянд, истифода бурда мешавад.
Дар мавриди К.-и сабук ва миёна муолиҷаро аз ҳуқнаи хлоралгидрат (дар ҳар ҳуқна 1,5 – 2 г) оғоз менамоянд. Мариз дар як шаборӯз 3 – 4 маротиба ҳуқна (клизма) карда мешавад.
Ташаннуҷи сахт ва ихтилоли нафаскаширо ҳангоми К.-и дараҷаи III метавон бо роҳи тазриқи вояи зиёди нейролептикҳо (одатан якҷоя бо тазриқи дохилимушакии барбитуратҳо) рафъ бинмуд. Дар мавриди К.-и вазнин (дараҷаи IV) воситаи ягонаи босамар релаксантҳои мушак (хоса тубокурарин) ба шумор мераванд. Самараи релаксантҳоро истифодаи диазепам, барбитуратҳо ё оксибутирати натрий меафзояд. Барои бартараф сохтани асидоз, ихтилоли мубодилаи обу намак ва сафедаҳо маҳлулҳои ишқоррон, маҳлулҳои полиионӣ, плзмаи хун, албумин ва доруҳои дигар кор фармуда мешаванд. Барои табобати К. ҳамчунин нигоҳубини дуруст ва хӯроки серғизо муҳим аст.
Барои пешгирии К. ҳамаи кӯдакони аз 5 – 6-моҳа то 12-сола, ҳамчунин хонандагони мактабҳо, коргарони саноати мудофиа, сохтмончиён, варзишгарон, заминковон ва коргарони роҳи оҳан ҳатман бо анатоксин моякӯбӣ карда мешаванд. Кӯдаконро бо ваксинаҳои АКДС ва АДС, ки муқобили сурфакабӯтак ва гулӯзиндонак низ масуният ҳосил мекунанд, моякӯбӣ менамоянд. Одамони калонсол бояд ду маротиба моякӯбӣ бишаванд. Анатоксин (0,5 мл) ба зери пӯст бо фосилаи як моҳ (байни ҳар тазриқ) фиристода мешавад. Моякӯбии такрори (реваксинатсия)-и аввалин пас аз 9 – 12 моҳи моякӯбии якум, моякӯбиҳои такрории минбаъда пас аз 5 – 10 сол (бо ҳамон воя) сурат мегирад.
Ҳини сар задани хавфи инкишофи К. (дар мавриди захмдор шудан, сӯхтагии дараҷаҳои II ва III, сармозании дараҷаҳои II ва III, дар хона зоидан, ҷарроҳии роҳи меъдаву рӯда) ҷилавгирии оҷили он зарур аст. Бо ин мақсад ба одамоне, ки моякӯб шудаанд 0,5 мл анатоксини кузоз гузарондан кофист. Ба ашхосе, ки моякӯбӣ нашудаанд, 1,0 мл анатоксини К.-ро бо 3000 МЕ зардоби зидди К. (новобаста ба синну сол) якҷоя (аммо бо сӯзандоруи алоҳида ва дар дигар ҷои бадан) мефиристанд. Ба мушак фиристодани гамма-глобулини донорӣ (то 3 мл) низ равост.

Х. Қ. Қамардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …