Главная / Ҷамъият / Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №23, мод. 340; соли 2000, №11, мод. 533; мод. 552; соли 2004, №2, мод. 37; мод. 53; соли 2005, №3, мод.118; №7, мод. 408; №12, мод.653; соли 2007, №  , мод. )

Бинобар ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

tank

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 1993 «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993 с, №14, м.285) тағйирот ва иловаҳо ворид намуда дар таҳрири зайл баён карда шавад.   

ҚОНУНИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принципҳои ташкил  ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. 

Моддаи 1. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъминоти он

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ буда, дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.

 

Моддаи 2.  Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;

ҳифзи фазои ҳавоии давлат;

муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;

ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;

иштирок  дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд.

Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъиноти онҳо  вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.

Моддаи 3. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии  байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон  онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 4. Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принципҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоанд:

қонуният ва адолати иҷтимоӣ, ҳисоботдиҳӣ ба мақомоти олии ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия;

яккасардорӣ, риояи интизомии ҳарбӣ, таҳияи дастаҷамъонаи қарорҳо ва идоракунии мутамарказ;

омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ;

ӯҳдадории умумии доимии шаҳрвандон ва ихтиёрӣ ба хизмат даромадан;

нигоҳдории сирри давлатӣ;

таъмини кафолатноки ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо.

 

Моддаи 5. Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро инҳо ташкил медиҳанд:

қӯшунҳои хушкигард;

қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи  зиддиҳавоӣ;

қӯшунҳои зудамал.

Ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳо, воҳидҳо ва сохторҳои дигаре, ки фаъолияти онҳо бо таъиноти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амалиёти онҳо алоқаманд нест, дохил шуда наметавонанд.

Дар давраи ҷанг ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полки посбоникунандаи Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси  назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дохил мешаванд.

Моддаи 6. Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пуррагардонии сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ ба тартиби ихтиёрӣ, аз рӯи шартнома, инчунин дар асоси даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо ҳайати ғайриҳарбӣ пурра карда мешаванд. Феҳристи вазифаҳое, ки шахсони ғайриҳарбӣ ишғол менамоянд, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии ҳайати  ғайриҳарбӣ бо фармондиҳии ҳарбӣ вобаста аз вазифаи ишғолкардаашон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат тартиб дода мешаванд.

Ҳайати ғайриҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад иттиҳодияҳои касбӣ ташкил намоянд.

 

Моддаи 7. Роҳбарӣ ва идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузошта шудаанд, масъул мебошад.

Вазифаи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишинҳои ӯ ва шахсони дигари масъули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳолатҳои истисноӣ шахсони ғайриҳарбӣ ишғол карда метавонанд.

Вазифаҳо ва ваколатҳои Вазорати мудофиа ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ин Қонун, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. Барои амалӣ намудани онҳо дар  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсатҳо ва хадамоти дахлдор ташкил карда мешавад. Идоракунии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ситодҳои дахлдор сурат мегиранд.

Барои роҳбарӣ ва идоракунии қӯшунҳо, таълими ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

Моддаи 8. Идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақоми асаосии идоракунии амалии қӯшунҳо Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки:

– нақшаи истифодабарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои сафарбарӣ ва нақшаи ба таври фаврӣ таҷҳизонидани қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба манфиати  мудофиаи мамлакат таҳия  менамояд;

– оид ба докторинаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохт, ҳайат ва ҷойгиршавии қӯшунҳо, таъмини онҳо бо силоҳ ва техникаи ҳарбӣ пешниҳодҳо таҳия мекунад;

– идоракунии амалии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом  медиҳад;

– фаъолияти разведкаро ба манфиати мудофиа ва амният ба роҳ мемонад;

-тайёрии сафарбарӣ ва ҷойгиркунонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;

– тайёрии зарури ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нигоҳ медорад;

– омодагии амалии ситодҳо ва қӯшунҳоро ташкил менамояд;

– тадқиқоти илмию ҳарбии дорои хусусияти  амалии  стратегиро ба роҳ мемонад;

– нигоҳдории сирри давлатиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;

– дигар ваколатҳоро мутобиқи низомномаи дахлдор иҷро мекунад.

Моддаи 9. Ҷойгиронӣ ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойгиронии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои мудофиа ва имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амаӣ мегардад.

Плани ҷойгиронии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад ва бо пешниҳоди Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ мегардад.

Тағйирдиҳии ҷои қӯшунҳо дар ҳудуди қаламраве, ки барои истифодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, аз тарафи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти иҷроияи дахлдор сурат мегирад.

Ҷойгироӣ ва истифодабарии қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя) дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.  

Моддаи 10. Ҳамкорӣ ва амали якҷояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар ва воҳидҳои дигари ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи давлатҳои дигар дар соҳаи мудофиа, ҳифзи сулҳу амният, инчунин соҳаи сохтмони ҳарбӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд.

Як қисми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ӯҳдадории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ризояти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҷаласаи якҷоя), дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи муттаҳида дохил шуда ё таҳти фармондеҳии муттаҳида қарор гирифта метавонад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бо дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд.

Моддаи 11. Фаъолияти хоҷагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурате ба фаъолияти ҳоҷагӣ машғул шуда метавонад, ки он ба тайёрии ҳарбӣ ва қобилияти  ҷангиашон таъсир нарасонад.

Тартиби амалӣ намудани фаъолияти ҳоҷагӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 12. Маҳдуд намудани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои дигар дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар  Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятие, ки вазифаи ҳимояи ҷамъиятӣ, тарбияи ҳайати шахсиро доранд ва шахсони юридикӣ нестанд, ташкил ёфта метавонанд.

Дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани сохторҳои ташкили ва фаъолияти ҳизбҳо, дигар иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ, ки мақсадҳои сиёсӣ доранд, инчунин таблиғи идеологияи онҳо  манъ аст.

Истифодаи мансабҳои штатӣ ва воситаҳои молии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили сохторҳо ва фаъолияти ҳар гуна созмонҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои дигар ғайр аз онҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, манъ аст. Бурдани ҳамагуна таблиғоти сиёсӣ дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Моддаи 13. Таъмини қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорат ба қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ӯ сурат мегирад.

Ҳимояи ҳуқуқи ҳизматчиёни ҳарбӣ, баррасии парвандаҳои ҷиноӣ ва гражданӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи судҳои ҳарбӣ амалӣ мегардад.

 

 

                 Президенти

         ҶумҳурииТоҷикистон                                                                                     Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996,

№ 316

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …