Главная / Илм / КУРОРТ

КУРОРТ

kurortКУРОРТ, махаллеро гуянд, ки дорои омилхои муоличавии табии (чашмахои минерали, лои шифобахш, иклими хос ва г.) буда, иншоотхои гидротехники, балнеотехники, санаторияхо ва диг. муассисахои табобатию истирохати мавчуданд. К.-хо мувофики хусусияти омилхои муоличави ба се гурух чудо мешаванд: балнеологи, лойкашифои, иклимшифои. Аксари К.-хо чанд омилхои табобати доранд: балнеологию лойкашифои, балнеологию иклимшифои, иклимию балнеологию лойкашифои ва г.
Дар К.-хои балнеологи омили асосии муолича оби минерали буда, онро барои обзан (ванна), душ, оббози, нушоки (обхои дорои хлорид, гидрокарбонат, сулфати натрий, калсий, магний ва г.), инчунин ингалятсия, имола, гаргара ва г. истифода мебаранд. Дар курортхое, ки лои шифобахш доранд, лойкаи тахнишасти кулхои шур, лойкаи торфи кулхо, баъзан лойкаи вулкониро ба кор мебаранд. Дар курортхои иклимшифои (климатотерапия) аз хусусиятхои табобатии иклим истифода мекунанд, ки он ба мавкеи географию шароити махал, наботот ва баланди (аз сатхи бахр) вобаста мебошад. Усулхои асосии табобат дар К.-хои иклимшифои ваннахои хавои ва офтоби, оббози ва г. мебошанд.
К.-хоро дар лаби бахр, кух, хамвори, чангал, дашт, бешадашт месозанд. Ба баъзе К.-хо иклими нимбиёбон ва биёбон хос аст.
Дар К.-хо нафакат аз омилхои муоличавии табии истифода мебаранд, балки тадбирхое низ андешида мешаванд, ки ба устувории организм бар зидди беморихо ва таъсироти ногувори иклим мусоидат мекунанд. Барои афзун гардондани таъсири омилхои табобати, гайр аз усулхои асосии муолича (балнеотерпия, муолича бо лой, климатотерапия), хамчунин тадбирхои физиотерапевтива варзиши шифои низ кор фармуда мешаванд. Дуруст интихоб намудани беморон барои табобати санаторию курорти ахамияти калон дорад. Муолича дар К. бояд мувофики тавсияи тибби гузаронда шавад.
Хангоми баъзе беморихо (мас., сил), баъди сактаи дил (инфаркти миокард) ва чаррохи муолича дар санаторияю курортхое, ки ба иклими онхо беморон одат кардаанд, бехтар аст. Ин гуна беморонро дар санаторияхои махалли ва махсус (табобати беморихои сил, меъдаву руда, асаб ва г.) табобат бояд кард. Пеш аз ба К. рафтан, албатта маслихати духтури муоличро гирифтан лозим.
Точикистон бо конхои оби минерали, лои шифобахш ва мавзеъхои табобатии иклиму табиаташон хархела шухрат дорад.
Омилхои асосии муоличавии К.-и иклимию балнеологии Хочаобигарм (таъсисаш с. 1934) иклим, оби минерали ва буги радонии гарм мебошанд. Курорти мазкур дар баландии 1790 – 1960 м аз с. б. вокеъ гардидааст. Омилхои муоличавии К.-и Обигарм (таъсисаш 1946), ки дар баландии 1200 – 1380 м аз с. б. чой гирифтааст, иклим, оби минералии радонии суст мебошанд. Дар К.-хои Хочаобигарм ва Обигарм амрози занона, пуст, силсилаи асаб, узвхои харакат, гардиши хун ва г. табобат карда мешаванд. К.-и балнеологии Шомбари дар каламрави нох. Хисор вокеъ гаштааст. Харор. оби минералии он 37 – 420С мебошад. Дар К.-и Шомбари узвхои хозимаро муолича мекунанд.
Дар байни омилхои муоличавии табиии Точикистон обхои минералии Гармчашмаи нох. Ишкошим, Хавотоги нох. Истаравшан, чашмаи назди агбаи Анзоб, инчунин гили кулхои Оксукони нох. Ашт ва Танобчии нох. Шурободро, ки дар муассисахои муоличавии диг. истифода мешаванд, низ кайд кардан зарур аст.
К.-хои чумхури барои пешгирии бисёр беморихо ахамияти калон доранд. Ин хоса барои онхое мухим аст, ки сафар кардан ба рохи дур ва мутобикат ба шароити иклими нав барояшон душворихо эчод мекунад. Бино ба маълумоти дерматологхои чумхури дар шароити К.-хои Точикистон 80 – 90%-и беморони гирифтори амрози пустро метавон муолича намуд. Катъи назар аз он ки тиб дар ихтиёри худ давохои гуногун дорад, ахамияти муоличавии К.-хо беш аз пеш меафзояд. Зери таъсири омилхои иклимшифои ва балнеологи ночурихои фаъолияти организм нисбатан пурра баркарор мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …