Главная / Ҷамъият / КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ТАРИФ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ТАРИФ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Замиман 1 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “27” майи соли 2017, № 259

energetika

1. Муқаддима

  1. Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Консепсия) ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқӣ, усулҳо, роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳо ва самтҳои асосии ислоҳоти тарифҳои нерўи барқро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.
  2. Консепсияи мазкур тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2015, №АП-594 дар доираи Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”, ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 тасдиқ гардидааст, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ таҳия карда шудааст.
  3. Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 ва аз 2 июли соли 2015, № 427, инчунин созишномаҳои қарзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои молиявии байналмилалӣ барои таъмини пурра ва боэътимоди истифодабарандагони нерўи барқ бо роҳи ҷорӣ намудани муносибатҳои тиҷоратӣ ва дар ин замина ноил шудан ба худтаъминкунии молиявии соҳаи энергетикаи барқии кишвар ва рушди минбаъдаи он равона карда шудааст.
  4. Консепсия ба нишондиҳандаҳои дурнамои истеҳсол ва истифодаи неруи барқ дар Тоҷикистон асос ёфта рушди минбаъдаи соҳаи энергетикаи барқиро муайян мекунад ва дар он манфиатҳои миллии Тоҷикистон, манфиатҳои шахсии шаҳрвандон ва манфиатҳои ҷомеа ҳарчӣ пурратар ба инобат гирифта шудаанд.
  5. Консепсия масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои аҳолиро тариқи ба ҳамаи гурўҳҳои истифодабарандагон муайян намудани тарифҳои аз нигоҳи иқтисодӣ асоснок ва ҳамзамон таъминкунандаи ҳифзи манфиатҳои корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетикаи барқиро низ инъикос менамояд.
  6. Бо дарназардошти нақши муҳими неруи барқ дар таъмини некўаҳволии мардум, Консепсияи мазкур масъалаҳои дастрасии гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ ба неруи барқ, ҳимояи иҷтимоии онҳо тариқи андешидани чораҳои зарурии молиявӣ, инчунин муқаррар намудани тарифҳои гуногунро пешбинӣ менамояд.

2. Вазъи ҷории танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқӣ

  1. Принсипҳои асосии танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқӣ аз риояи мувозинати манфиатҳо, дастрас будани неруи барқ ва мустақилияти корхонаҳои соҳа, ки хизматрасонии неруи барқро таъмин менамоянд, иборат буда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи монополияҳои табиӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” инъикос гардидаанд.
  2. Тарифҳои дар соҳаи энергетикаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда барои таъмини пурраи мустақилияти иқтисодии сохторҳои бо хизматрасонӣ оид ба таъминоти неруи барқ машғулбуда ва ба фаъолияти самараноки низоми таъминоти барқ мусоидат намекунанд. Тарифҳои амалкунандаи фурўши неруи барқ хароҷоти корхонаҳои соҳаи неруи барқро ба пуррагӣ руйпўш намекунанд. Ба ғайр аз ин, ба танзими нархгузории ҷорӣ мавҷуд будани кўмаки молиявии мутақобилан интиқоли неруи барқ хос аст. Тарифҳои амалкунандаи хизматрасонии неруи барқ барои гурўҳҳои алоҳидаи истеъмолкунандагон аз ҳамдигар хеле фарқ дошта, ҳамзамон ин тарифҳо хароҷоти марбут ба ннтиқоли неруи барқро ба ҳар як ин гурўҳи алоҳида ба пуррагӣ инъикос намекунанд, ки ин зарурати қабули Консепсияи мазкурро ба миён меорад.
  3. Тарифҳои амалкунанда ба фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаи таъмини неруи барқ, ҳамчунин қисми даромади буҷети давлатӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва метавонанд дар оянда боиси пеш омадани мушкилиҳо дар таъмини талаботи рўзафзуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо неруи барқ гардад.
  4. Танзими тарифии ҷорӣ имконият намедиҳад, ки барои рушд ва навсозии инфрасохтори соҳаи энергетикаи барқӣ сармоягузории устувор равона карда шавад, ки ин дар оянда метавонад сабаби паст шудани эътимоднокии таъминоти неруи барқ, паст шудани сифат ва талафоти калони неруи барқ ва ба паст шудани самаранокии дар маҷмўъ соҳаи энергетикаи барқӣ оварда расонад.
  5. Барои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар таъмини боэътимод ва босифати истифодабарандагон бо неруи барқ, ҳифзи аҳолӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз дигаргуниҳои эҳтимолии харобиовари иқтисодӣ зарурати гузаронидаии ислоҳоти танзими тарифҳои хизматрасонии неруи барқ ба миён омадааст. Бинобар ин, қабули Консепсияи мазкур дар робита бо таҷдиди сохтори идоракунии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”, ки таҳияи методологияи нави танзими тарифҳоро барои корхонаҳои самтҳои алоҳидаи фаъолият (истеҳсол, интиқол ва тақсимот) пешбинӣ менамояд, хеле муҳим ва зарур арзёбӣ мегардад.

3. Мақсад ва вазифаҳои Консепсия

  1. Консепсияи мазкур бо мақсади ҷорӣ намудани танзими самараноки тарифии (нархгузории) соҳаи хизматрасонии неруи барқ ва таъмин намудани бехатарии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
  2. Мақсаду вазифаҳои асосии Консепсия иборатанд аз:

– таъмини мувозинати манфиатҳои истеъмолкунандагон ва корхонаҳои таъминкунандаи неруи барқ тавассути муқаррар намудани тарифҳое, ки хароҷоти воқеии корхонаҳоро бо дарназардошти масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ инъикос менамоянд;

– тадриҷан даст кашидан аз кўмаки молиявии мутақобилаи истеъмолкунандагони неруи барқ;

– таъмини устувории молиявии корхонаҳои соҳаи энергетикаи барқӣ ва ҷалби сармоя;

– мусоидат дар шаффофият, мувофиқа ва пешгўишавандагии танзими тарифӣ ва кам намудани хавфҳои танзимкунанда;

– мусоидат ба гузаронидани муҳокимаҳо бо истеъмолкунандагон ва пешниҳоди маълумот дар бораи қабули қарорҳо оид ба тарифҳо;

– ҳавасмандгардонии рақобат ва самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳа, баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии таъмини неруи барқ ва бо ин васила сабук кардани таъсири марбут ба баландбардории тарифҳо ба истеъмолкунандагон, аз ҷумла ба гурўҳҳои осебпазири аҳолӣ.

4. Принсипҳое, ки муайянкунии даромади молиявии корхонаҳои соҳаи энергетикаи барқиро танзим менамоянд

  1. Консепсияи мазкур принсипҳои асосии муқаррар намудани даромади зарурии молиявии ҳаман корхонаҳои танзимшавандаи соҳаи электроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба истиснои нерўгоҳҳои барқии обии Сангтўда-1 ва Сангтўда-2, ки даромади онҳо дар асоси созишномаҳои алоҳидаи сармоягузорӣ танзим мегардад, инчунин иншооти энергетикаи барқие, ки идоракунии онҳо айни замон дар доираи созишномаҳои консессионӣ амалӣ мешавад (аз ҷумла ширкати “Помир Энерҷи”), пешбинӣ менамояд.
  2. Тибқи ин принсипҳо маҷмўи даромади зарурии корхонаҳои танзимшаванда аз ҷузъҳои асосии зерин иборат аст:

– хароҷоти истеҳсолӣ барои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ;

– ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ (фарсудашавии воситаҳои асосӣ);

– хароҷоти дигари ба ҳисоб гирифтанашуда;

– даромад аз сармоягузорӣ.

§1. Хароҷоти истеҳсоли барои истифодабарӣ ва хизматрасонии техникӣ
  1. Танҳо он хароҷоте, ки барои пешниҳод ба истеҳсолкунандагони хизматрасонии таъминоти барқ асоснок ва зарур аст, бояд барои ҳисоб намудани даромади зарурӣ ба хароҷоти ҷоиз дохил карда шавад. Ин хароҷот метавонад хароҷот барои пардохти музди меҳнат, барои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникӣ, барои сўзишворӣ, хароҷоти маъмурӣ, барои лавозимот ва қисмҳом эҳтиётии истифодашаванда, хариди неруи барқ, андозҳо (ба ғайр аз андоз аз даромад) ва хароҷоти дигари мухталифи вобаста ба хизматрасониро, ки номгўи онҳо дар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳавӣ оварда шудааст, дар бар гирад.
§2. Ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ
  1. Хароҷоти истеҳлокӣ, бо гузашти вақт камшавии арзиши дороиҳоро, аз ҷумла аз ҳисоби фарсудашавӣ ба ҳисоб мегирад. Ин камшавӣ бо роҳи тақсими арзиши дорои ба ҳар муҳлати соли истифодабарии фоиданоки он ҳисоб карда мешавад.
  2. Хароҷоти солонаи истеҳлокии нерўгоҳи барқи обие, ки муҳлати хизмати он 50 сол мебошад, 2 фоизи арзиши харидоришудаи ин дороиро (ки бо тартиби муқарраргардида аз нав баҳо дода шудааст) ташкил медиҳад. Ҳол он ки хароҷоти ҳарсолаи истеҳлокии иншооти интиқол ва тақсимоти неруи барқ, ки муҳлати истифодаи онҳо аз 30 то 35 сол мебошад, қариб 3 фоизи арзиши харидоришударо, ки бо тартиби муқаррагардида аз нав баҳо дода шудааст, ташкил медиҳад.
  3. Бо дарназардошти бартарии иншооти гидроэнергетика байни дигар дороиҳои барқистеҳсолкунанда, меъёри иҷозатдодашавандаи хароҷоти истеҳлокӣ, сараввал метавонад барои ҳар корхонаи танзимшаванда, ки барои он истеҳсоли неруи барқ вазифаи асосӣ мебошад, дар сатҳи 2 фоиз ва барои корхонаи танзимшавандае, ки ҳамаи вазифаҳои боқимондаро иҷро мекунад, дар сатҳи 3 фоиз муқаррар карда шавад.
§3. Хароҷоти дигари ба ҳисоб гирифтанашуда
  1. Номгўи хароҷоти дигаре, ки барои муайянсозии даромади зарурии корхонаҳои танзимшаванда ба инобат гирифта мешаванд, дар Сиёсати баҳисобгирии Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” пешбинӣ мегардад.
§4. Даромад аз сармоягузорӣ
  1. Меъёри даромаднокӣ оид ба сармоягузории асосӣ барои корхонаҳои соҳаи энергетикаи барқӣ дар сатҳе муқаррар мегардад, ки он ба ҷалби сармоя ба соҳаи энергетикаи барқӣ ҷиҳати бунёди иқтидорҳои зарурии низоми энергетикӣ дар қонеъ гардонидани талаботи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бо барқ ва имконияти ташаккули маблағҳои пулии иловагӣ, ки барои рушду инкишофи соҳа кофӣ мебошад, имконият фароҳам оварад.
  2. Таъиноти сармояи маблаггузорӣ ба воситаҳои асосӣ ва дигар дороиҳое мебошад, ки барои пешниҳоди минбаъдаи хизматрасонӣ оид ба интиқоли неруи барқ ба истифодабарандагон истифода бурда мешаванд. Ҳамин тавр, ин дороиҳо барои ҳисоб намудани даромад аз сармоягузорӣ асоси муносиб мебошад. Асоси мазкур ҳамчун заминаи танзимшавандаи дороиҳо муайян карда мешавад.
  3. Заминаи танзимшавандаи дороиҳо бояд ба хароҷоти корхонаи танзимшаванда барои хариди воситаҳои асосӣ бо тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ баробар бошад.
  4. Сармоягузорӣ қарзи дарозмуҳлат ва сармояи саҳомиро дар бар мегирад. Даромаднокии ҷоиз аз заминаи танзимшавандаи дороиҳо ба даромаднокии ҳар яке аз ин қисматҳое, ки аз рўи ҳиссаи ҳар яки онҳо дар сохтори сармояи корхонаи тамзимшаванда хисоб карда шудааст, баробар мебошад.
  5. Даромаднокӣ аз рўи қисмати қарзӣ бояд ба меъёри миёнаи фоизи қарзи дарозмуддати корхонаи танзимшаванда баробар бошад. Даромаднокии қисмати сармояи саҳомӣ бояд аз ҷониби мақоми танзимкунанда муайян карда шавад. Ҳангоми муайя намудани сатҳи муносиби даромаднокӣ аз сармояи саҳомӣ мақоми танзимкунанда кафолат медиҳад, ки ин меъёр барои мақсадҳои зерин ба қадри кофӣ баланд хоҳад буд:

– пардохти уҳдадориҳои корхонаи танзимшаванда аз рўи андоз аз фоида;

– пардохти ҳама гуна суди саҳмияҳо, ки саҳмдорони корхонаи танзимшаванда ба таври асоснок талаб карда метавонанд;

– сармоягузории кофӣ ба иншооти энергетикӣ дар оянда.

  1. Меъёри даромаднокӣ аз рўи заминаи танзимшавандан дороиҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори танзимкунанда ҳангоми таҳияи Методологияи ҳисоби тарифҳо муқаррар карда мешавад.
  2. Таъсиси мақоми ваколатдори танзимкунандаи соҳа ва ташкили фаъолияти натиҷабахши он, якс аз чорабиниҳои аввалиндараҷаи татбиқи Консепсияи мазкур ба ҳисоб меравад.

5. Ҳадди пешгўӣ ва давомнокии давраҳои тавдиди назари тарифҳо

  1. Дар марҳилаи якуми амалӣ намудани Консепсияи танзими тариф барои ҳар корхонаи навтаъсис ҳар сол дурнамои даромади зарурӣ барои панҷ сол тартиб дода шуда, тарифҳои неруи барқ ба таври дахлдор таҷдиди назар карда мешавад ва давоми “муҳлати санҷиши”, яъне як сол амал мекунад. Вале бо мақсади то ҳадди ақал кам намудани хароҷоти марбут ба таҷдиди назари тарифҳо, мақоми танзимкунанда метавонад дар хусуси ҷорӣ намудани реҷаи бисёрсолаи тарифҳо қарор қабул намояд.
  2. Номутобиқатии эҳтимолии нишондиҳандаҳо дар пешгўиҳо вобаста ба сатҳи таваррум, нархи сузишворӣ ва дигар омилҳо метавонад бо роҳи истифодабарии формулаи дахлдори тасҳеҳот, дар охири ҳар сол дар давоми давраи назоратӣ ба ҳисоб гирифта шаванд.
  3. Мақоми танзимкунанда, дар сурати қабули қарор оид ба ҷорӣ намудани тарифҳои бисёрсола, реҷаи бисёрсолаи тарифӣ ва формулаи тасҳеҳро коркард менамояд. Дар охири давраи назоратӣ тарифҳо таҷдиди назар гардида, дар ҷараёни он тибқи дастурамали болозикр оид ба даромади талабкардашуда, барои давраи минбаъдаи назоратӣ даромади талабкардашуда муайян карда мешавад.

6. Тартиби муайян намудани тариф барои истеъмолкунандаи ниҳоӣ

  1. Ҷуброн намудани хароҷоти корхонаҳои хизматрасонандаи соҳаи энергетикаи барқӣ дар сатҳи тақсимот оғоз мешавад. Зимнан қисми зиёди даромад ба боло тариқи силсила аз корхонаи тақсимкунанда ба корхонаҳои истеҳсолкунанда ва интиқолдиҳандаи неруи барқ бармегардад. Бинобар он, мавҷудияти бахши (сегменти) самаранок ва қобили пардохти ин соҳа, яъне корхонаҳои тақсимкунандаи неруи барқ, шарти аввалиндараҷа барои ислоҳоти соҳа, аз ҷумла амалӣ намудани Консепсияи мазкур мебошад.
  2. Талафоти назарраси молиявие, ки айни замон дар соҳаи энергетикаи барқии кишвар ҷой дорад, асосан ба фаъолияти ғайрисамараноки бахши барқтақсимкунанда алоқамандӣ дошта, аз ҷумла ба тарифҳои паст, талафоти калони неруи барқ дар низоми энергетикӣ ва сатҳи пасти ҷамъоварии маблағ вобаста аст. Зарур аст, ки бахши тақсимоти неруи барқ ба бахши самараноке табдил дода шавад, ки метавонад захираҳои заруриро барои хизматрасонӣ дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ба кор андозад.
  3. Тарифҳо барои истеъмолкунандагоне, ки хизматрасониашон тариқи корхонаҳои тақсимкунанда амалӣ мегардад, бояд хароҷот ва сохтори хароҷоти соҳаи энергетикаи барқиро инъикос намоянд.
  4. Бо мақсади инъикоси фарқият дар хароҷоте, ки дар натиҷаи хизматрасонӣ оид ба таъминоти неруи барқ дар сатҳҳои гуногуни шиддатнокӣ ба вуҷуд меоянд, тарифҳо барои истеъмолкунандагони аз хатҳои интиқоли шиддатнокиашон баланд истифодабаранда, пасттар хоҳанд буд. Агар вобаста аз вақти шабонарўз дар хароҷот фаркияти калон мушоҳида гардад, мақоми танзимкунанда метавонад барои ҳамаи гуруҳҳои истеъмолкунандагон тарифҳои мавсимӣ ва бо дарназардошти имкониятҳои техникӣ, инчунин тарифҳои шабонарўзиро муқаррар намояд.
  5. Бо мақсади инъикоси хусусияти хароҷоти собит ва тағйирёбандаи таъминоти барқ, тарифҳо барои истеъмолкунандагони инфиродӣ бояд хароҷоти собит ва тағйирёбандаро дар бар гиранд.
  6. Бо мақсади ба пуррагӣ фаро гирифтани ҳамаи истеъмолкунандагон, онҳо бояд ба гурўҳҳои (категорияҳои) зерин тақсим карда шаванд:

а) Истеъмолкунандагони бузурги саноатӣ ва тиҷоратӣ:

– истеъмолкунандагони бузурги саноатӣ ва тиҷоратии хатҳои интиқоли барқи шиддатнокиашон аз ҳадд баланд (220-500кВ);

– истеъмолкунандагони миёнаи саноатӣ ва тиҷоратии хатҳои интиқоли барқи шиддатнокиашон баланд (35-110 кВ);

– истеъмолкунандагони хурди саноатӣ ва тиҷоратин хатҳои интиқоли барқи шиддатнокиашон паст (0,4-110кВ);

б) Корхонаҳои буҷетӣ, коммуналӣ ва нақлиётӣ:

– корхонаҳои буҷетӣ ва коммуналии хатти интиқоли шиддатнокиаш баланд (35- 110кВ);

– корхонаҳои буҷетӣ ва коммуналии хатти интиқоли шиддатнокиаш паст (0,4-110кВ);

– равшанкунии кўчаҳо аз хатти интиқоли шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– нақлиёти барқии шаҳрӣ аз хатти интиқоли шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– обтаъминкунии умумӣ аз хатти интиқоли шиддатнокиаш баланд(35-110кВ);

– обтаъминкунии умумӣ аз хатти интиқоли шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– обёрӣ аз хатти интиқоли шиддатнокиаш баланд (дар давраи берун аз сарбории зиёд) (35-110кВ);

– обёрӣ аз хатти интиқоли шиддатнокиашон паст (дар давраи берун аз сарбории зиёд) (0,4-10кВ);

в) Аҳолӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва хобгоҳҳо;

– аҳолии шаҳр аз хатти интиқоли шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– аҳолии деҳот аз хатти интиқоли шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– дорандагони асбобҳои умумии ченкунӣ аз хатти интиқоли шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ); истеъмолкунандагони дигар (0,4-10кВ).

  1. Усулҳои муанян намудани тармфҳон неруи барқбаром корхонаҳои самтҳои алохидаи фаъолият дар соҳаи энергетикаи барқӣ (пас аз реструктуризатсияи Ширкати сахомии холдингии кушодам “Барқи Тоҷик”)
§1. Модели тариф барои корхонаҳои истеҳсолкунандаи неруи барқ
  1. Тарифҳои тавлиди неруи барқ барои ҳар нерўгоҳи барқӣ бояд сохтори хароҷоти нерўгоҳи барқии мушаххасро инъикос намуда, аз ду қисми таркибӣ иборат бошад, аз ҷумла:

– пардохт барои неруи барқӣ аз корхонаи истеҳсолкуканда интиқолдодашуда, ки бо кВт.с ҳисоб карда шудааст, хароҷоти тағйирёбандаи ҳар нерўгоҳи барқиро барои таҳвили неруи барқ инъикос менамояд;

– пардохт барои иқтидор ҳамаи хароҷоти дигари марбут ба даромади маҷмўии нерўгоҳро дар бар мегирад.

  1. Пардохти собит барои иқтидор ва пардохти тағйирёбанда барои неруи барқ нмконият медиҳад, ки идоракунии диспетчерии нерўгоҳҳои барқӣ барои қонеъ гардонидани сарборӣ аз рўи аҳамият, яъне бо тартиби аз хароҷоти ҳадди ақали истеҳсолӣ ба хароҷоти бештар таъмин карда шавад.
  2. Мақоми танзимкунанда бо мақсади ҳарчи бештар баланд бардоштани омодагии техникии нерўгоҳи истеҳсолкунандаи неруи барқ, хусусан дар мавсими зимистон, ки норасоии захираҳои неруи барқ мушоҳида мегардад, метавонад воситаҳои дахлдори ҳавасмандкуниро таҳия ва ба сохтори зикргардидаи тарифҳо дохил намояд.
§.2. Модели тариф барои корхонаҳои интиқоли неруи барқ
  1. Дар марҳилаи ибтидоӣ вазифаи оператори системавии низоми энергетикии Тоҷикистон бояд дар дохили корхонаи интиқолдиҳанда қарор дошта бошад. Вале ба қадри инкишоф ёфтани бозори неруи барқ дар Тоҷикистон, дар назар аст, ки вазифаи оператори системавӣ ва инчунин функсияи ҳисобу китоби байни иштирокчиёни гуногуни бозори неруи барқро оператори системавӣ ҳамчун сохтори мустақил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда, иҷро менамояд, аз таркиби корхонаи интиқолдиҳанда бароварда мешавад.
  2. Хароҷоти интиқолдиҳӣ асосан талабот ба хизматрасонии иншоотҳои интиқолдиҳандаро дар бар мегирад, ки бо мегаватт (МВт) чен карда мешавад. Хароҷоти нисбӣ барои мстифодабарии системаи интиқолдиҳанда бо теъдоди зиёди истифодабарандагон дар навбати аввал аз сарборие, ки ин истмфодабарандагон ба система меоранд, вобастагӣ дорад. Бинобар ин, маблағи даромади зарурии корхонаи интиқолдиҳанда байни истифодабарандагон дар алоқамандӣ бо сарбории онҳо, кн бо МВт ҳисоб карда мешавад, тақсим мегардад.

8. Ҳимояи гуруҳҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ

  1. Тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2015, №АП-594 баҳодиҳии оқибатҳои баландшавии эҳтимолии тарифҳои неруи барқ барои истеъмолкунандагони дорои сатҳи пасти даромад гузаронида шуда, ҳамчунин дар ҳолати зарурат ҳар сол барои амалигардонии Барномаи расонндани кумаки иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағи иловагии зарурӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамин тариқ, танзими тарифҳо бояд дастрасии аҳолӣ, махсусан табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолиро ба неруи барқ таъмин намояд. Бо ин мақсад ба гуруҳҳои номбурдаи аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакпулиҳон иҷтимоӣ пешниҳод менамояд, то ин ки баландшавии тарифҳо дар марҳилаи якуми татбиқи Консепсияи танзими тариф ба якбора паст шудани вазъи иҷтимою иқтнсодии шаҳрвандон оварда нарасонад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои истеъмолкунандагони камбизоат ва осебпазир тарифҳои имтиёзнок (иҷтимоӣ) муқаррар намояд.
  3. Бо мақсади сабукгардонии таъсири баландшавии тарифҳои ҳизматрасонии неруи барқ ба истифодабарандагон, мутобиқи механизми расонидани кумаки молиявӣ барон таъмини самаранокии энергетикӣ муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфаҷўӣ ва самаранокии энергия” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти таҳияи механизми ба шахсони ҳуқуқӣ (аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ) ва шахсони воқеӣ (аз ҷумла ба истеъмолкунандагони камбизоат ва осебпазир) пешниҳод намудани дотатсия, қарз ва имтиёзҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

9. Муҳлати амалӣ намудани Консепсия

  1. Консепсия дар се марҳила амалӣ карда мешавад:

– марҳилан якум солҳои 2017- 2020-ро дар бар гирифта, дар давоми ин давра тарифҳо бояд хароҷоти марбут ба таҳвили неруи барқӣ корхонаҳои танзимшавандаро пўшонад;

– марҳилаи дуюми солҳои 2021-2024-ро дар бар гирифта, дар давоми ин давра тадбирҳо баҳри расидан ба сатҳи худтаъминкунии молиявии корхонаҳои танзимшаванда дар сурати нисбатан бетағйир мондани тарифҳо амалӣ карда мешаванд;

– марҳилаи сеюм солҳои 2025-2028-ро дар бар мегирад. Дар давоми ин давра тадбирҳо оид ба рушди минбаъдаи соҳа амалӣ гардида, имконияти паст намудани тарифҳо дар бозори дохилӣ баррасӣ карда мешавад.

  1. Пешбинӣ мегардад, ки нақшаи чорабиниҳои марҳилаи якум якҷоя бо Консепсияи мазкур тасдиқ гардида, бо дарназардошти натиҷаҳои амалӣ гардидани он, мутаносибан нақшаи чорабиниҳои давраҳои дуюм ва сеюм аз ҷониби мақоми таизимкунанда мушаххасан таҳия ва тибқи тартиби муқараргардида тасдиқ карда мешаванд.
  2. Ба танзим даровардани фарқияти байни хароҷот ва даромади корхонаҳои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва тақсимкунандаи неруи барқ дар марҳилаи якуми амалисозии Консепсия (солҳои 2017-2020) мутобиқи Методологияи нави ҳисоби тарифҳо дар доираи Нақшаи марҳилаи якуми амалӣ намудани чорабиниҳои Консепсия анҷом дода мешавад.

10. Мониторинг ва арзёбии Консепсия

  1. Ҳамасола аз рўи натиҷаҳои сол аз ҷониби мақоми танзимкунанда тибқи тартиби муқарраргардида бо ҷалби вазорату идораҳои дахлдор ва созмонҳои байналмилалӣ мониторинг ва арзёбии Консепсия гузаронида мешавад.
  2. Ҳисоботи дахлдор оид ба натиҷаи мониторинг ва арзёбии Консепсия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

11. Натиҷаҳои интизории амали намудани Консепсияи мазкур

  1. Амалӣ намудани Консепсияи мазкур имконият медиҳад, ки натиҷаҳои зерин ба даст оварда шаванд:

– беҳтар гардидани фаъолияти молиявии корхонаҳои соҳаи энергетикаи барқӣ (фароҳам овардани замина барои рушди соҳа);

– нисбатан баландшавии тарифҳои миёнаи неруи барқ, аз ҷумла барои аҳолӣ дар марҳилаи якуми амалӣ намудани Консепсияи танзими тариф (ҷалби сармоягузории иловагӣ ба соҳа ва фароҳам овардани шароит барои таъмини даромаднокии корхонаҳои соҳа);

– паст шудани тарифҳо барои истеъмолкунандагоне, ки тавассути хатҳои баландшиддат хизматрасонӣ карда мешаванд (фароҳам овардани шароит барои таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолии саноати кишвар);

– дастгирии табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҷуброни баландшавии тарифҳои неруи барқ. (дар давраи амалисозии Консепсия ин қисми аҳолӣ аз баланд гардидани эътимоднокии таъминоти барқ манфиат хоҳад бардошт);

– банизомдарорӣ ва шаффофият дар танзими фаъолияти корхонаю муассисаҳои соҳаи энергетикаи барқӣ (ташкили фаъолияти корхонаҳои таъминоти барқ мутобик ба талаботи муосир).

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз “27” майи соли 2017, № 259

Нақшаи чорабиниҳои марҳилаи якуми амалигардонии

Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

р/т

Номгӯи чорабиниҳо Масъулин Муҳлати иҷро
1. Ташкил ва гузаронидани машваратҳо бо ҷомеа доир ба   зарурати Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи     барқӣ бо дарназардошти     таъмини ҳимояи табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз баландшавии тарифҳо Вазоратҳои    энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, молия тандурустӣ ва    ҳифзи иҷтимоии              аҳолӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо мақомоти           иҷроияи маҳаллии       ҳокимияти давлатӣ Семоҳаи 3

соли 2017

2. Омӯзиш ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба таъсис    додани мақоми мустақил оид ба танзими соҳаи энергетикаи барқӣ Мақоми мустақил   оид ба танзими       соҳа, вазоратҳои           адлия, молия,             Хадамоти зиддиинҳисорӣ           ва Кумитаи           давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи              давлатӣ, шарикони рушд Семоҳаи 4

соли 2017

3. Таъсис додан ва ташкили минбаъдаи фаъолияти мақоми мустақил оид ба танзими соҳаи энергетикаи барқ Вазорати энергетика ва захираҳои  об,  якҷо бо вазоратҳои           рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия,               Кумитаи давлатии   сармоягузорӣ ва      идораи амволи давлатӣ,          Хадамоти зиддиинҳисорӣ, шарикони рушд Семоҳаи 4

соли 2017

4. Таҳияи Методологияи нави ҳисоби тарифи неруи барқ дар асоси Консепсияи танзими тариф, бо дарназардошти зина ба зина гузаштан ба тарифҳои нав

 

Мақоми мустақил   оид ба танзими       соҳа, Хадамоти
зиддиинҳисорӣ,
Ширкати саҳомии

холдингии     кушодаи “Барқи Тоҷик”, вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо ва ширкати байналмилалии машваратӣ

Семоҳаи 4

соли 2017

5. Батанзимдарории давра ба давраи тарифҳои неруи барқ, бо дарназардошти тадриҷан ноил гардидан ба пӯшонидани фарқияти мавҷудаи байни хароҷот ва даромади корхонаҳои оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ

 

Мақоми мустақил   оид ба танзими       соҳа, Хадамоти
зиддиинҳисорӣ,
Ширкати саҳомии
холдингии      кушодаи “Барқи                Тоҷик” (ворисони       он) бо иштироки     вазоратҳои
энергетика ва захираҳои
об, рушди иқтисод  ва савдо, адлия ва ширкати байналмилалии
машваратӣ
Солҳои 2017-2020

 

6. Андешидани чораҳои

зарурӣ оид ба ҷалби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ бо мақсади пӯшонидани фарқияти мавҷудаи байни хароҷот ва даромад то расидан ба сатҳи даромаде, ки барои пӯшонидани ин хароҷотҳо имконият медиҳанд

 

Ширкати саҳомии
холдингии кушодаи
“Барқи Тоҷик”,
вазоратҳои, энергетика
ва захираҳои об, молия,
Хадамоти
зиддиинҳисорӣ,
Кумитаи давлатии
сармоягузорӣ ва идораи
амволи давлатӣ,
шарикони рушд
Солҳои;

2017-75%;

2018-50%;

2019-25%.

 

7. Арзёбии оқибатҳои

афзоиши тарифҳои неруи
барқ барои истеъмолкунандагон бо сатҳи пасти даромад ва ҳангоми зарурат мутаносибан зиёд намудани хаҷми маблағҳое, ки барои расонидани кумаки иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат равона карда мешаванд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молия, Хадамоти зиддиинҳисорӣ

 

Соли 2017 ва минбаъд доимӣ
8. Таҳияи Методологияи ҳисобкунии ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ барои   корхонаҳои соҳаи энергетика,         мутобиқи Консепсияи танзими тариф ва ҳамчунин таҳияи меъёри   истифодаи неруи барқ  барои     эҳтиёҷоти худии корхонаҳои соҳа

 

Мақоми мустақил   оид ба танзими       соҳа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ширкати           саҳомии холдингии         кушодаи “Барқи      Тоҷик” бо иштироки      вазоратҳои энергетика ва захираҳои об.   рушди иқтисод ва савдо, молия,  адлия ва Кумитаи           давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Семоҳаи 4

соли 2017

9. Таҳияи тадбирҳои ҳавасмандгардонии корхонаҳои   соҳа ҷиҳати паст намудани сатҳи талафоти неруи барқ ва ҳамзамон                баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии маблағ Вазорати энергетика ва захираҳои об. мақомоти мустақил        оид ба танзими соҳа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ширкати            саҳомии холдингии         кушодаи “Барқи                 Тоҷик” (корхонаҳои       самтҳои алоҳидаи фаъолият) Солҳои

2017-2018

10. Андешидани         чораҳсш зарурӣ   оид   ба   таъмини мув ози н атм     м а нфиатҳо м истеъмолкунандагон       ва корхонаҳои барқтаъминкунанда Мақоми   мустақил   оид ба       танзими       соҳа, Хадамотн знддминҳисорп. Вызорати энсргетика ва захираҳои об, Ширкати саҳомии          холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” (корхонаҳои       самтҳои алоҳидаи фаъолият) Доимӣ
11. Таҳия ва тасдиқи механизми             пардохти маблағи неруи барқи   ба истифодабарандагони саноатӣ   ва зерсохторҳои Агентии   беҳдошти  замин ва обёрӣ интиқолдодашуда Вазоратҳои   энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва   технологияҳои нав, мақоми мустақил оид ба танзими соҳа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Агентии беҳдошти     замин ва обёрӣ,              Ширкати саҳомии         холдингии кушодаи              “Барқи Тоҷик”,           Корхонаи воҳиди             давлатии “Ширкати   Алюминийи Тоҷик” Соли 2017
12. Таъсис ва ташкили фаъолияти          оператори системавӣ, давраи     аввал дар таркиби сохторн корхонаи интиқолдиҳанда ва       минбаъд ҳамчун сохтори                алоҳидаи мустақил Вазоратҳои    энергетика ва захираҳои об, адлия, мақоми мустақил оид ба танзими соҳа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи              давлатӣ, Ширкати           саҳомии холдингии         кушодаи “Барқи               Тоҷик”, ширкати байналмилалии машваратӣ Солҳои

2017-2020

13. Ташкили бақайдгирии алоҳидаи      хароҷот ва даромади зарурии оператори системавӣ барои анҷоми амалиёти умумисистемавӣ ва амалигардонии ҳисоббаробаркунии бозорӣ байни корхонаҳои самтҳои алоҳидаи фаъолият Вазорати энергетика ва захираҳои об,   мақоми мустақил       оид ба танзими соҳа, Хадамоти

зиддиинҳисорӣ,

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи              давлатӣ, корхонаҳои        самтҳои алоҳидаи        фаъолияти соҳаи энергетикаи барқӣ

Баъд аз таъсис дода шудани мақоми мустақил оид ба танзими соҳа
14. Таҳия ва тасдиқи механизми хабардоркунии истифодабарандагон оид ба  тағйирёбии тарифҳо, аз  ҷумла тариқи ҷойгир намудани          маълумоти пурра ва асосноккунандаи тағйирдиҳии       тарифҳои неруи барқ дар сомонаи расмии мақоми мустақил оид ба танзими соҳа бо дарназардошти         эроду пешниҳодҳои аҳли ҷомеа беҳтаркунии қарорҳои қаблан      қабулшуда ва минбаъд   қабулшаванда оид ба тарифҳо Мақоми мустақил оид ба танзими соҳа Соли 2017

ва минбаъд доимӣ

15. Гузаронидани муҳокимаҳои       ҷамъиятӣ дар давоми ҳар чор моҳи пеш аз ҳар тағйирёбии тарифҳо,       бо пешакӣ муайян намудани вақт ва ҷои гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ Мақоми мустақил оид ба танзими соҳа бо иштироки вазорату идораҳои дахлдор Соли 2017 ва сипас дар асоси доимӣ
16. Мониторинг ва арзёбии ҷараёни            амалисозии Консепсияи танзими тариф дар соҳаи энергетикаи барқӣ      ва пешниҳоди маълумот оид ба натиҷаҳои он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати энергетика ва захираҳои об, мақоми мустақил оид ба танзими соҳа ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ

Дар муҳлатҳои муқарраргардида

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

Инчунин кобед

emomali-rahmon

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Владимир Путинро бо зодрӯзаш табрик намуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин шахсан занг зада бо зодрӯзаш табрик намудааст.  Бино …