Главная / Чамъият / КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ТАРИФ ДАР СОХАИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ТАРИФ ДАР СОХАИ ЭНЕРГЕТИКАИ БАРКИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Замиман 1 ба карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз “27” майи соли 2017, № 259

energetika

1. Мукаддима

  1. Консепсияи танзими тариф дар сохаи энергетикаи баркии Чумхурии Точикистон (минбаъд – Консепсия) хадафхои стратеги ва афзалиятхои танзими тариф дар сохаи энергетикаи барки, усулхо, роххои расидан ба ин хадафхо ва самтхои асосии ислохоти тарифхои неруи баркро дар Чумхурии Точикистон муайян месозад.
  2. Консепсияи мазкур тибки амри Президенти Чумхурии Точикистон аз 6 октябри соли 2015, №АП-594 дар доираи Накшаи инфиродии тачдиди сохтори Ширкати сахомии холдингии кушодаи “Барки Точик”, ки бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 тасдик гардидааст, бо дарназардошти тачрибаи байналмилали тахия карда шудааст.
  3. Консепсия ба Стратегияи миллии рушди Чумхурии Точикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамухлати рушди Чумхурии Точикистон барои солхои 2016-2020, карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон аз 30 августи соли 2011, № 431 ва аз 2 июли соли 2015, № 427, инчунин созишномахои карзии Хукумати Чумхурии Точикистон бо сохторхои молиявии байналмилали барои таъмини пурра ва боэътимоди истифодабарандагони неруи барк бо рохи чори намудани муносибатхои тичорати ва дар ин замина ноил шудан ба худтаъминкунии молиявии сохаи энергетикаи баркии кишвар ва рушди минбаъдаи он равона карда шудааст.
  4. Консепсия ба нишондихандахои дурнамои истехсол ва истифодаи неруи барк дар Точикистон асос ёфта рушди минбаъдаи сохаи энергетикаи баркиро муайян мекунад ва дар он манфиатхои миллии Точикистон, манфиатхои шахсии шахрвандон ва манфиатхои чомеа харчи пурратар ба инобат гирифта шудаанд.
  5. Консепсия масъалахои химояи манфиатхои ахолиро тарики ба хамаи гуруххои истифодабарандагон муайян намудани тарифхои аз нигохи иктисоди асоснок ва хамзамон таъминкунандаи хифзи манфиатхои корхонаю муассисахои сохаи энергетикаи баркиро низ инъикос менамояд.
  6. Бо дарназардошти накши мухими неруи барк дар таъмини некуахволии мардум, Консепсияи мазкур масъалахои дастрасии гуруххои осебпазири ахоли ба неруи барк, химояи ичтимоии онхо тарики андешидани чорахои зарурии молияви, инчунин мукаррар намудани тарифхои гуногунро пешбини менамояд.

2. Вазъи чории танзими тариф дар сохаи энергетикаи барки

  1. Принсипхои асосии танзими тариф дар сохаи энергетикаи барки аз риояи мувозинати манфиатхо, дастрас будани неруи барк ва мустакилияти корхонахои соха, ки хизматрасонии неруи баркро таъмин менамоянд, иборат буда, дар Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи монополияхои табии” ва Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи энергетика” инъикос гардидаанд.
  2. Тарифхои дар сохаи энергетикаи баркии Чумхурии Точикистон амалкунанда барои таъмини пурраи мустакилияти иктисодии сохторхои бо хизматрасони оид ба таъминоти неруи барк машгулбуда ва ба фаъолияти самараноки низоми таъминоти барк мусоидат намекунанд. Тарифхои амалкунандаи фуруши неруи барк харочоти корхонахои сохаи неруи баркро ба пурраги руйпуш намекунанд. Ба гайр аз ин, ба танзими нархгузории чори мавчуд будани кумаки молиявии мутакобилан интиколи неруи барк хос аст. Тарифхои амалкунандаи хизматрасонии неруи барк барои гуруххои алохидаи истеъмолкунандагон аз хамдигар хеле фарк дошта, хамзамон ин тарифхо харочоти марбут ба ннтиколи неруи баркро ба хар як ин гурухи алохида ба пурраги инъикос намекунанд, ки ин зарурати кабули Консепсияи мазкурро ба миён меорад.
  3. Тарифхои амалкунанда ба фаъолияти корхонаю муассисахои сохаи таъмини неруи барк, хамчунин кисми даромади бучети давлати таъсири манфи мерасонанд ва метавонанд дар оянда боиси пеш омадани мушкилихо дар таъмини талаботи рузафзуни иктисодиёт ва ичтимоиёт бо неруи барк гардад.
  4. Танзими тарифии чори имконият намедихад, ки барои рушд ва навсозии инфрасохтори сохаи энергетикаи барки сармоягузории устувор равона карда шавад, ки ин дар оянда метавонад сабаби паст шудани эътимоднокии таъминоти неруи барк, паст шудани сифат ва талафоти калони неруи барк ва ба паст шудани самаранокии дар мачмуъ сохаи энергетикаи барки оварда расонад.
  5. Барои халли мушкилоти мавчуда дар таъмини боэътимод ва босифати истифодабарандагон бо неруи барк, хифзи ахоли ва иктисодиёти чумхури аз дигаргунихои эхтимолии харобиовари иктисоди зарурати гузаронидаии ислохоти танзими тарифхои хизматрасонии неруи барк ба миён омадааст. Бинобар ин, кабули Консепсияи мазкур дар робита бо тачдиди сохтори идоракунии Ширкати сахомии холдингии кушодаи “Барки Точик”, ки тахияи методологияи нави танзими тарифхоро барои корхонахои самтхои алохидаи фаъолият (истехсол, интикол ва таксимот) пешбини менамояд, хеле мухим ва зарур арзёби мегардад.

3. Максад ва вазифахои Консепсия

  1. Консепсияи мазкур бо максади чори намудани танзими самараноки тарифии (нархгузории) сохаи хизматрасонии неруи барк ва таъмин намудани бехатарии энергетикии Чумхурии Точикистон тахия гардидааст.
  2. Максаду вазифахои асосии Консепсия иборатанд аз:

– таъмини мувозинати манфиатхои истеъмолкунандагон ва корхонахои таъминкунандаи неруи барк тавассути мукаррар намудани тарифхое, ки харочоти вокеии корхонахоро бо дарназардошти масъалахои хифзи ичтимои инъикос менамоянд;

– тадричан даст кашидан аз кумаки молиявии мутакобилаи истеъмолкунандагони неруи барк;

– таъмини устувории молиявии корхонахои сохаи энергетикаи барки ва чалби сармоя;

– мусоидат дар шаффофият, мувофика ва пешгуишавандагии танзими тарифи ва кам намудани хавфхои танзимкунанда;

– мусоидат ба гузаронидани мухокимахо бо истеъмолкунандагон ва пешниходи маълумот дар бораи кабули карорхо оид ба тарифхо;

– хавасмандгардонии ракобат ва самаранокии фаъолияти корхонахои соха, баланд бардоштани сифат ва эътимоднокии таъмини неруи барк ва бо ин васила сабук кардани таъсири марбут ба баландбардории тарифхо ба истеъмолкунандагон, аз чумла ба гуруххои осебпазири ахоли.

4. Принсипхое, ки муайянкунии даромади молиявии корхонахои сохаи энергетикаи баркиро танзим менамоянд

  1. Консепсияи мазкур принсипхои асосии мукаррар намудани даромади зарурии молиявии хаман корхонахои танзимшавандаи сохаи электроэнергетикии Чумхурии Точикистонро, ба истиснои неругоххои баркии обии Сангтуда-1 ва Сангтуда-2, ки даромади онхо дар асоси созишномахои алохидаи сармоягузори танзим мегардад, инчунин иншооти энергетикаи баркие, ки идоракунии онхо айни замон дар доираи созишномахои консессиони амали мешавад (аз чумла ширкати “Помир Энерчи”), пешбини менамояд.
  2. Тибки ин принсипхо мачмуи даромади зарурии корхонахои танзимшаванда аз чузъхои асосии зерин иборат аст:

– харочоти истехсоли барои истифодабари ва хизматрасонии техники;

– хиссачудокунии истехлоки (фарсудашавии воситахои асоси);

– харочоти дигари ба хисоб гирифтанашуда;

– даромад аз сармоягузори.

§1. Харочоти истехсоли барои истифодабари ва хизматрасонии техники
  1. Танхо он харочоте, ки барои пешниход ба истехсолкунандагони хизматрасонии таъминоти барк асоснок ва зарур аст, бояд барои хисоб намудани даромади зарури ба харочоти чоиз дохил карда шавад. Ин харочот метавонад харочот барои пардохти музди мехнат, барои нигохдори ва хизматрасонии техники, барои сузишвори, харочоти маъмури, барои лавозимот ва кисмхом эхтиётии истифодашаванда, хариди неруи барк, андозхо (ба гайр аз андоз аз даромад) ва харочоти дигари мухталифи вобаста ба хизматрасониро, ки номгуи онхо дар хуччатхои меъёрии сохави оварда шудааст, дар бар гирад.
§2. Хиссачудокунихои истехлоки
  1. Харочоти истехлоки, бо гузашти вакт камшавии арзиши дороихоро, аз чумла аз хисоби фарсудашави ба хисоб мегирад. Ин камшави бо рохи таксими арзиши дорои ба хар мухлати соли истифодабарии фоиданоки он хисоб карда мешавад.
  2. Харочоти солонаи истехлокии неругохи барки обие, ки мухлати хизмати он 50 сол мебошад, 2 фоизи арзиши харидоришудаи ин дороиро (ки бо тартиби мукарраргардида аз нав бахо дода шудааст) ташкил медихад. Хол он ки харочоти харсолаи истехлокии иншооти интикол ва таксимоти неруи барк, ки мухлати истифодаи онхо аз 30 то 35 сол мебошад, кариб 3 фоизи арзиши харидоришударо, ки бо тартиби мукаррагардида аз нав бахо дода шудааст, ташкил медихад.
  3. Бо дарназардошти бартарии иншооти гидроэнергетика байни дигар дороихои баркистехсолкунанда, меъёри ичозатдодашавандаи харочоти истехлоки, сараввал метавонад барои хар корхонаи танзимшаванда, ки барои он истехсоли неруи барк вазифаи асоси мебошад, дар сатхи 2 фоиз ва барои корхонаи танзимшавандае, ки хамаи вазифахои бокимондаро ичро мекунад, дар сатхи 3 фоиз мукаррар карда шавад.
§3. Харочоти дигари ба хисоб гирифтанашуда
  1. Номгуи харочоти дигаре, ки барои муайянсозии даромади зарурии корхонахои танзимшаванда ба инобат гирифта мешаванд, дар Сиёсати бахисобгирии Ширкати сахомии холдингии кушодаи “Барки Точик” пешбини мегардад.
§4. Даромад аз сармоягузори
  1. Меъёри даромадноки оид ба сармоягузории асоси барои корхонахои сохаи энергетикаи барки дар сатхе мукаррар мегардад, ки он ба чалби сармоя ба сохаи энергетикаи барки чихати бунёди иктидорхои зарурии низоми энергетики дар конеъ гардонидани талаботи иктисодиёт ва ичтимоиёт бо барк ва имконияти ташаккули маблагхои пулии иловаги, ки барои рушду инкишофи соха кофи мебошад, имконият фарохам оварад.
  2. Таъиноти сармояи маблаггузори ба воситахои асоси ва дигар дороихое мебошад, ки барои пешниходи минбаъдаи хизматрасони оид ба интиколи неруи барк ба истифодабарандагон истифода бурда мешаванд. Хамин тавр, ин дороихо барои хисоб намудани даромад аз сармоягузори асоси муносиб мебошад. Асоси мазкур хамчун заминаи танзимшавандаи дороихо муайян карда мешавад.
  3. Заминаи танзимшавандаи дороихо бояд ба харочоти корхонаи танзимшаванда барои хариди воситахои асоси бо тархи маблагхои хиссачудокунихои истехлоки баробар бошад.
  4. Сармоягузори карзи дарозмухлат ва сармояи сахомиро дар бар мегирад. Даромаднокии чоиз аз заминаи танзимшавандаи дороихо ба даромаднокии хар яке аз ин кисматхое, ки аз руи хиссаи хар яки онхо дар сохтори сармояи корхонаи тамзимшаванда хисоб карда шудааст, баробар мебошад.
  5. Даромадноки аз руи кисмати карзи бояд ба меъёри миёнаи фоизи карзи дарозмуддати корхонаи танзимшаванда баробар бошад. Даромаднокии кисмати сармояи сахоми бояд аз чониби макоми танзимкунанда муайян карда шавад. Хангоми муайя намудани сатхи муносиби даромадноки аз сармояи сахоми макоми танзимкунанда кафолат медихад, ки ин меъёр барои максадхои зерин ба кадри кофи баланд хохад буд:

– пардохти ухдадорихои корхонаи танзимшаванда аз руи андоз аз фоида;

– пардохти хама гуна суди сахмияхо, ки сахмдорони корхонаи танзимшаванда ба таври асоснок талаб карда метавонанд;

– сармоягузории кофи ба иншооти энергетики дар оянда.

  1. Меъёри даромадноки аз руи заминаи танзимшавандан дороихо аз чониби макоми ваколатдори танзимкунанда хангоми тахияи Методологияи хисоби тарифхо мукаррар карда мешавад.
  2. Таъсиси макоми ваколатдори танзимкунандаи соха ва ташкили фаъолияти натичабахши он, якс аз чорабинихои аввалиндарачаи татбики Консепсияи мазкур ба хисоб меравад.

5. Хадди пешгуи ва давомнокии даврахои тавдиди назари тарифхо

  1. Дар мархилаи якуми амали намудани Консепсияи танзими тариф барои хар корхонаи навтаъсис хар сол дурнамои даромади зарури барои панч сол тартиб дода шуда, тарифхои неруи барк ба таври дахлдор тачдиди назар карда мешавад ва давоми “мухлати санчиши”, яъне як сол амал мекунад. Вале бо максади то хадди акал кам намудани харочоти марбут ба тачдиди назари тарифхо, макоми танзимкунанда метавонад дар хусуси чори намудани речаи бисёрсолаи тарифхо карор кабул намояд.
  2. Номутобикатии эхтимолии нишондихандахо дар пешгуихо вобаста ба сатхи таваррум, нархи сузишвори ва дигар омилхо метавонад бо рохи истифодабарии формулаи дахлдори тасхехот, дар охири хар сол дар давоми давраи назорати ба хисоб гирифта шаванд.
  3. Макоми танзимкунанда, дар сурати кабули карор оид ба чори намудани тарифхои бисёрсола, речаи бисёрсолаи тарифи ва формулаи тасхехро коркард менамояд. Дар охири давраи назорати тарифхо тачдиди назар гардида, дар чараёни он тибки дастурамали болозикр оид ба даромади талабкардашуда, барои давраи минбаъдаи назорати даромади талабкардашуда муайян карда мешавад.

6. Тартиби муайян намудани тариф барои истеъмолкунандаи нихои

  1. Чуброн намудани харочоти корхонахои хизматрасонандаи сохаи энергетикаи барки дар сатхи таксимот огоз мешавад. Зимнан кисми зиёди даромад ба боло тарики силсила аз корхонаи таксимкунанда ба корхонахои истехсолкунанда ва интиколдихандаи неруи барк бармегардад. Бинобар он, мавчудияти бахши (сегменти) самаранок ва кобили пардохти ин соха, яъне корхонахои таксимкунандаи неруи барк, шарти аввалиндарача барои ислохоти соха, аз чумла амали намудани Консепсияи мазкур мебошад.
  2. Талафоти назарраси молиявие, ки айни замон дар сохаи энергетикаи баркии кишвар чой дорад, асосан ба фаъолияти гайрисамараноки бахши барктаксимкунанда алокаманди дошта, аз чумла ба тарифхои паст, талафоти калони неруи барк дар низоми энергетики ва сатхи пасти чамъоварии маблаг вобаста аст. Зарур аст, ки бахши таксимоти неруи барк ба бахши самараноке табдил дода шавад, ки метавонад захирахои заруриро барои хизматрасони дар сатхи стандартхои байналмилали ба кор андозад.
  3. Тарифхо барои истеъмолкунандагоне, ки хизматрасониашон тарики корхонахои таксимкунанда амали мегардад, бояд харочот ва сохтори харочоти сохаи энергетикаи баркиро инъикос намоянд.
  4. Бо максади инъикоси фаркият дар харочоте, ки дар натичаи хизматрасони оид ба таъминоти неруи барк дар сатххои гуногуни шиддатноки ба вучуд меоянд, тарифхо барои истеъмолкунандагони аз хатхои интиколи шиддатнокиашон баланд истифодабаранда, пасттар хоханд буд. Агар вобаста аз вакти шабонаруз дар харочот фаркияти калон мушохида гардад, макоми танзимкунанда метавонад барои хамаи гуруххои истеъмолкунандагон тарифхои мавсими ва бо дарназардошти имкониятхои техники, инчунин тарифхои шабонарузиро мукаррар намояд.
  5. Бо максади инъикоси хусусияти харочоти собит ва тагйирёбандаи таъминоти барк, тарифхо барои истеъмолкунандагони инфироди бояд харочоти собит ва тагйирёбандаро дар бар гиранд.
  6. Бо максади ба пурраги фаро гирифтани хамаи истеъмолкунандагон, онхо бояд ба гуруххои (категорияхои) зерин таксим карда шаванд:

а) Истеъмолкунандагони бузурги саноати ва тичорати:

– истеъмолкунандагони бузурги саноати ва тичоратии хатхои интиколи барки шиддатнокиашон аз хадд баланд (220-500кВ);

– истеъмолкунандагони миёнаи саноати ва тичоратии хатхои интиколи барки шиддатнокиашон баланд (35-110 кВ);

– истеъмолкунандагони хурди саноати ва тичоратин хатхои интиколи барки шиддатнокиашон паст (0,4-110кВ);

б) Корхонахои бучети, коммунали ва наклиёти:

– корхонахои бучети ва коммуналии хатти интиколи шиддатнокиаш баланд (35- 110кВ);

– корхонахои бучети ва коммуналии хатти интиколи шиддатнокиаш паст (0,4-110кВ);

– равшанкунии кучахо аз хатти интиколи шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– наклиёти баркии шахри аз хатти интиколи шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– обтаъминкунии умуми аз хатти интиколи шиддатнокиаш баланд(35-110кВ);

– обтаъминкунии умуми аз хатти интиколи шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– обёри аз хатти интиколи шиддатнокиаш баланд (дар давраи берун аз сарбории зиёд) (35-110кВ);

– обёри аз хатти интиколи шиддатнокиашон паст (дар давраи берун аз сарбории зиёд) (0,4-10кВ);

в) Ахоли, махалхои ахолинишин ва хобгоххо;

– ахолии шахр аз хатти интиколи шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– ахолии дехот аз хатти интиколи шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ);

– дорандагони асбобхои умумии ченкуни аз хатти интиколи шиддатнокиаш паст (0,4-10кВ); истеъмолкунандагони дигар (0,4-10кВ).

  1. Усулхои муанян намудани тармфхон неруи баркбаром корхонахои самтхои алохидаи фаъолият дар сохаи энергетикаи барки (пас аз реструктуризатсияи Ширкати сахомии холдингии кушодам “Барки Точик”)
§1. Модели тариф барои корхонахои истехсолкунандаи неруи барк
  1. Тарифхои тавлиди неруи барк барои хар неругохи барки бояд сохтори харочоти неругохи баркии мушаххасро инъикос намуда, аз ду кисми таркиби иборат бошад, аз чумла:

– пардохт барои неруи барки аз корхонаи истехсолкуканда интиколдодашуда, ки бо кВт.с хисоб карда шудааст, харочоти тагйирёбандаи хар неругохи баркиро барои тахвили неруи барк инъикос менамояд;

– пардохт барои иктидор хамаи харочоти дигари марбут ба даромади мачмуии неругохро дар бар мегирад.

  1. Пардохти собит барои иктидор ва пардохти тагйирёбанда барои неруи барк нмконият медихад, ки идоракунии диспетчерии неругоххои барки барои конеъ гардонидани сарбори аз руи ахамият, яъне бо тартиби аз харочоти хадди акали истехсоли ба харочоти бештар таъмин карда шавад.
  2. Макоми танзимкунанда бо максади харчи бештар баланд бардоштани омодагии техникии неругохи истехсолкунандаи неруи барк, хусусан дар мавсими зимистон, ки норасоии захирахои неруи барк мушохида мегардад, метавонад воситахои дахлдори хавасмандкуниро тахия ва ба сохтори зикргардидаи тарифхо дохил намояд.
§.2. Модели тариф барои корхонахои интиколи неруи барк
  1. Дар мархилаи ибтидои вазифаи оператори системавии низоми энергетикии Точикистон бояд дар дохили корхонаи интиколдиханда карор дошта бошад. Вале ба кадри инкишоф ёфтани бозори неруи барк дар Точикистон, дар назар аст, ки вазифаи оператори системави ва инчунин функсияи хисобу китоби байни иштирокчиёни гуногуни бозори неруи баркро оператори системави хамчун сохтори мустакил аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ваколатдоршуда, ичро менамояд, аз таркиби корхонаи интиколдиханда бароварда мешавад.
  2. Харочоти интиколдихи асосан талабот ба хизматрасонии иншоотхои интиколдихандаро дар бар мегирад, ки бо мегаватт (МВт) чен карда мешавад. Харочоти нисби барои мстифодабарии системаи интиколдиханда бо теъдоди зиёди истифодабарандагон дар навбати аввал аз сарборие, ки ин истмфодабарандагон ба система меоранд, вобастаги дорад. Бинобар ин, маблаги даромади зарурии корхонаи интиколдиханда байни истифодабарандагон дар алокаманди бо сарбории онхо, кн бо МВт хисоб карда мешавад, таксим мегардад.

8. Химояи гуруххои камбизоат ва осебпазири ахоли

  1. Тибки амри Президенти Чумхурии Точикистон аз 6 октябри соли 2015, №АП-594 баходихии окибатхои баландшавии эхтимолии тарифхои неруи барк барои истеъмолкунандагони дорои сатхи пасти даромад гузаронида шуда, хамчунин дар холати зарурат хар сол барои амалигардонии Барномаи расонндани кумаки ичтимои аз хисоби бучети давлати маблаги иловагии зарури чудо карда мешавад. Хамин тарик, танзими тарифхо бояд дастрасии ахоли, махсусан табакахои камбизоат ва осебпазири ахолиро ба неруи барк таъмин намояд. Бо ин максад ба гуруххои номбурдаи ахоли Хукумати Чумхурии Точикистон кумакпулихон ичтимои пешниход менамояд, то ин ки баландшавии тарифхо дар мархилаи якуми татбики Консепсияи танзими тариф ба якбора паст шудани вазъи ичтимою иктнсодии шахрвандон оварда нарасонад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон метавонад барои истеъмолкунандагони камбизоат ва осебпазир тарифхои имтиёзнок (ичтимои) мукаррар намояд.
  3. Бо максади сабукгардонии таъсири баландшавии тарифхои хизматрасонии неруи барк ба истифодабарандагон, мутобики механизми расонидани кумаки молияви барон таъмини самаранокии энергетики мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи сарфачуи ва самаранокии энергия” Хукумати Чумхурии Точикистон имконияти тахияи механизми ба шахсони хукуки (аз чумла дар бахши кишоварзи) ва шахсони вокеи (аз чумла ба истеъмолкунандагони камбизоат ва осебпазир) пешниход намудани дотатсия, карз ва имтиёзхои дигарро мавриди барраси карор медихад.

9. Мухлати амали намудани Консепсия

  1. Консепсия дар се мархила амали карда мешавад:

– мархилан якум солхои 2017- 2020-ро дар бар гирифта, дар давоми ин давра тарифхо бояд харочоти марбут ба тахвили неруи барки корхонахои танзимшавандаро пушонад;

– мархилаи дуюми солхои 2021-2024-ро дар бар гирифта, дар давоми ин давра тадбирхо бахри расидан ба сатхи худтаъминкунии молиявии корхонахои танзимшаванда дар сурати нисбатан бетагйир мондани тарифхо амали карда мешаванд;

– мархилаи сеюм солхои 2025-2028-ро дар бар мегирад. Дар давоми ин давра тадбирхо оид ба рушди минбаъдаи соха амали гардида, имконияти паст намудани тарифхо дар бозори дохили барраси карда мешавад.

  1. Пешбини мегардад, ки накшаи чорабинихои мархилаи якум якчоя бо Консепсияи мазкур тасдик гардида, бо дарназардошти натичахои амали гардидани он, мутаносибан накшаи чорабинихои даврахои дуюм ва сеюм аз чониби макоми таизимкунанда мушаххасан тахия ва тибки тартиби мукараргардида тасдик карда мешаванд.
  2. Ба танзим даровардани фаркияти байни харочот ва даромади корхонахои истехсолкунанда, интиколдиханда ва таксимкунандаи неруи барк дар мархилаи якуми амалисозии Консепсия (солхои 2017-2020) мутобики Методологияи нави хисоби тарифхо дар доираи Накшаи мархилаи якуми амали намудани чорабинихои Консепсия анчом дода мешавад.

10. Мониторинг ва арзёбии Консепсия

  1. Хамасола аз руи натичахои сол аз чониби макоми танзимкунанда тибки тартиби мукарраргардида бо чалби вазорату идорахои дахлдор ва созмонхои байналмилали мониторинг ва арзёбии Консепсия гузаронида мешавад.
  2. Хисоботи дахлдор оид ба натичаи мониторинг ва арзёбии Консепсия ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход мегардад.

11. Натичахои интизории амали намудани Консепсияи мазкур

  1. Амали намудани Консепсияи мазкур имконият медихад, ки натичахои зерин ба даст оварда шаванд:

– бехтар гардидани фаъолияти молиявии корхонахои сохаи энергетикаи барки (фарохам овардани замина барои рушди соха);

– нисбатан баландшавии тарифхои миёнаи неруи барк, аз чумла барои ахоли дар мархилаи якуми амали намудани Консепсияи танзими тариф (чалби сармоягузории иловаги ба соха ва фарохам овардани шароит барои таъмини даромаднокии корхонахои соха);

– паст шудани тарифхо барои истеъмолкунандагоне, ки тавассути хатхои баландшиддат хизматрасони карда мешаванд (фарохам овардани шароит барои таъмини рушди сохахои истехсолии саноати кишвар);

– дастгирии табакахои камбизоат ва осебпазири ахоли аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тавассути чуброни баландшавии тарифхои неруи барк. (дар давраи амалисозии Консепсия ин кисми ахоли аз баланд гардидани эътимоднокии таъминоти барк манфиат хохад бардошт);

– банизомдарори ва шаффофият дар танзими фаъолияти корхонаю муассисахои сохаи энергетикаи барки (ташкили фаъолияти корхонахои таъминоти барк мутобик ба талаботи муосир).

Замимаи 2

ба карори Хукумати

Чумхурии Точикистон

аз “27” майи соли 2017, № 259

Накшаи чорабинихои мархилаи якуми амалигардонии

Консепсияи танзими тариф дар сохаи энергетикаи баркии

Чумхурии Точикистон

р/т

Номгуи чорабинихо Масъулин Мухлати ичро
1. Ташкил ва гузаронидани машваратхо бо чомеа доир ба   зарурати Консепсияи танзими тариф дар сохаи энергетикаи     барки бо дарназардошти     таъмини химояи табакахои осебпазири ахоли аз баландшавии тарифхо Вазоратхои    энергетика ва захирахои об, рушди иктисод ва савдо, молия тандурусти ва    хифзи ичтимоии              ахоли, Хадамоти зиддиинхисори якчо бо макомоти           ичроияи махаллии       хокимияти давлати Семохаи 3

соли 2017

2. Омузиш ва пешниходи таклифхо оид ба такмили конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон, вобаста ба таъсис    додани макоми мустакил оид ба танзими сохаи энергетикаи барки Макоми мустакил   оид ба танзими       соха, вазоратхои           адлия, молия,             Хадамоти зиддиинхисори           ва Кумитаи           давлатии сармоягузори ва идораи амволи              давлати, шарикони рушд Семохаи 4

соли 2017

3. Таъсис додан ва ташкили минбаъдаи фаъолияти макоми мустакил оид ба танзими сохаи энергетикаи барк Вазорати энергетика ва захирахои  об,  якчо бо вазоратхои           рушди иктисод ва савдо, адлия, молия,               Кумитаи давлатии   сармоягузори ва      идораи амволи давлати,          Хадамоти зиддиинхисори, шарикони рушд Семохаи 4

соли 2017

4. Тахияи Методологияи нави хисоби тарифи неруи барк дар асоси Консепсияи танзими тариф, бо дарназардошти зина ба зина гузаштан ба тарифхои нав

 

Макоми мустакил   оид ба танзими       соха, Хадамоти
зиддиинхисори,
Ширкати сахомии

холдингии     кушодаи “Барки Точик”, вазоратхои энергетика ва захирахои об, адлия, молия, рушди иктисод ва савдо ва ширкати байналмилалии машварати

Семохаи 4

соли 2017

5. Батанзимдарории давра ба давраи тарифхои неруи барк, бо дарназардошти тадричан ноил гардидан ба пушонидани фаркияти мавчудаи байни харочот ва даромади корхонахои оид ба истехсол, интикол ва таксимоти неруи барк

 

Макоми мустакил   оид ба танзими       соха, Хадамоти
зиддиинхисори,
Ширкати сахомии
холдингии      кушодаи “Барки                Точик” (ворисони       он) бо иштироки     вазоратхои
энергетика ва захирахои
об, рушди иктисод  ва савдо, адлия ва ширкати байналмилалии
машварати
Солхои 2017-2020

 

6. Андешидани чорахои

зарури оид ба чалби маблагхои карзи ва гранти бо максади пушонидани фаркияти мавчудаи байни харочот ва даромад то расидан ба сатхи даромаде, ки барои пушонидани ин харочотхо имконият медиханд

 

Ширкати сахомии
холдингии кушодаи
“Барки Точик”,
вазоратхои, энергетика
ва захирахои об, молия,
Хадамоти
зиддиинхисори,
Кумитаи давлатии
сармоягузори ва идораи
амволи давлати,
шарикони рушд
Солхои;

2017-75%;

2018-50%;

2019-25%.

 

7. Арзёбии окибатхои

афзоиши тарифхои неруи
барк барои истеъмолкунандагон бо сатхи пасти даромад ва хангоми зарурат мутаносибан зиёд намудани хачми маблагхое, ки барои расонидани кумаки ичтимои ба оилахо ва шахрвандони камбизоат равона карда мешаванд

Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли ва Вазорати молия, Хадамоти зиддиинхисори

 

Соли 2017 ва минбаъд доими
8. Тахияи Методологияи хисобкунии хиссачудокунии истехлоки барои   корхонахои сохаи энергетика,         мутобики Консепсияи танзими тариф ва хамчунин тахияи меъёри   истифодаи неруи барк  барои     эхтиёчоти худии корхонахои соха

 

Макоми мустакил   оид ба танзими       соха, Хадамоти зиддиинхисори, Ширкати           сахомии холдингии         кушодаи “Барки      Точик” бо иштироки      вазоратхои энергетика ва захирахои об.   рушди иктисод ва савдо, молия,  адлия ва Кумитаи           давлатии сармоягузори ва идораи амволи давлати Семохаи 4

соли 2017

9. Тахияи тадбирхои хавасмандгардонии корхонахои   соха чихати паст намудани сатхи талафоти неруи барк ва хамзамон                баланд бардоштани сатхи чамъоварии маблаг Вазорати энергетика ва захирахои об. макомоти мустакил        оид ба танзими соха, Хадамоти зиддиинхисори, Ширкати            сахомии холдингии         кушодаи “Барки                 Точик” (корхонахои       самтхои алохидаи фаъолият) Солхои

2017-2018

10. Андешидани         чорахсш зарури   оид   ба   таъмини мув ози н атм     м а нфиатхо м истеъмолкунандагон       ва корхонахои барктаъминкунанда Макоми   мустакил   оид ба       танзими       соха, Хадамотн знддминхисорп. Вызорати энсргетика ва захирахои об, Ширкати сахомии          холдингии кушодаи “Барки Точик” (корхонахои       самтхои алохидаи фаъолият) Доими
11. Тахия ва тасдики механизми             пардохти маблаги неруи барки   ба истифодабарандагони саноати   ва зерсохторхои Агентии   бехдошти  замин ва обёри интиколдодашуда Вазоратхои   энергетика ва захирахои об, рушди иктисод ва савдо, саноат ва   технологияхои нав, макоми мустакил оид ба танзими соха, Хадамоти зиддиинхисори, Агентии бехдошти     замин ва обёри,              Ширкати сахомии         холдингии кушодаи              “Барки Точик”,           Корхонаи вохиди             давлатии “Ширкати   Алюминийи Точик” Соли 2017
12. Таъсис ва ташкили фаъолияти          оператори системави, давраи     аввал дар таркиби сохторн корхонаи интиколдиханда ва       минбаъд хамчун сохтори                алохидаи мустакил Вазоратхои    энергетика ва захирахои об, адлия, макоми мустакил оид ба танзими соха, Хадамоти зиддиинхисори, Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи              давлати, Ширкати           сахомии холдингии         кушодаи “Барки               Точик”, ширкати байналмилалии машварати Солхои

2017-2020

13. Ташкили бакайдгирии алохидаи      харочот ва даромади зарурии оператори системави барои анчоми амалиёти умумисистемави ва амалигардонии хисоббаробаркунии бозори байни корхонахои самтхои алохидаи фаъолият Вазорати энергетика ва захирахои об,   макоми мустакил       оид ба танзими соха, Хадамоти

зиддиинхисори,

Кумитаи давлатии сармоягузори ва идораи амволи              давлати, корхонахои        самтхои алохидаи        фаъолияти сохаи энергетикаи барки

Баъд аз таъсис дода шудани макоми мустакил оид ба танзими соха
14. Тахия ва тасдики механизми хабардоркунии истифодабарандагон оид ба  тагйирёбии тарифхо, аз  чумла тарики чойгир намудани          маълумоти пурра ва асосноккунандаи тагйирдихии       тарифхои неруи барк дар сомонаи расмии макоми мустакил оид ба танзими соха бо дарназардошти         эроду пешниходхои ахли чомеа бехтаркунии карорхои каблан      кабулшуда ва минбаъд   кабулшаванда оид ба тарифхо Макоми мустакил оид ба танзими соха Соли 2017

ва минбаъд доими

15. Гузаронидани мухокимахои       чамъияти дар давоми хар чор мохи пеш аз хар тагйирёбии тарифхо,       бо пешаки муайян намудани вакт ва чои гузаронидани мухокимахои чамъияти Макоми мустакил оид ба танзими соха бо иштироки вазорату идорахои дахлдор Соли 2017 ва сипас дар асоси доими
16. Мониторинг ва арзёбии чараёни            амалисозии Консепсияи танзими тариф дар сохаи энергетикаи барки      ва пешниходи маълумот оид ба натичахои он ба Хукумати Чумхурии Точикистон Вазорати энергетика ва захирахои об, макоми мустакил оид ба танзими соха ва макомоти ичроияи махалии хокимияти давлати

Дар мухлатхои мукарраргардида

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …