Главная / Илм / КОМПОСТКУНОНи

КОМПОСТКУНОНи

kompostkunoniКОМПОСТКУНОНи, як тарзи тайёр кардани нури. Бо максади безарар гардондани партовхои рузгор, кишоварзи ва баъзе корхонахои саноати ба амал бароварда шуда, ба пусидани моддахои органики зери таъсири микроорганизмхо асос ёфтааст.
К. чун тарзи безараргардони хеле маъмул ва нисбатан боэътимод аст. Махсули нихоии К. компост буда, барои киштзор ва богу полиз нурии пурбахост. Сифати компост ба маводи таркиби он вобаста аст. Компости тоза донадор ва гуруша буда ранги хокистари ё дорчинии тира ва буи хос дорад. Маводи асоси барои тайёр кардани компост пору, торф, гандоб, пехол, растанихо, барги дарахтон, хасу хошок ва ахлоту партовхои шахр, начосат, тахшини гандаобхо ганда ва г. мебошанд.
Барои К. бояд шароити зарури мухайё кард, то ки ба кабати тудаи ахлот хаво рох ёбад. К. коммунали ва хавлиги мешавад. К.-и коммунали (мухлати безараркуни аз 6 то 14 мох) дар майдончахои махсуси заводхои тахвили партов ба амал бароварда мешавад. Дар хаёта партовхо бояд дар майдончахои лойандуд, бехтараш зери дарахт ё шипанг (барои офтоб нарасидан ва аз боришот шуста нашудан) компост карда шаванд. Гирди майдончаро марза гирифта, барои чори шуда рафтани оби борон чуйча месозанд. Дар зери майдонча аввал як кабат (15 – 30 см) торф, порухок ё компости кухна андохта, аз болои он як кабат (5 – 10 см) партов мерезанд; пасмондаи хурокро низ ба хамин чо партофтан лозим. Ин корро чанд бор такрор мекунанд. Ба руи партов аз чор тараф хок пошидан длхим аст то оби он шорида наравад.
Компостро хамчун нури ба замин мепошанд, хангоми шинонидани нихол ё буттахо ба чукури меандозанд. Дар мавриди истифода онро хатман ба хок омехта кардан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …