Главная / Техника / КЛАВИАТУРА

КЛАВИАТУРА

Клавиатура барои ба компютер дохил намудани командаҳо ва матни ҳуҷҷатҳо пешбинӣ карда шудааст. Азбаски имрўз масъалаи аз тарафи компютер шинохтани овози инсон ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст, бинобар ҳамин ҳам клавиатура ягона воситае боқӣ мемонад, ки бо ёрии он истифодабаранда информатсияи ҳарфӣ-ададиро ба компютер дохил менамояд.

Ҳар як тугмаи (клавиш) клавиатура сарпўшеро мемонад, ки дар зери он калиди миниатурӣ (механикӣ ё мембранагӣ) ҷойгир шудааст. Микропротсессори начандон калоне, ки дар клавиатура ҷойгир аст, вазъи ин калидҳоро ба ҳисоб гирифта, пас аз ҳар як пахшкунӣ ва сардиҳии тугмаҳо ба компютер маълумоти заруриро равон менамояд.

klaviatura

Маълумотҳои ба компютер расида аз тарафи программаи махсус (системаи оператсионӣ) кор карда баромада мешаванд. Мувофиқи вазифаҳояшон ҳамаи тугмаҳои клавиатураро ба панҷ гурўҳ ҷудо менамоянд: блоки ҳарфӣ-рақамӣ, тугмаҳои функсионалӣ, блоки рақамӣ, тугмаҳои идоракунии курсор ва тугмаҳои ёрирасон (Расми 2). Дар компютерҳои модели кўҳнаи IBM PC XT клавиатураҳои 89-тугмадор истифода бурда мешуданд. Ҳоло ин компютерҳо истеҳсол карда намешаванд. Дар компютерҳои модели нави IBM PC AT бошад, клавиатураҳои 101-тугмадор ё 102-тугмадор истифода бурда Расми 2. Клавиатураи компютери IBM PC мешаванд. Гарчанде миқдори тугмаҳои клавиатураи компютерҳои портативӣ камтар бошанд ҳам, вале онҳо ба мисли клавиатураҳои 102-тугмадор кор мекунанд.

Программаҳои гуногун тугмаҳои клавиатураро метавонанд ба тарзҳои гуногун истифода баранд, яъне вобаста аз программаҳо функсияи тугмаҳо метавонад тағйир ёбад.

Қоидаҳои умумитарини истифодабарии тугмаҳоро дида мебароем.

Блоки ҳарфӣрақамӣ. Ин блок дар қисми мобайнӣ ва поёнии чапи клавиатура ҷойгир шуда, тугмаҳои он ранги сафед доранд. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран ҳарфҳои русӣ ё лотинӣ (вобаста аз реҷаи интихобкардашуда) ва рақамҳо ё символҳои (рамзҳо) махсус пайдо мешаванд.

Агар реҷаи кории клавиатура реҷаи дохилкунии ҳарфҳои алифбои лотинӣ бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ин блок дар экран символҳои дар қисми чапу болоии тугмаҳо ҷойгирбуда (ҳарфҳои лотинӣ ва баъзе символҳои китобатӣ) пайдо мешаванд. Ин қоида ба тугмаҳои сатри якуми блок (тугмаҳои рақамдор) дахл надорад. Ҳангоми пахши тугмаҳои ин сатр (дар ҳар ду реҷа ҳам) символҳои поёнии тугмаҳо (асосан рақамҳо ва символҳои ~, –, =) пайдо мешаванд. Барои ҳосил намудани символҳои болоии ин сатри блок (символҳои махсус) бошад, тугмаҳоионро дар якҷоягӣ бо тугмаи ёрирасони Shift пахш намудан лозим аст. Якҷоя пахшнамудани ду ё зиёда тугмаҳо он маъноро дорад, ки як тугмаро пахш карда истода, бо ангуштони дасти дуюм тугмаҳои дигарро пахш кардан лозим аст. Агар тугмаҳои ҳарфии блок дар якҷоягӣ бо тугмаи Shift пахш карда шавад, он гоҳ дар экран ҳарфҳои калони алифбои ҷорӣ ҳосил мешаванд. Азбаски дар клавиатура ҳам аз чапу ҳам аз рости блоки ҳарфӣ-рақамӣ ду тугмаи Shift ҷойгир шудаанд, фарқ надорад, ки мо кадоми онҳоро истифода мебарем. Кадоме аз онҳо барои кор қулайтар бошад, ҳамонашро пахш намудан мумкин аст. Маънои калимаи Shift (Шифт) лағжонидан, тағйир додан аст.

Агар реҷаи кории клавиатура реҷаи дохилкунии ҳарфҳои алифбои русӣ бошад, он гоҳ ҳангоми пахши тугмаҳои ҳарфии ин блок символҳои дар қисми росту поёнии тугмаҳо (ҳарфҳои русӣ ва баъзе символҳои махсус) ҷойгирбуда, дар экран пайдо мешаванд.

Барои аз як реҷа ба реҷаи дигари корӣ (аз алифбои русӣ ба лотинӣ ё баръакс) гузаштан, ягон тугма ё комбинатсияи тугмаҳоро пахш намудан лозим аст. Маҳз кадом тугмаро пахш намудан, аз программаи махсуси драйвери дохилкунии клавиатура номдошта вобаста аст. Баъзе драйверҳо пахш намудани тугмаи рости Ctrl , баъзеашон пахши якҷояи ҳар ду Shift ва баъзеашон дигар комбинатсияҳоро талаб менамоянд.

Агар матн танҳо аз ҳарфҳои калон иборат бошад, он гоҳ бо ёрии пахши тугмаи ёрирасони Caps Lock (Caps Lock – Кэпс Лок) ин корро ба осонӣ анҷом додан мумкин аст. Худи маънои Caps Lock низ бақайдгирии ҳарфҳои калон аст. Дар мавриди фаъол будани реҷаи ҳарфҳои калон индикатори Caps Lock, ки дар қисми росту болоии клавиатура ҷойгир аст, фурўзон мегардад. Агар дар ин ҳолат тугмаҳои ҳарфии блок дар якҷоягӣ бо тугмаи Shift пахш карда шаванд, он гоҳ дар экран ҳарфҳои хурд пайдо мешаванд. Пас, ин реҷа баръакси реҷаи муқаррарӣ кор мекардааст. Пахши такро- рии тугмаи Caps Lock реҷаи ҳарфҳои калонро бекор меку над ва индикатори ҳамноми он хомўш мегардад.

Дар қисми марказӣ ва аз ҳама поёни блоки ҳарфӣрақамӣ тугмаи дарозтарини клавиатура – тугмаи Пробел ҷойгир шудааст. Новобаста аз реҷаи кории клавиатура ё пахши тугмаи Shift ин тугма ҳамеша як вазифаро (функсияро) иҷро менамояд, ки он дохилкунии пробел (мавқеи холӣ) дар матн мебошад.

Тугмаҳои функсионалӣ. Сабаби асосии чунин ном гирифтани ин тугмаҳо аз он иборат аст, ки онҳо вобаста аз системаи оператсионӣ ва программаи амалии дар айни ҳол истифодашаванда, метавонад функсияҳои гуногунро иҷро намоянд. Тугмаҳои функсионалӣ одатан дар қисми болоии клавиатура, пеш аз блоки ҳарфӣ-рақамӣ ҷойгир шуда, бо ҳарфҳои F1, F2, …, F12 ишорат карда мешаванд. Баъзе программаҳо вазифа ва функсияҳои ин тугмаҳоро дар якҷоягӣ бо пахши тугмаҳои ёрирасони Ctrl ё Alt ё Shift низ муайян месозанд. Пахши тугмаи F1 дар аксарият программаҳо ба экран баровардани программаи маълумотдиҳанда (маълумотнома) аст.

Тугмаҳои идоракунии курсор. Тугмаҳои  ,  ,  ,  , Home , End , PgUp , PgDn тугмаҳои идоракунии курсор (kuқsoқ) ном доранд. Ин тугмаҳо дар байни блокҳои ҳарфӣ- рақамӣ ва рақамӣ ҷойгир шудаанд. Ҳангоми пахши ин тугмаҳо курсор мавқеъи худро дар экран тағйир медиҳад.

Курсор дар ҳар як программа метавонад, ягон шакли муайяни фигураҳои геометриро дошта бошад. Масалан, дар таҳриргари матнӣ одатан он шакли хатчаи амудӣ, дар дигар программаҳо шакли хатчаи милт-милткунандаи уфуқӣ, дар баъзеи дигарашон шакли квадрат, секунҷа ва ғайраҳоро дорад.

 Курсор – нишондиҳандаест, ки ба воситаи он дар экран мавқеи амалиётгузаронӣ муайян карда мешавад. Самти тугмаҳои тирчадор самти ҳаракати курсорро дар экран нишон медиҳад. Миқдори пахши ин тугмаҳо миқдори мавқеъҳои ҳаракати курсорро ба ин ё он самт ба танзим меорад. Вазифаи ин тугмаҳо чунин аст:

  •  – кўчонидани курсор ба як мавқеъ ба тарафи чап
  •  – кўчонидани курсор ба як мавқеъ ба тарафи рост
  •  – кўчонидани курсор ба як мавқеъ ба сатри болоӣ
  •  – кўчонидани курсор ба як мавқеъ ба сатри поёнӣ

Home

– кўчонидани курсор ба аввали сатр (Home – ибтидо, хона)

End – кўчонидани курсор ба охири сатр (End – интиҳо, охир) PgUp

– кўчонидани курсор ба як саҳифа (экран) боло (Page Up)

PgDn

– кўчонидани курсор ба як саҳифа (экран) поён (Page Down)

Ҳангоми пахши тугмаҳои идоракунии курсор дар якҷоягӣ бо тугмаҳои ёрирасони Ctrl , Alt ва Shift вазифаҳои онҳо тағйир дода мешаванд. Масалан, пахши якҷояи тугмаҳои Ctrl ва Home курсорро ба аввали матни ҳуҷҷат ва тугмаҳои Ctrl ва End бошад, ба охири матни он равона месозанд.

Блоки рақамӣ. Ин блок дар қисми рости клавиатура ҷойгир шудааст. Тугмаҳои ин блок вобаста аз реҷаи кориашон метавонанд ду функсияро иҷро намоянд. Агар тугмаи

Num Lock пахш ___________карда шуда бошад, он гоҳ ин блок барои дохилкунии рақамҳои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва амалҳои арифметикии +,-,*,/ хеле қулай аст. Дар ин маврид индикатори ҳамноми тугмаи Num Lock низ дар қисми болоии клавиатура фурўзон мегардад, ки маънои он бақайдгирии рақамҳо мебошад. Ҳангоми хомўш будани ин индикатор, функсияи тугмаҳои ин блок ба функ-сияи тугмаҳои идоракунии курсор табдил дода мешаванд.

Вазифаи тугмаҳои ёрирасон ва махсус:

Del ё Delete – барои несткунии символ ё фрагменти матни ҷудокардашудаи аз тарафи рости курсор ҷойгирбуда (Delete –несткунӣ, хориҷкунӣ);

BackSpace ё  – барои несткунии символ ё фрагменти матни ҷудокардашудаи аз тарафи чапи курсор ҷойгирбуда (BackSpace – ба қафо баргаштан);

Ins ё Insert – агар пахш карда шуда бошад, он гоҳ символи

мавҷуда ба символи дохилшаванда иваз карда мешавад. Дар

ҳолати акс, символи мавҷуда ба як мавқеъ ба тарафи рост

мелағжад ва ҷои онро символи дохилшаванда мегирад (Insert – гузоштан, илова кардан, ҳамроҳ кардан);

Enter ё – функсияҳои зиёд дорад. Масалан, барои дохилкунии командаҳо, гузаштан ба сатри нав, ба охиррасонии матни абзатс ва ғайраҳо (Enter – дохилкунӣ). Ин тугма дар ду блок ҳарфӣ-рақамӣ ва рақамӣ такрор мешавад;

Esc – бекоркунии иҷроиши команда, амалиёт ё баромадан аз реҷаи программа (Esc – гурехтан, баҷо шудан, бекор кардан);

Tab – ҳангоми таҳриркунии матнҳо – гузаштан ба мавқеи нави табулятсия (одатан якбора ба 8 мавқеъ). Дар баъзе программаҳо пахши ин тугма гузаштан аз як майдон ба майдони дигар, аз як сутун ба сутуни дигар ва ғайраҳоро ифода мекунад;

PrtSc – барои чопи информатсияи дар экран ҷойгирбуда ё нусхабардории файлии информатсияи экран ё ба буфери мубодила равон кардани он (Prtsc – PrintScreen);

Ctrl , Alt , Shift – ин тугмаҳо функсияи аниқ ва ягона надоранд.

Онҳо одатан бо дигар тугмаҳо якҷоя пахш карда шуда, вазифаҳои онҳоро дигаргун месозанд (Ctrl – control –

идоракунӣ, назораткунӣ, Alt – интихоби алтернативӣ, Shift – ҷойивазкунӣ). Ин тугмаҳо ба мисли тугмаҳои Enter , Del , Ins , Home , End ва ғайраҳо дар клавиатура ду маротиба такрор меёбанд.

Вазифаи баъзе тугмаҳо ва комбинатсияи онҳоро ҳангоми омўзиши мавзўъҳои мувофиқ дар оянда дида мебароем.

Саволҳо:

  1. Вазифаҳои клавиатура кадомҳоянд?
  2. Информатсия ба воситаи клавиатура чи тавр ба компютер дохил карда мешавад?
  3. Тугмаҳои клавиатураро шартан ба чанд гурўҳ ҷудо менамоянд?
  4. Оё функсияҳои тугмаҳои клавиатура доимо якхелаанд ё вобаста аз программаҳо тағйир ёфта меистанд?
  5. Блоки ҳарфӣ-рақамӣ дар кадом қисми клавиатура ҷойгир шудааст ва кадом функсияҳоро иҷро менамояд?
  6. Пахши якҷояи ду ё се тугма чӣ маъно дорад?
  7. Чӣ гуна аз ҳарфҳои хурди алифбои ҷорӣ ба ҳарфҳои калони он гузаштан мумкин аст?
  8. Кадом усулҳои аз реҷаи алифбои лотинӣ ба русӣ ва баръакс гузаштанро медонед?
  9. Тугмаҳои функсионалӣ кадом вазифаҳоро иҷро менамоянд?
  10. Тугмаҳои идоракунии курсор кадомҳоянд ва дар кадом қисми клавиатура ҷойгир шудаанд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Функсияҳои тугмаҳои идоракунии курсор ва тугмаҳои ёрирасону махсусро дар шакли таблитса тасвир намоед.
  3. Дар клавиатураи синфхонаи компютерӣ тугмаҳоро пахш намоед ва бинед, ки дар экран чӣ ҳодиса рўй медиҳад.

Инчунин кобед

opti1

Дохилкунии информатсия ба Компютер

Компютер ахборро фақат дар шакли ададӣ таҳия мекунад. Ҳамаи ахбори дигар (садо, тасвир, рамз, нишондоди …