Главная / Техника / КЛАВИАТУРА

КЛАВИАТУРА

Клавиатура барои ба компютер дохил намудани командахо ва матни хуччатхо пешбини карда шудааст. Азбаски имруз масъалаи аз тарафи компютер шинохтани овози инсон ба пурраги халли худро наёфтааст, бинобар хамин хам клавиатура ягона воситае боки мемонад, ки бо ёрии он истифодабаранда информатсияи харфи-ададиро ба компютер дохил менамояд.

Хар як тугмаи (клавиш) клавиатура сарпушеро мемонад, ки дар зери он калиди миниатури (механики ё мембранаги) чойгир шудааст. Микропротсессори начандон калоне, ки дар клавиатура чойгир аст, вазъи ин калидхоро ба хисоб гирифта, пас аз хар як пахшкуни ва сардихии тугмахо ба компютер маълумоти заруриро равон менамояд.

klaviatura

Маълумотхои ба компютер расида аз тарафи программаи махсус (системаи оператсиони) кор карда баромада мешаванд. Мувофики вазифахояшон хамаи тугмахои клавиатураро ба панч гурух чудо менамоянд: блоки харфи-раками, тугмахои функсионали, блоки раками, тугмахои идоракунии курсор ва тугмахои ёрирасон (Расми 2). Дар компютерхои модели кухнаи IBM PC XT клавиатурахои 89-тугмадор истифода бурда мешуданд. Холо ин компютерхо истехсол карда намешаванд. Дар компютерхои модели нави IBM PC AT бошад, клавиатурахои 101-тугмадор ё 102-тугмадор истифода бурда Расми 2. Клавиатураи компютери IBM PC мешаванд. Гарчанде микдори тугмахои клавиатураи компютерхои портативи камтар бошанд хам, вале онхо ба мисли клавиатурахои 102-тугмадор кор мекунанд.

Программахои гуногун тугмахои клавиатураро метавонанд ба тарзхои гуногун истифода баранд, яъне вобаста аз программахо функсияи тугмахо метавонад тагйир ёбад.

Коидахои умумитарини истифодабарии тугмахоро дида мебароем.

Блоки харфираками. Ин блок дар кисми мобайни ва поёнии чапи клавиатура чойгир шуда, тугмахои он ранги сафед доранд. Хангоми пахши тугмахои ин блок дар экран харфхои руси ё лотини (вобаста аз речаи интихобкардашуда) ва ракамхо ё символхои (рамзхо) махсус пайдо мешаванд.

Агар речаи кории клавиатура речаи дохилкунии харфхои алифбои лотини бошад, он гох хангоми пахши тугмахои ин блок дар экран символхои дар кисми чапу болоии тугмахо чойгирбуда (харфхои лотини ва баъзе символхои китобати) пайдо мешаванд. Ин коида ба тугмахои сатри якуми блок (тугмахои ракамдор) дахл надорад. Хангоми пахши тугмахои ин сатр (дар хар ду реча хам) символхои поёнии тугмахо (асосан ракамхо ва символхои ~, –, =) пайдо мешаванд. Барои хосил намудани символхои болоии ин сатри блок (символхои махсус) бошад, тугмахоионро дар якчояги бо тугмаи ёрирасони Shift пахш намудан лозим аст. Якчоя пахшнамудани ду ё зиёда тугмахо он маъноро дорад, ки як тугмаро пахш карда истода, бо ангуштони дасти дуюм тугмахои дигарро пахш кардан лозим аст. Агар тугмахои харфии блок дар якчояги бо тугмаи Shift пахш карда шавад, он гох дар экран харфхои калони алифбои чори хосил мешаванд. Азбаски дар клавиатура хам аз чапу хам аз рости блоки харфи-раками ду тугмаи Shift чойгир шудаанд, фарк надорад, ки мо кадоми онхоро истифода мебарем. Кадоме аз онхо барои кор кулайтар бошад, хамонашро пахш намудан мумкин аст. Маънои калимаи Shift (Шифт) лагжонидан, тагйир додан аст.

Агар речаи кории клавиатура речаи дохилкунии харфхои алифбои руси бошад, он гох хангоми пахши тугмахои харфии ин блок символхои дар кисми росту поёнии тугмахо (харфхои руси ва баъзе символхои махсус) чойгирбуда, дар экран пайдо мешаванд.

Барои аз як реча ба речаи дигари кори (аз алифбои руси ба лотини ё баръакс) гузаштан, ягон тугма ё комбинатсияи тугмахоро пахш намудан лозим аст. Махз кадом тугмаро пахш намудан, аз программаи махсуси драйвери дохилкунии клавиатура номдошта вобаста аст. Баъзе драйверхо пахш намудани тугмаи рости Ctrl , баъзеашон пахши якчояи хар ду Shift ва баъзеашон дигар комбинатсияхоро талаб менамоянд.

Агар матн танхо аз харфхои калон иборат бошад, он гох бо ёрии пахши тугмаи ёрирасони Caps Lock (Caps Lock – Кэпс Лок) ин корро ба осони анчом додан мумкин аст. Худи маънои Caps Lock низ бакайдгирии харфхои калон аст. Дар мавриди фаъол будани речаи харфхои калон индикатори Caps Lock, ки дар кисми росту болоии клавиатура чойгир аст, фурузон мегардад. Агар дар ин холат тугмахои харфии блок дар якчояги бо тугмаи Shift пахш карда шаванд, он гох дар экран харфхои хурд пайдо мешаванд. Пас, ин реча баръакси речаи мукаррари кор мекардааст. Пахши такро- рии тугмаи Caps Lock речаи харфхои калонро бекор меку над ва индикатори хамноми он хомуш мегардад.

Дар кисми маркази ва аз хама поёни блоки харфираками тугмаи дарозтарини клавиатура – тугмаи Пробел чойгир шудааст. Новобаста аз речаи кории клавиатура ё пахши тугмаи Shift ин тугма хамеша як вазифаро (функсияро) ичро менамояд, ки он дохилкунии пробел (мавкеи холи) дар матн мебошад.

Тугмахои функсионали. Сабаби асосии чунин ном гирифтани ин тугмахо аз он иборат аст, ки онхо вобаста аз системаи оператсиони ва программаи амалии дар айни хол истифодашаванда, метавонад функсияхои гуногунро ичро намоянд. Тугмахои функсионали одатан дар кисми болоии клавиатура, пеш аз блоки харфи-раками чойгир шуда, бо харфхои F1, F2, …, F12 ишорат карда мешаванд. Баъзе программахо вазифа ва функсияхои ин тугмахоро дар якчояги бо пахши тугмахои ёрирасони Ctrl ё Alt ё Shift низ муайян месозанд. Пахши тугмаи F1 дар аксарият программахо ба экран баровардани программаи маълумотдиханда (маълумотнома) аст.

Тугмахои идоракунии курсор. Тугмахои  ,  ,  ,  , Home , End , PgUp , PgDn тугмахои идоракунии курсор (kuкsoк) ном доранд. Ин тугмахо дар байни блокхои харфи- раками ва раками чойгир шудаанд. Хангоми пахши ин тугмахо курсор мавкеъи худро дар экран тагйир медихад.

Курсор дар хар як программа метавонад, ягон шакли муайяни фигурахои геометриро дошта бошад. Масалан, дар тахриргари матни одатан он шакли хатчаи амуди, дар дигар программахо шакли хатчаи милт-милткунандаи уфуки, дар баъзеи дигарашон шакли квадрат, секунча ва гайрахоро дорад.

 Курсор – нишондихандаест, ки ба воситаи он дар экран мавкеи амалиётгузарони муайян карда мешавад. Самти тугмахои тирчадор самти харакати курсорро дар экран нишон медихад. Микдори пахши ин тугмахо микдори мавкеъхои харакати курсорро ба ин ё он самт ба танзим меорад. Вазифаи ин тугмахо чунин аст:

  •  – кучонидани курсор ба як мавкеъ ба тарафи чап
  •  – кучонидани курсор ба як мавкеъ ба тарафи рост
  •  – кучонидани курсор ба як мавкеъ ба сатри болои
  •  – кучонидани курсор ба як мавкеъ ба сатри поёни

Home

– кучонидани курсор ба аввали сатр (Home – ибтидо, хона)

End – кучонидани курсор ба охири сатр (End – интихо, охир) PgUp

– кучонидани курсор ба як сахифа (экран) боло (Page Up)

PgDn

– кучонидани курсор ба як сахифа (экран) поён (Page Down)

Хангоми пахши тугмахои идоракунии курсор дар якчояги бо тугмахои ёрирасони Ctrl , Alt ва Shift вазифахои онхо тагйир дода мешаванд. Масалан, пахши якчояи тугмахои Ctrl ва Home курсорро ба аввали матни хуччат ва тугмахои Ctrl ва End бошад, ба охири матни он равона месозанд.

Блоки раками. Ин блок дар кисми рости клавиатура чойгир шудааст. Тугмахои ин блок вобаста аз речаи кориашон метавонанд ду функсияро ичро намоянд. Агар тугмаи

Num Lock пахш ___________карда шуда бошад, он гох ин блок барои дохилкунии ракамхои 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва амалхои арифметикии +,-,*,/ хеле кулай аст. Дар ин маврид индикатори хамноми тугмаи Num Lock низ дар кисми болоии клавиатура фурузон мегардад, ки маънои он бакайдгирии ракамхо мебошад. Хангоми хомуш будани ин индикатор, функсияи тугмахои ин блок ба функ-сияи тугмахои идоракунии курсор табдил дода мешаванд.

Вазифаи тугмахои ёрирасон ва махсус:

Del ё Delete – барои несткунии символ ё фрагменти матни чудокардашудаи аз тарафи рости курсор чойгирбуда (Delete –несткуни, хоричкуни);

BackSpace ё  – барои несткунии символ ё фрагменти матни чудокардашудаи аз тарафи чапи курсор чойгирбуда (BackSpace – ба кафо баргаштан);

Ins ё Insert – агар пахш карда шуда бошад, он гох символи

мавчуда ба символи дохилшаванда иваз карда мешавад. Дар

холати акс, символи мавчуда ба як мавкеъ ба тарафи рост

мелагжад ва чои онро символи дохилшаванда мегирад (Insert – гузоштан, илова кардан, хамрох кардан);

Enter ё – функсияхои зиёд дорад. Масалан, барои дохилкунии командахо, гузаштан ба сатри нав, ба охиррасонии матни абзатс ва гайрахо (Enter – дохилкуни). Ин тугма дар ду блок харфи-раками ва раками такрор мешавад;

Esc – бекоркунии ичроиши команда, амалиёт ё баромадан аз речаи программа (Esc – гурехтан, бачо шудан, бекор кардан);

Tab – хангоми тахриркунии матнхо – гузаштан ба мавкеи нави табулятсия (одатан якбора ба 8 мавкеъ). Дар баъзе программахо пахши ин тугма гузаштан аз як майдон ба майдони дигар, аз як сутун ба сутуни дигар ва гайрахоро ифода мекунад;

PrtSc – барои чопи информатсияи дар экран чойгирбуда ё нусхабардории файлии информатсияи экран ё ба буфери мубодила равон кардани он (Prtsc – PrintScreen);

Ctrl , Alt , Shift – ин тугмахо функсияи аник ва ягона надоранд.

Онхо одатан бо дигар тугмахо якчоя пахш карда шуда, вазифахои онхоро дигаргун месозанд (Ctrl – control –

идоракуни, назораткуни, Alt – интихоби алтернативи, Shift – чойивазкуни). Ин тугмахо ба мисли тугмахои Enter , Del , Ins , Home , End ва гайрахо дар клавиатура ду маротиба такрор меёбанд.

Вазифаи баъзе тугмахо ва комбинатсияи онхоро хангоми омузиши мавзуъхои мувофик дар оянда дида мебароем.

Саволхо:

  1. Вазифахои клавиатура кадомхоянд?
  2. Информатсия ба воситаи клавиатура чи тавр ба компютер дохил карда мешавад?
  3. Тугмахои клавиатураро шартан ба чанд гурух чудо менамоянд?
  4. Оё функсияхои тугмахои клавиатура доимо якхелаанд ё вобаста аз программахо тагйир ёфта меистанд?
  5. Блоки харфи-раками дар кадом кисми клавиатура чойгир шудааст ва кадом функсияхоро ичро менамояд?
  6. Пахши якчояи ду ё се тугма чи маъно дорад?
  7. Чи гуна аз харфхои хурди алифбои чори ба харфхои калони он гузаштан мумкин аст?
  8. Кадом усулхои аз речаи алифбои лотини ба руси ва баръакс гузаштанро медонед?
  9. Тугмахои функсионали кадом вазифахоро ичро менамоянд?
  10. Тугмахои идоракунии курсор кадомхоянд ва дар кадом кисми клавиатура чойгир шудаанд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Функсияхои тугмахои идоракунии курсор ва тугмахои ёрирасону махсусро дар шакли таблитса тасвир намоед.
  3. Дар клавиатураи синфхонаи компютери тугмахоро пахш намоед ва бинед, ки дар экран чи ходиса руй медихад.

Инчунин кобед

Кисмхои компютерхои фарди

Пеш аз хама аз таъминоти дастгохии компютери фарди огоз менамоем: Расми кисмхои асосии компютер Чи …