Главная / Илм / «КИФОЯИ МАНСУРӣ»

«КИФОЯИ МАНСУРӣ»

«КИФОЯИ МАНСУРӣ», асари Мансур ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Кашмирӣ дар боби тиб, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Номи дигари китоб «Кифояи муҷоҳидия» буда, с. 1423 таълиф шудааст. Муаллиф онро ба ҳокими Кашмир Султон Зайнулобидин (1422 – 1472) бахшидааст. Мундариҷаи «К. М.» ихтисоран ҳамаи қисматҳои тибби қадимро дарбар гирифта, баъзе тақсимот ва мавзӯъҳои он ба тарзи хос ва нав баён гаштаанд. «К. М.» аз муқаддима ва 32 боб (мавзӯъ) иборат буда, ба асосҳои назарӣ ва амалии тиб бахшида шудааст. Мас., дар китоб оид ба тадбири ҳаммом чунин омадааст: «… вақти ҳаммом рафтан он гоҳ бошад, ки ғизо ҳазм шуда бошад. Ва ба тадриҷ дар андаруни ҳаммом бояд рафт, яъне дар хонаи аввал замоне таваққуф бояд кард, пас дар хонаи дуюм, пас дар хонаи сеюм раванд ва об бар замин бирезанд… Ва касе, ки ӯро варам ё таби афин (септикӣ) бувад, дар ҳаммом набояд рафт… Оббозӣ ба оби сард барои тавони гарммизоҷ дар тобистон муносиб аст. Ва аммо бачагон ва пиронро ва касеро, ки гирифтори исҳол ё назла бошад, ба оби сард нишастан зарарнок мебошад…».
Дар «К. М.» оид ба аломат ва сабабҳои беморӣ, хилтҳо (хун, балғам, талха ва савдо), аъзои бадан, сабабҳои саломатӣ, мизоҷ ва аломатҳои он, ҳаво, ҳаракати нафсонӣ, ҳаракат ва оромии бадан, хоб ва бедорӣ, таом ва нӯшокиҳо, қабз ва ихроҷи моддаҳои ҷамъшуда, фарбеҳӣ, набз, бӯҳрон, тадбири тифли навзод, пирон, мусофирон, ҳаммом, бемориҳои пӯст, мӯй, шикасти устухон, муолиҷаи бемориҳо аз сар то по, зикри давоҳои ғайри таркибӣ, табиат ва таъсири онҳо, гӯшт, мева, сабзавот, давоҳои таркибӣ (24 навъи онҳо) сухан меравад.
Нусхаи дастхати «К. М.» дар Лакҳнав (Ҳиндустон) маҳфуз буда, дар ҳамон ҷо 5 маротиба ба табъ расидааст.
Ад.: Ҳикмати асрҳо (Мунтахабот аз рисола ва луғатҳои тибби қадим), тартиб.: Капранов В. А., Р. Ҳошим, Д., 1975.
Т. Аҳмадов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …