Главная / Илм / «КИФОЯИ МАНСУРи»

«КИФОЯИ МАНСУРи»

«КИФОЯИ МАНСУРи», асари Мансур ибни Мухаммад ибни Ахмади Кашмири дар боби тиб, ки ба забони форси-точики навишта шудааст. Номи дигари китоб «Кифояи мучохидия» буда, с. 1423 таълиф шудааст. Муаллиф онро ба хокими Кашмир Султон Зайнулобидин (1422 – 1472) бахшидааст. Мундаричаи «К. М.» ихтисоран хамаи кисматхои тибби кадимро дарбар гирифта, баъзе таксимот ва мавзуъхои он ба тарзи хос ва нав баён гаштаанд. «К. М.» аз мукаддима ва 32 боб (мавзуъ) иборат буда, ба асосхои назари ва амалии тиб бахшида шудааст. Мас., дар китоб оид ба тадбири хаммом чунин омадааст: «… вакти хаммом рафтан он гох бошад, ки гизо хазм шуда бошад. Ва ба тадрич дар андаруни хаммом бояд рафт, яъне дар хонаи аввал замоне таваккуф бояд кард, пас дар хонаи дуюм, пас дар хонаи сеюм раванд ва об бар замин бирезанд… Ва касе, ки уро варам ё таби афин (септики) бувад, дар хаммом набояд рафт… Оббози ба оби сард барои тавони гарммизоч дар тобистон муносиб аст. Ва аммо бачагон ва пиронро ва касеро, ки гирифтори исхол ё назла бошад, ба оби сард нишастан зарарнок мебошад…».
Дар «К. М.» оид ба аломат ва сабабхои бемори, хилтхо (хун, балгам, талха ва савдо), аъзои бадан, сабабхои саломати, мизоч ва аломатхои он, хаво, харакати нафсони, харакат ва оромии бадан, хоб ва бедори, таом ва нушокихо, кабз ва ихрочи моддахои чамъшуда, фарбехи, набз, бухрон, тадбири тифли навзод, пирон, мусофирон, хаммом, беморихои пуст, муй, шикасти устухон, муоличаи беморихо аз сар то по, зикри давохои гайри таркиби, табиат ва таъсири онхо, гушт, мева, сабзавот, давохои таркиби (24 навъи онхо) сухан меравад.
Нусхаи дастхати «К. М.» дар Лакхнав (Хиндустон) махфуз буда, дар хамон чо 5 маротиба ба табъ расидааст.
Ад.: Хикмати асрхо (Мунтахабот аз рисола ва лугатхои тибби кадим), тартиб.: Капранов В. А., Р. Хошим, Д., 1975.
Т. Ахмадов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …