Главная / Илм / КАРОБОДИН

КАРОБОДИН

zakoiКАРОБОДИН, акрободин, акрабодин, акрабозин, каробозин, дар истилохи тиб як кисм аз илми дорушиносист, ки конуну коида, тарикаи тахия, анвоъ ва барои кадом беморихо ба кор бурдани дорухои мураккабро меомузад. Хамчунин китобхоеро, ки оид ба ин соха таълиф шудаанд, К. меноманд. К. муарраби юнонии «graphidion» буда, маънои лафзияш «рисолаи мухтасар» аст. Ин лафз аз тарики забони суриёни ба забонхои араби ва форси интикол ёфта, маъмул гаштааст. Мафхуми К. дар тибби имруза бо ду истилох ифода ёфтааст: «Pharmaсopea» ва «Formulairea». Аввалин К.-е, ки дар шарки исломи ба забони араби таълиф шудааст, К.-и табиби эрони Собур ибни Сахли Гундишопури (ваф. 869) мебошад. Минбаъд К.-хои зиёде ба забонхои араби ва точики таълиф шудаанд, мас., К.-и ибни Тилмиз (ваф. 1165), К.-и Бадриддини Калонаси (ваф. 1194), К.-и Начибуддини Самарканди (ваф. 1222), К.-и Мухаммадакбари Дехлави(ваф. 1718), К.-и кабири Мухаммадхусайни Муршидободи, К.-и аъзами Мухаммадаъзами Ромпури (ваф. 1902) ва г.
Ад.: «Абхосу-н-надвати-л-оламияти-л-уло ли таърихи-л-улум инда-л-араб», ч. 1, Халаб, 1977.

С. Шахобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …