Главная / Илм / КАРДИОГРАММА

КАРДИОГРАММА

kardiogrammaКАРДИОГРАММА (аз кардио… ва gramma – тасвир, акс), навиштаи кори дил, ки дар коғаз ё плёнкаи суратгирӣ акс карда мешавад. Барои ба даст овардани К. аз электрокардиограф, баллистокардиограф ва ғ. истифода мекунанд. Аз рӯи К. оид ба басомади кашиш, ҳолати мушакҳо ва вазъи умумии дил метавон хулоса баровард. Ченаки аниқи К. басомади кашиши дил аст, ки онро фаъолияти электрӣ ё низоми кори дил меноманд. К. аниқ муқаррар мекунад, ки низоми кори дил чи гуна аст, таппиши қалб беш аст ё кам. Оид ба ҳолати мушаки дил аз рӯи нуфузи сигналҳои электрӣ ба воситаи бофтаҳо хулоса мебароранд. Ҳар як бофтаи зарардида ё мавтгашта ба раванди аз он гузаштани сигналҳои электрӣ таъсир мерасонад. Бинобар ин духтури кардиолог К.-ро хонда, оид ба зуҳуроти сактаи дил, мавқеи мушаки осебёфтаи қалб, бофтаи мавтшуда ва карахш ҳосил кардани он хулоса мебарорад. Маълумоти аниқи К. дар бораи ҳолати умумии дил фақат дар мавриди ҳаракати ҷисмонии пуршиддат имконпазир аст. Одамони гирифтори бемории гипертония, тамокукаш, савияи холестеринашон баланд бояд мунтазам К. гиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …