Главная / Илм / КАРДИОГРАММА

КАРДИОГРАММА

kardiogrammaКАРДИОГРАММА (аз кардио… ва gramma – тасвир, акс), навиштаи кори дил, ки дар когаз ё плёнкаи суратгири акс карда мешавад. Барои ба даст овардани К. аз электрокардиограф, баллистокардиограф ва г. истифода мекунанд. Аз руи К. оид ба басомади кашиш, холати мушакхо ва вазъи умумии дил метавон хулоса баровард. Ченаки аники К. басомади кашиши дил аст, ки онро фаъолияти электри ё низоми кори дил меноманд. К. аник мукаррар мекунад, ки низоми кори дил чи гуна аст, таппиши калб беш аст ё кам. Оид ба холати мушаки дил аз руи нуфузи сигналхои электри ба воситаи бофтахо хулоса мебароранд. Хар як бофтаи зарардида ё мавтгашта ба раванди аз он гузаштани сигналхои электри таъсир мерасонад. Бинобар ин духтури кардиолог К.-ро хонда, оид ба зухуроти сактаи дил, мавкеи мушаки осебёфтаи калб, бофтаи мавтшуда ва карахш хосил кардани он хулоса мебарорад. Маълумоти аники К. дар бораи холати умумии дил факат дар мавриди харакати чисмонии пуршиддат имконпазир аст. Одамони гирифтори бемории гипертония, тамокукаш, савияи холестеринашон баланд бояд мунтазам К. гиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …