Главная / Илм / КАМАРДИНОВ Хушкадам Курбонович

КАМАРДИНОВ Хушкадам Курбонович

nophoto-manКАМАРДИНОВ Хушкадам Курбонович (тав. 26. 5. 1933, дехаи Ишкошими ВМКБ), духтури беморихои сирояти, доктори илми тиб (1985), проф. (1986), Аълочии нигахдории тандурустии ИЧШС (1968), Аълочии нерухои сархадии ИЧШС (дарачаи I ва II), Духтури шоистаи Чумхурии Точикистон (1994), барандаи Чоизаи ба номи Е.Н. Павловскийи АИ ЧТ (2009). Хатмкардаи факултаи муоличавии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1958). Сардухтур, чон. сардухтури Беморхонаи марказии нох. Ишкошим (1958 – 60), ассистент (1964 – 78), дотсент (1978 – 80), мудир (1980 – 2008) ва проф. кафедраи беморихои сироятии ДДТТ (аз с. 2008). Муаллифи беш аз 300 асару маколаи илми оиди паразитология, хамчунин пахншави, чараён ва роххои муоличаи беморихои сирояти мебошад (мас., таби хунрези осиёимиёнаги, сухтани, варача, лептоспироз, брутселлёз, гулузиндонак, ботулизм, исхоли хунин ва г.). Сахми К. хоса дар омузиш ва баррасии бемории фастсиоллёз калон аст. Муаллифи 18 тавсияномаи методи ва 9 навоварист. Солхост, ки мушовир оид ба беморихои сироятии Раёсати тандурустии вил. Хатлон ва минтакаи Кулоб мебошад. Зери рохбарии у 1 наф. рисолаи доктори ва 3 наф. рисолаи номзади дифоъ кардааст. Дар ташхис ва пешгирии бемории лептоспироз дар нох. Балчувон (1993) ва дар пешгирии эпидемияи домана дар ш. Кулобу навохии атрофи он (1996) сахми арзанда гузошт. Дар бартараф сохтани хавфи эпидемияи вабо дар нох. Фархор низ фаъолона ширкат варзидааст (1995). Дар мавзуи «Чараёни грипп ва оризахои он вобаста ба хусусияти микрофлораи пайдокарда» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Фастсиоллёзи одам дар Точикистон» рисолаи доктори дифоъ кардааст. К. яке аз муаллифони ду Барномаи миллии ЧТ мебошад (1997, 2000). Бо ташаббуси у дар назди Беморхонаи касалихои сирояти Маркази паразитологи оид ба омузиши клиника, ташхис ва муоличаи фастсиоллёз, варача, лейшманиоз, гелминтозхо таъсис ёфтааст. Раиси Чамъияти илмии духтурони беморихои сироятии Точикистон (аз с. 1981), сармутахассиси Вазорати тандурустии ЧТ (1985 – 2008). Бо медали «Ветерани мехнат» мукофотонида шудааст.
Ос.: Клинико-эпидемиологическая характеристика фасциоллёза, Д., 1983; Беморихои сирояти (китоби дарси), Д., 2000; Квалификационные тесты по маляриологии, Д., 2002; Фасциоллёз человека, Д., 2003; Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003; Инфекционные болезни человека (китоби дарси), Д., 2005; Тропическая малярия в Таджикистане, Д., 2006; Клиника опасных инфекционных болезней, Д., 2007; Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …