Главная / Илм / ҚАҲҲОРОВ Мубин Рауфович

ҚАҲҲОРОВ Мубин Рауфович

nophoto-manҚАҲҲОРОВ Мубин Рауфович (тав. 17. 05. 1968, ш. Душанбе), доктори илми тиб (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1993). Ординатори клиникӣ (1993 – 95) ва аспиранти (1995 – 97) кафедраи ҷарроҳии факултавии ДДТТ, ассистенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби филиали Хуҷандии ДДТТ (1997 – 2000), аспиранти шӯъбаи ҷарроҳии шиками Ин-ти ҷарроҳии ба номи А.В. Вишневскийи АИТ Федератсияи Россия (2000 – 01), докторанти шӯъбаи ҷарроҳии ҷигари ҳамин институт (2001 – 03). Аз с. 2004 мудири кафедраи ҷарроҳӣ бо курси анатомияи топографии Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (дар. ш. Хуҷанд). Дар мавзӯи «Баҳои клиникӣ ва ислоҳи ихтилоли фаъолияти меъда ҳангоми стенози захмии баромадгоҳи меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Эхинококкози ҷигар. Ҷанбаҳои нави ташхис ва ҷарроҳӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 60 асару мақолаҳои илмист. Дар клиникаи Донишгоҳҳои Манхайм (2004) ва Хайделберги Олмон (2007) кор омӯхтааст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд. Узви Ассотсиатсияи ҷарроҳони Олмон, Ассотсиатсияи ҷарроҳон-гепатологҳои ИДМ, Ассотсиатсияи ҷарроҳон-герниологҳои ИДМ, раиси Ҷамъияти ҷарроҳони вил. Суғд.
Ос.: Оптимизации хирургического лечения осложненных постбульбарных язв двенадцатиперстной кишки, Д., 1996; Обосновано-ли удаление фиброзной капсулы при эхинококкэктомии из печени. «Хирургия», 2003, № 3; Аллопластика в хирургическом лечении послеоперационных вентральных грыж. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2008, № 1, 2.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …