Главная / Илм / КАХХОРОВ Мубин Рауфович

КАХХОРОВ Мубин Рауфович

nophoto-manКАХХОРОВ Мубин Рауфович (тав. 17. 05. 1968, ш. Душанбе), доктори илми тиб (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1993). Ординатори клиники (1993 – 95) ва аспиранти (1995 – 97) кафедраи чаррохии факултавии ДДТТ, ассистенти кафедраи беморихои чаррохиталаби филиали Хучандии ДДТТ (1997 – 2000), аспиранти шуъбаи чаррохии шиками Ин-ти чаррохии ба номи А.В. Вишневскийи АИТ Федератсияи Россия (2000 – 01), докторанти шуъбаи чаррохии чигари хамин институт (2001 – 03). Аз с. 2004 мудири кафедраи чаррохи бо курси анатомияи топографии Донишгохи такмили ихтисоси кормандони тибби Точикистон (дар. ш. Хучанд). Дар мавзуи «Бахои клиники ва ислохи ихтилоли фаъолияти меъда хангоми стенози захмии баромадгохи меъда ва рудаи дувоздахангушта рисолаи номзади ва дар мавзуи «Эхинококкози чигар. Чанбахои нави ташхис ва чаррохи» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 60 асару маколахои илмист. Дар клиникаи Донишгоххои Манхайм (2004) ва Хайделберги Олмон (2007) кор омухтааст. Тахти рохбарии у 2 наф. рисолахои номзади дифоъ намудаанд. Узви Ассотсиатсияи чаррохони Олмон, Ассотсиатсияи чаррохон-гепатологхои ИДМ, Ассотсиатсияи чаррохон-герниологхои ИДМ, раиси Чамъияти чаррохони вил. Сугд.
Ос.: Оптимизации хирургического лечения осложненных постбульбарных язв двенадцатиперстной кишки, Д., 1996; Обосновано-ли удаление фиброзной капсулы при эхинококкэктомии из печени. «Хирургия», 2003, № 3; Аллопластика в хирургическом лечении послеоперационных вентральных грыж. «Здравоохранение Таджикистана», Д., 2008, № 1, 2.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

magniy

МАГНИЙ

МАГНИЙ (Magnesium), Mg, элементи химиявии гурухи II системаи даврии Менделеев, раками ат. 12, массаи ат. …