Главная / Илм / КАЧШАВИИ СУТУНМуХРА

КАЧШАВИИ СУТУНМуХРА

kachshavii-sutunmuhraКАЧШАВИИ СУТУНМуХРА (Gibbositas), як навъ иллати сутунмухра. К. с. cе навъ мешавад: пахлуи – сколиоз (ба пахлу кач шудани сутунмухра), аз пеш – лордоз (барчастагии сандуки сина) ва аз акиб – кифоз. Ин гуна качихо бо мурури инкишофи организм, хусусан баъди ба пой истодану рохгардиро омухтани тифл, ташаккул меёбанд. Ходисаи мазкурро на качшави, балки холати физиологи меноманд (лордози физиологи дар кисми гардан ва сутунмухра, кифози физиологи дар кисми гардан ва сутунмухра, кифози физиологи дар сина ва чорбанд). Хангоми аз пеш кач шудани сутунмухра аз акиб хилофи онро мебинем; ба чои инкишофи мураттаби физиологи дар кисмхои кафаси сина ва тахтапушт кузапуштию барчастагии кафаси сина ё акси он ба амал меояд. Азбаски сколиози физиологи вучуд надорад, бинобар ин хар гуна К. с. – ро дар кадом хиссаи он набошад, качпахлуи меноманд.
Сколиоз бисёр вакт модарзоди (аз инкишофи нодурусти мухраи аррапушт) бошад хам, ба он бештар кудакони синнашон аз 5 то 15-сола, хусусан мактаббачагон гирифтор мешаванд. Тарзи нишасти нодурусти кудакон дар мактаб боиси нобаробар таксим шудани вазнини ба сутунмухра ва мушакхои тахтапушт мегардад. Сустии мушакхои тахтапушт, тарзи нишасти нодуруст, барчастагии шона – ин хама нишонахои ба як тараф кач шудани сутунмухра мебошанд. Баъдтар дар бандаки сутунмухра дигаргуни ба амал омада, К. с. шакли устуворро мегирад. Сколиоз окибати дар кудаки аз сар гузаронидани бемории рахит аст. Одамони калонсол ба он аз вазни бехад зиёду тулонии нобаробар ба мушакхои тахтапушт (ба ном иллати касбии гиччакнавоз, дузанда, хаммол) гирифтор мешаванд. Дар интихои инкишофи устухонбанди К. с. суст ривоч меёбад ва то дарачае, ки дар кудакон мебинем, рафта намерасад. Сколиоз баъзан аз шикастани сутунмухра ё бинобар бемори тагйир ёфтани он (хусусан аз бемории сил) бештар рух менамояд. Инчунин аз кутохии пой мачбуран ба як тараф кач шуда рох рафтан сабаби пайдоиши сколиози амали мегардад.
К. с. хангоми такрор ёфтани шаклхои сколиози гайриирси аз он огоз мегардад, ки аснои хаста шудани мушакхои тахтапушт сутунмухра андак ба як тараф кач мешавад. Пас аз истирохат он бархам мехурад. Ин мархалаи аввал аст. Дар мархалаи дуюм шакли кафаси сина тагийр меёбад, китфу шонаи тарафи барчаста нисбат ба фурурафта болотар буда, качи бетагийр мемонад; фаъолияти сутунмухра якбора махдуд мегардад. Хар як фишори чисмони хастагиовар буда, одам аз дарди мушаку байни кабургахо (невралгия) шикоят мекунад. Гайр аз ин сколиози вазнин боиси тагийр ёфтани узвхои даруни гардида, кори онхоро мушкил месозад.
Пешгирии сколиоз назар ба табобати он самарабахш аст. Баробари пайдо шудани нишонахои аввалини сколиози модарзод барои кудак бояд тартибе таъин шавад, ки кори тарафи нокиси сутунмухраро осон кунад. Машкхои чисмоние, ки духтур тавсия кардааст (масх, бозихои серхаракат ва г.), бояд катъиян риояву ичро шаванд; гайр аз ин кабули ваннахои офтоби ва хавои, истеъмоли хуроки сергизоро пешбини мекунанд. Барвакт муайян намудани сколиози модарзод ва дар давоми муолича пурсаброна ичро кардани хамаи тавсияхои духтур, натичахои хуб мебахшанд.
Барои пешгирии сколиози бачахо, аз чумла хонандагон, чои хоби хамвор, дуруст нишастан дар паси парта ва миз, равшан кардани чои кор, гаштугузор дар хавои тоза, бозихои серхаракат, хуроки сергизо, хоби осуда, варзиши пагохирузи ва г. зарур мебошанд.
Пешгирии сколиозхои касби аз дуруст риоя кардани тартиби мехнату истирохат ва варзиши бадан дар вакти кор иборат буда, машгул шудан бо тарбияи чисмони ва спорт нафакат ба обутоби организм мусоидат мекунад, балки боиси пуркувватии мушакхо мегардад. Барои боздоштани авчи сколиози амали пушидани пойафзори махсуси ортопеди, истифодаи асбобхое, ки кутохии пойро номаълум мекунанд, зарур аст.
Муоличаи сколиоз асосан тавассути машкхои умумии таквиятбахш ва махсус, ки шакли сутунмухраро ислох мекунанд, ба рох монда шудааст. Машкхои мазкур тахти назорати духтур ва методист гузаронда мешаванд. Баъзан истифодаи корсет (миёнбанди махсуси муоличави)-ро низ тавсия медиханд. Агар бемори кухна шуда бошад, онро таъчили табобат бояд кард.
Кифоз метавонад камоншакл шавад (дар сурате, ки ягон кисми сутунмухра аз акиб то андозае ё якбора чанд чои он андаке кач шуда бошад). Кифози камоншакл асосан дар кисмати кафаси синаи сутунмухра пайдо мешавад, ки онро кузапушти низ меноманд.
Сабаби инкишофи кузапушти сустии модарзоди мушакхои тахтапушт, рахити вазнини айёми кудаки, хамшуда нишастан (дар сари дастгох ё миз ва г.) мебошанд. Он нафакат комати одамро нуксдор мекунад, балки ба озод нафас гирифтан ва гардиши хун низ таъсири манфи мерасонад. Одами кузапушт китфони хаму ба пеш часта ва шиками овезон дорад.
Пешгирии кузапушти хамаи он тадбирхоеро дарбар мегирад, ки нисбати сколиоз гуфта гузаштем. Гайр аз он, машгул шудан бо варзиши махсус, ичрои таъиноти физиотерапевти ва муоличаи санаторию курорти заруранд. Сари вакт ба духтур мурочиат карда, пеши рохи авчи К. с. – ро бояд гирифт.
Кузапуштии яктарафа бештар дар кисми кафасисинагии сутунмухра пайдо мешавад, ки онро куз меноманд. Сабаби асосии куз бемории сил (ниг. Спондилит) ва тазйики он бинобар вазнинии узвхои болоии бадан аст, ки дар натича тана кутох гардида, сандуки сина часта мебарояд. Ин навъ иллат ба фаъолияти узвхои дарун, кобилияти кори ва хаёти шахсии мариз таъсири сахт мерасонад. Муоличаи дурусту саривактии спондилити сили, одатан, ба пайдоиши куз монеъ мешавад, зеро он ба нигох доштани шакли дурусти сутунмухра то шифои чарохати сил ва баркарор гардидани устувории сутунмухра имкон медихад. Аксари кузапуштхо ашхосеанд, ки аз бемории сил шифо ёфта бошанд хам, лекин куз мешаванд (сабаби ин ба муоличаи спондилит дер шуруъ кардан аст). Бархам додани кузапушти хатто бо рохи чаррохи низ хамеша имконпазир нест.
Лордоз сабабхои бисёр дорад. Вай бештар дар натичаи бечошавии ирсии бугумхои косу рон ба вучуд меояд: вакте ки маркази вазни бадан ба пеш меафтад, барои нигох доштани мувозанат бадан ба акиб хам гашта, миён кач мешавад. Дар шикам чамъ шудани равгани зиёд низ боиси авч гирифтани качии миён мегардад.
Лордоз бо тагйири шакли сутунмухра ва дард, ки сабаби он таксимоти вазнини ба мухрахо ва аз нав кашиш хурдани мушакхои сутунмухра аст, зухур меёбад. Харакати кисми осебдидаи сутунмухра махдуд мешавад. Аксаран хангоми лордоз узвхои дарун (меъда, руда, гурда) поён мефароянд, аз ин ру кори онхо ба таври гуногун халал меёбад.
Табобати лордоз аз бартараф намудани сабабхои пайдоиши он, варзиши махсус ва масх иборат аст (онхоро духтур таъин мекунад). Аксаран дар мачмуи тадбирхои муоличави истифодаи бандаж (миёнбанди махсус), ки кори узвхои даруни шикамро осон карда, мушакхои девораи пеши шикамро мустахкам нигох медорад, ба назар гирифта мешавад.
Барои рох надодан ба шиддати лордоз хама таъиноти духтурро риоя кардан зарур аст. Бахри пешгирии К. с., ки ба иллат ё касалии устухону бугумхо вобастаги надоранд, ба дуруст нишастан таргиб намудани бачагон, вакти хондану навиштан рост нигох доштани комат, машгул шудан бо варзиш, хусусан ичрои машкхое, ки баданро обутоб дода, ба мустакимии сутунмухра кумак мерасонанд, ахамияти калон доранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …