Главная / Илм / КАБУРГА

КАБУРГА

kaburgaКАБУРГА, устухонхои чуфту камоншакле, ки бо сутунмухра пайванданд. К. ва туш дар хазандахо, паррандахо, ширхурон ва одам кафаси синаро ташкил медиханд. Дар хайвонот К. болоию поёни мешавад. К.-хо узвхои дарунро хифз мекунанд. Одам 12 – чуфт К. дорад: Хафт чуфт К.-и боло (1 – 7) К.-хои хакики ном доранд. К.-хои VIII – X ба устухони туш пайваст нестанд ва онхороК.-хои калбаки меноманд. К.-хои калбаки бо тагоякхои худ ба гузруфи хар кадом К.-и аз худаш боло пайваст шуда, камони К-ро ба вучуд меоранд. К. 11 ва 12 аз нуги пеш бо К.-хои дигар пайваст нашуда, дар мушакхо ба охир мерасанд; онхоро К.-хои чунбанда меноманд. Аз иллати К. бештар шикасти К. вомехурад.
КЛ
Расми 1. Тарзи пайваст шудани кабурга бо мухрахо; намуд аз рост. 1 – бандаки иклилии сараки кабурга; 2 – бандаки дарозруяи пеш; 3 – курс (диск)-и байни мухрахо; 4 – бандаки байниарзи; 5 – кабурга; 6 – бандаки кабургаю арзи; 7 – чукураки кабургавии шохаи арзи; 8 – шохаи бандаки боло; 9 – чукураки болоии кабурга.
Расми 2. Тарзи пайваст шудани кабургахо бо мухра ва чаног (сарсина); намуд аз боло. 1 – банди кабургаю арзи; 2 – шохаи арзии мухра; 3 – шохахои бандаки болоии мухрахо; 4 – мухра; 5 – бандаки кабургаю арзи; 6 – банди сараки кабурга; 7 – кабурга; 8 – бандаки иклилии сарсинаю кабурга; 9 – пардаи сарсина; 10 – тагояки кабурга; 11 – теппачаи кабурга.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …