Главная / Гуногун / Ёраб, бар бадон раҳмат кун, ки бар некон худ раҳмат кардаӣ

Ёраб, бар бадон раҳмат кун, ки бар некон худ раҳмат кардаӣ

Оқил чу хилоф андар миён омад, биҷаҳад ва чун сулҳ бинад, лангар биниҳад, ки он ҷо саломат бар карон асту ин ҷо хҳловат дар миён.
Мақомро се-шаш мебояд, валекин се-як меояд.

Ҳазор бор чарогоҳ хуштар аз майдон
Валекин асп надорад ба дасти хеш инон.

***
xabarkashonДарвеше ба муноҷот-дар мегуфт: «Ёраб, бар бадон раҳмат кун, ки бар некон худ раҳмат кардаӣ, ки мар эшонро нек офаридаӣ!

Аввал касе, ки алам бар ҷома кард ва ангуштари дар дасти Ҷамшед буд, гуфтандаш:
– Чаро ҳама зинат ба чап додию фазилат рост-рост?
Гуфт:
– Ростро зинати ростӣ тамом аст!

Фаридун гуфт наққошони Чинро
Ки пиромуни ҳаргоҳаш бидузанд:
«Бадонро нек дор, эй марди хушёр,
Ки некон худ бузургу некрўзанд!».

***
Бузургеро пурсиданд: «Бо чандин фазилат, ки дасти ростро ҳаст, ҳотам дар ангушти чап чаро мекунанд?»
Гуфт:
– Надонӣ ки аҳли фазилат ҳамеша маҳрум бошанд?

Он кӣ халқ офариду рўзӣ дод,
Ё фазилат ҳамедиҳад ё бахт.

***
Насиҳати подшоҳон кардан касеро мусуллам бувад, ки бими сар надорад ё умуди зар.
Муваҳҳид,чӣ дар пой резӣ зараш,
Чӣ шамшери ҳиндӣ ниҳӣ бар сараш.
Умеду ҳаросаш набошад зи кас,
Бар ин аст бунёди тавҳиду бас.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …