Главная / Ҷамъият / Ишораҳои ҷуғрофӣ

Ишораҳои ҷуғрофӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №3, мод. 169; Қонуни ҶТ аз 03.07.2012с., №855)  

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки вобаста ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ишораҳои ҷуғрофии истеҳсоли мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд меоянд, танзим менамояд.

  БОБИ 1.  Муқаррароти умумӣ 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

ishorahoi-jugrofi

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

объекти ҷуғрофӣ қаламраве, ки ҳудуди он ба таври расмӣ муайян карда шудааст, азон ҷумла мамлакат, минтақа ҳамчун қисми мамлакат, маҳалли  аҳолинишин, мавзеъ;

ишораҳои ҷуғрофӣаломатест, ки молро ҳамчун аз қаламрави кишвар ё минтақа ва ё маҳал дар ин қаламрав баромада ҳаммоҳанд мекунал, ки дар он сифат, шӯҳрат ва тавсифҳои дигари мол то андозае бо пайдоиши ҷуғрофӣ алоқаманд аст. Мафҳуми ишораи ҷуғрофӣ мафҳумҳои номи чои пайдоиши мол ва ишораи пайдоиши молро дар бар мегирад; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №855)

дархост– маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирӣ ва гирифтаниҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол ё барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол, ки қаблан ба қайд гирифта шудааст, заруранд;

дархостдиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки барои бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол ба мақомоти ваколатдор дархост медиҳад;

– мақомоти  салоҳиятдор – мақомоти давлатӣ, ки  салоҳияти  муайян  намудани ҳудудҳои объекти ҷуғрофиеро дорад, ки дар он моли дорои хосиятҳои махсуси марбут ба шароити табиӣ ва омилҳои дигари ин объекти ҷуғрофӣ (ё мутобиқати шароити табиӣ ва ин омилҳо), ки баъзе хосиятҳои мол ба онҳо вобастагӣ дорад, истеҳсол мешавад;

– номи ҷои пайдоиши мол номи кишвар, маҳалли аҳолинишин, маҳал ва ё дигар объекти ҷуғрофӣ буда, барои ишоракунии пайдоиши мол аз он ҷо истифода бурда мешавад, ки хуссиятҳои хоси он танҳо ва ё асосан бо шароитҳои табии барои ин объекти ҷуғрофӣ хос ва ё дигар омилҳои ба шароитҳои табиӣ ва ин омилҳо мувофиқ, муайян карда мешавад. Номи ҷои пайдоиши мол мумкин аст номи таърихии объекти ҷуғрофӣ бошад; (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №855)

– ишораи пайдоиши мол – аломатест, ки бевосита ва ё бавосита ба ҷои пайдоиши ҳақиқӣ ва ё истеҳсоли мол ишора мекунад. Ишораи пайдоиши мол мумкин аст дар шакли номи объекти ҷуғрофӣ ва ё тасвир пешниҳод карда шавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №855) 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 Моддаи 3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва салоҳияти он

Амалӣ сохтани сиёсати давлатӣ ва анҷом додани вазифаҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда оид ба ҳифзи ҳуқуқии ишораҳои ҷуғрофӣ ба ӯҳдаи мақомоти ваколатдори давлатӣ гузошта мешавад. Мақомоти ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда, мутобиқи салоҳияти худ ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба татбиқи Қонуни мазкур қабул менамояд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ Шӯрои шикоятиро таъсис медиҳад, ки он масъалаҳои бо Қонуни мазкур ба салоҳияташ вогузоршударо мутобиқи Низомномаи худ баррасӣ менамояд.

 

БОБИ 2. ИШОРАҲОИ ҶУҒРОФӢ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОНҲО

 

Моддаи 4. Аломатҳое, ки ба сифати номи маҳалли истеҳсоли мол эътироф намешаванд

Аломате, ки аз номи объекти ҷуғрофӣ иборат аст ё чунин номро дар бар мегирад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодае маъмул гаштааст, ки он барои ишораи моли намуди муайян истифода мешавад ва бо ҷои истеҳсоли ин мол алоқамандие надорад, ба сифати номи маҳалли истеҳсоли мол эътироф намешавад.

 

Моддаи 5. Нишондоди истеҳсоли мол

Нишондоди истеҳсоли мол метавонад дар шакли аломати вожавие, ки номи объекти ҷуғрофиро дар бар мегирад, ё дар шакли тасвир истифода бурда шавад.

 

Моддаи 6. Ҳифзи ҳуқуқии номи маҳалли истеҳсоли мол

Номи маҳалли истеҳсоли мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси бақайдгирии давлатии он тибқи тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ё дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мавриди ҳифзи ҳуқуқӣ қарор мегирад.

Номи маҳалли истеҳсоли мол метавонад ба номи як ё якчанд шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шавад. Шахсе, ки номи маҳалли истеҳсоли молро қайд кардааст, ҳуқуқи истифода бурдани онро соҳиб мешавад, ба шарте ки моли истеҳсолшаванда ба талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ҷавобгӯ бошад.

Ҳуқуқи истифода бурдани худи ҳамон номи маҳалли истеҳсоли молро ба ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди худи ҳамон объекти ҷуғрофӣ моли дорои айнан ҳамон хосиятҳои асосиро истеҳсол менамояд, додан мумкин аст.

Бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол бемӯҳлат эътибор дорад.

 

Моддаи 7. Ҳифзи ҳуқуқии нишондоди истеҳсоли мол

Ҳифзи ҳуқуқии нишондоди истеҳсоли мол дар асоси истифодабарии он амалӣ карда мешавад.

Ҳифзи ҳуқуқии нишондоди истеҳсоли мол аз роҳ надодан ба  истифодабарии ишораҳои қалбакии истеҳсоли мол, инчунин ишораҳое, ки истеъмолкунандаро оид ба ҷои воқеии баромади мол ба иштибоҳ меандозанд, иборат аст.

Нишондоди истеҳсоли мол ба қайди давлатӣ гирифта намешавад.

 

Боби 3. БаҚайдгирӢ ва додани ҳуҚуҚи истифодаи

номи маҳалли истеҲсоли мол

 

Моддаи 8. Дархост ва тартиби пешниҳоди он

Дархост ба мақомоти ваколатдор аз ҷониби шахси воқеӣ ва (ё) шахси (шахсони) ҳуқуқӣ бевосита ё тавассути намояндаи патентӣ пешниҳод карда мешавад.

Шахсони воқеие, ки ба таври доимӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ё намояндагони онҳо бо мақомоти ваколатдор ба воситаи намояндагони патентӣ, ки ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти намояндаи патентиро тибқи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудаанд ва ваколаташон бо ваколатнома тасдиқ гардидааст, пеш мебаранд.

Дархост бояд ба як номи маҳалли истеҳсоли мол дахл дошта бошад.

Дархост бояд инҳоро дар бар гирад:

– ариза дар бораи бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол ё дар бораи гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташудаи маҳалли истеҳсоли мол бо нишон додани номи дархостдиҳанда (дархостдиҳандагон) ва инчунин макони ҷойгиршавӣ ё макони зисти ӯ (онҳо);

– аломати арзшаванда;

– ишораи моле, ки нисбат ба он бақайдгирӣ ва гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол ё гирифтани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташудаи маҳалли истеҳсоли мол дархост карда мешавад;

– ишораи ҷои истеҳсоли мол (ҳудудҳои объекти ҷуғрофӣ);

– тавсифи хосиятҳои махсуси мол.

Дархост ба забони давлатӣ пешниҳод карда мешавад.

Дархостро дархостдиҳанда ва дар ҳолати пешниҳоди он ба воситаи намояндаи патентӣ, дархостдиҳанда ё намояндаи патентӣ имзо мекунад.

Агар объекти ҷуғрофие, ки номи он ба сифати номи маҳалли истеҳсоли мол арз шудааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, ба дархост хулосаи мақомоти салоҳиятдор дар бораи он, ки дар ҳудуди объекти ҷуғрофии ишорашуда дархостдиҳанда молеро истеҳсол менамояд, ки хосиятҳои махсуси онро шароити табиӣ ва (ё) омилҳои инсонии хоси маҳз ҳамин объекти ҷуғрофӣ муайян менамоянд, замима карда мешавад.

Агар объекти ҷуғрофие, ки номи он ба сифати номи маҳалли истеҳсоли мол зикр шудааст, берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад, ба дархост ҳуҷҷате замима мешавад, ки ҳуқуқи дархостдиҳандаро ба номи зикршудаи маҳалли истеҳсоли мол дар мамлакати баромади мол тасдиқ менамояд.

Ба дархост инчунин ҳуҷҷате замима мешавад, ки ба андозаи муқарраршуда ворид гардидани пардохти ҳатмиро барои пешниҳоди дархост тасдиқ менамояд.

Ҳуҷҷатҳои ба дархост замимашаванда ба забони давлатӣ ё дигар забон пешниҳод карда мешаванд. Агар ин ҳуҷҷатҳо ба забони дигар пешниҳод шуда бошанд, тарҷумаи онҳо ба забони давлатӣ ба дархост замима карда мешавад. Тарҷумаро ба забони давлатӣ на дертар аз ду моҳи пас аз санаи ба дархостдиҳанда фиристодани огоҳиномаи мақомоти ваколатдор оид ба зарурати иҷрои ин шарт пешниҳод намудан мумкин аст.

Санаи ба мақомоти ваколатдор ворид гардидани ҳуҷҷатҳои дар қисми чоруми моддаи мазкур пешбинишуда ё, агар ин ҳуҷҷатҳо дар як вақт ворид нагардида бошанд, санаи пешниҳоди ҳуҷҷати охирини воридгардида санаи пешниҳоди дархост маҳсуб  мешавад.

 

Моддаи 9. Экспертизаи дархост

Экспертизаи дархост, ки аз экспертизаи расмӣ ва экспертизаи аломати арзшуда иборат аст, аз ҷонибимақомоти ваколатдор гузаронида мешавад.

Дар давраи гузаронидани экспертизаи дархост то аз рӯи он қабул гардидани қарор дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад ба маводи дархост иловаҳо ва ислоҳот ворид намояд.

Агар маводи иловашуда моҳияти дархостро тағйир диҳад, чунин мавод барои баррасӣ қабул карда намешавад ва ин мавод метавонад азҷонибидархостдиҳанда ҳамчун дархости мустақил танзим шавад.

Дар рафти гузаронидани экспертизамақомоти ваколатдор ҳуқуқ дорад тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз дархостдиҳанда маводи иловагиеро, ки бе он гузаронидани экспертиза имконнопазир аст, талабнамояд.

Маводи иловагии марбут ба талабномаи экспертиза бояд дар давоми ду моҳи пас аз  талабномаро гирифтани дархостдиҳанда пешниҳод шавад. Аз рӯи аризаи дархостдиҳанда мақомоти ваколатдор метавонад ин мӯҳлатро дароз кунад, агар ариза то анҷоми ин мӯҳлат ворид гардида бошад. Агар дархостдиҳанда мӯҳлати зикргардидаро риоя накарда ва ё талабномаи экспертизаро беҷавоб монда бошад, дархости аризадиҳанда бозхондашуда дониста мешавад.

Экспертизаи расмии дархост дар давоми ду моҳи пас аз санаи пешниҳоди он ба мақомоти ваколатдор гузаронида мешавад.

Дар рафти гузаронидани экспертизаи расмӣ мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, инчунин мувофиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида тафтиш карда мешавад. Аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи расмӣ қарор дар бораи ба баррасӣ қабул шудан ё ба баррасӣ қабул нашудани дархост бароварда мешавад.

Ҳамзамон бо огоҳинома оид ба натиҷаи мусбати экспертизаи расмӣ ба дархостдиҳанда, инчунин дар бораи санаи пешниҳоди дархост, ки тибқи Қонуни мазкур муқаррар гардидааст, маълумот дода мешавад.

Дар ҳолати рад намудани қабул ва баррасии дархост аз тарафи мақомоти ваколатдор ба дархостдиҳанда огоҳиномаи асоснок фиристода мешавад.

Аз рӯи дархости ба баррасӣ қабулшуда экспертизаи аломати арзшуда, аз назари мувофиқати он ба талаботи дар Қонуни мазкур муқарраргардида гузаронида мешавад.

Дар ҷараёни экспертизаи аломати арзшуда, инчунин асоснок будани ишораи ҷои истеҳсоли мол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиш карда мешавад.

То қабул намудани қарор аз рӯи натиҷаи экспертизаи аломати арзшуда, ба дархостдиҳанда дар бораи натиҷаҳои санҷиши мувофиқ будани аломати арзшуда ба талаботи дар Қонуни мазкур муқарраргардида огоҳинома фиристода, аз ӯ дархост намудан мумкин аст, ки мулоҳизаҳои худро оид ба далелҳои дар огоҳинома зикршуда пешниҳод намояд. Далелҳои дархостдиҳанда, агар онҳо дар давоми шаш моҳи пас аз санаи фиристодани огоҳинома пешниҳод шуда бошанд, ҳангоми қабули қарор аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи аломати арзшуда ба инобат гирифта мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои экспертиза мақомоти ваколатдор дар бораи бақайдгирӣ ё рад шудани бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол ва додани ҳуқуқи истифодаи он ё дар бораи додан ё надодани ҳуқуқи истифодаи номи қаблан бақайдгирифташудаи маҳалли истеҳсоли мол қарор қабул менамояд.

Дархостдиҳанда метавонад дар марҳилаи дилхоҳи баррасии дархост, то ба Феҳристи давлатии номҳои маҳалли истеҳсоли мол (минбаъд – Феҳрист) ворид намудани маълумот оид ба бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол ва (ё) додани ҳуқуқи истифодаи ин ном,  дархосташро бозхонд намояд.

Қоидаҳои пешбурди Феҳрист ва таркиби маълумоти ба он воридшавандаро мақомотиваколатдор муқаррар менамояд.

 

Моддаи 10.  Эътирознома нисбат ба қарор ва барқарор намудани мӯҳлатҳои гузашта

Дар сурати норозӣ будан бо қарорҳои аз рӯи натиҷаи  экспертизаи расмии дархост қабулшуда, бо қарор дар бораи рад кардани қабули дархост ҷиҳати баррасӣ, бо қарор аз рӯи натиҷаи экспертизаи аломати арзшуда ё  бо қарор дар бораи бозхондашуда эътироф гардидани дархостдархостдиҳанда метавонад ба Шӯрои шикоятӣ дар давоми се моҳ аз санаи гирифтани қарори дахлдор эътирознома пешниҳод намояд.

Мӯҳлатҳои бо қисми 5 моддаи 9 ва қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, ки дархостдиҳанда онҳоро гузаронидааст, метавонанд аз ҷониби мақомоти ваколатдор тибқи аризаи дархостдиҳанда, ки на дертар аз ду моҳи пас аз анҷоми ин мӯҳлатҳо пешниҳод гардидааст, дар сурати тасдиқ гардидани сабабҳои узрнок ва ворид кардани пардохти ҳатмии дахлдор барқарор карда мешаванд.

Чунин ариза бамақомоти ваколатдор ҳамзамон бо маводи иловагии аз ҷониби санҷиш талабшуда ё боариза оид ба дароз кардани мӯҳлати пешниҳоди ин мавод ва ё ҳамзамон бо пешниҳоди эътирознома ба Шӯрои шикоятӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 11. Бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол ва додани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи он

Дар асоси қароре, ки аз рӯи натиҷаҳои экспертиза қабул шудааст, мақомоти ваколатдор номи маҳалли истеҳсоли молро дар Феҳрист ба қайд мегирад. Ба Феҳрист номи маҳалли истеҳсоли мол, ишора ва тавсифи хосиятҳои махсуси моле, ки номи маҳалли истеҳсоли мол барои он мол ба қайд гирифта шудааст, дигар маълумоти марбут ба бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол ва дароз кардани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома, инчунин тағйироти минбаъдаи ин маълумот ворид карда мешавад.

Мақомоти ваколатдор шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли молро (минбаъд – шаҳодатнома) дар давоми як моҳи пас аз гирифтани ҳуҷҷат оид ба ворид гардидани пардохти ҳатмии дахлдор медихад ва ба Феҳрист маълумотро оид ба дорандаи шаҳодатнома ворид менамояд.

Дар сурати бо тартиби муқарраргардида пешниҳод накардани ҳуҷҷате, ки ворид гардидани пардохти ҳатмиро барои додани шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол тасдиқ менамояд, шаҳодатнома дода намешавад ва маълумот дар бораи дорандаи шаҳодатнома ба Феҳрист ворид карда намешавад.

Шакли шаҳодатнома ва таркиби маълумотеро, ки ба он ворид мегардад, мақомоти ваколатдор муқаррар менамояд.

 

Моддаи 12. Мӯҳлати эътибори шаҳодатнома

Шаҳодатнома дар тӯли даҳ соли пас аз санаи пешниҳоди дархост ба мақомоти ваколатдор эътибор дорад.

Мӯҳлати эътибори шаҳодатномаро тибқи аризаи дорандаи шаҳодатнома дар сурати аз ҷониби ӯ пешниҳод гардидани хулосаи мақомоти салоҳиятдор дароз кардан мумкин аст. Дар хулосаи мақомоти салоҳиятдор дар хусуси он, ки дорандаи шаҳодатнома дар ҳудудҳои объекти ҷуғрофии дахлдор молеро истеҳсол менамояд, ки дорои хосиятҳои дар Феҳрист зикргардида мебошад, маълумот дода мешавад.

Агар номи маҳалли истеҳсоли мол номи объекти ҷуғрофие бошад, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, бар ивази хулосаи зикргардидаи мақомоти салоҳиятдордорандаи шаҳодатнома ҳуҷҷатеро пешниҳод менамояд, ки он дар санаи пешниҳоди ариза оид ба дароз кардани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома дар мамлакати баромади мол ҳуқуқ доштани ӯро ба истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол тасдиқ мекунад.

Ариза дар бораи дароз кардани мӯҳлат дар давоми охирин соли эътибори шаҳодатнома пешниҳод карда мешавад.

Мӯҳлати эътибори шаҳодатнома ҳар дафъа ба муддати даҳ сол дароз карда мешавад.

Аз рӯи аризаи дорандаи шаҳодатнома дар сурати ворид намудани пардохти ҳатмии иловагӣ барои дароз кардани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома ба ӯ шаш моҳи иловагии пас аз анҷоми мӯҳлати эътибори шаҳодатномаро додан мумкин аст.

Маълумот дар бораи дароз кардани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба Феҳрист ва шаҳодатнома ворид карда мешавад.

 

Моддаи 13. Ворид намудани тағйирот ба Феҳрист ва шаҳодатнома

Дорандаи шаҳодатнома мақомоти ваколатдорро дар бораи тағйир ёфтани унвони худ, ному насаб, инчунин оид ба тағйироти дигари марбут ба бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол огоҳ менамояд.

Маълумот доир ба тағйироти марбут ба бақайдгирӣ ба Феҳрист ва шаҳодатнома дар сурати ворид намудани пардохти корбарии дахлдор ворид карда мешавад.

Мақомоти ваколатдор бо мақсади ислоҳ намудани хатоҳои возеҳи техникӣ метавонад ба Феҳрист ва шаҳодатнома  ислоҳоти дахлдорро ворид намояд.

 

Моддаи 14. Интишори маълумот дар бораи бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол

Маълумотро доир ба бақайдгирӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол, ки ба Феҳрист мувофиқи Қонуни мазкур ворид карда шудааст, ба истиснои маълумоте, ки тавсифи хосиятҳои махсуси молро дар бар мегирад, мақомоти ваколатдор бе таъхир пас аз воридкунии ин маълумот ба Феҳрист дар хабарномаи расмӣ интишор менамояд.

 

 

Моддаи 15. Бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол дар мамлакатҳои хориҷӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд номи маҳалли истеҳсоли молро дар мамлакатҳои хориҷӣ ба қайд гиранд.

Аризаи бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол дар мамлакатҳои хориҷӣ пас аз бақайдгирии он ва соҳиб шудан ба ҳуқуқи истифодаи ин номи маҳалли истеҳсоли мол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

 

Боби 4. Истифодаи ИШОРАҲои ҶуҒрофӢ

 

Моддаи 16. Истифодаи ишораҳои ҷуғрофӣ

Ба кор бурдани ишораҳои ҷуғрофӣ дар рӯи мол, тамғакоғазҳо, борпечҳо, дар реклама, нашрияҳои чопии рекламавӣ, бланкҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмие, ки бо воридкунии мол ба муомилоти гражданӣ алоқаманданд, истифодабарии номи маҳалли истеҳсоли мол ҳисобида мешавад.

Истифодабарии нишондодҳои бардурӯғи баромади мол ва номи бақайдгирифташудаи маҳалли истеҳсоли мол аз ҷониби шахсоне, ки шаҳодатнома надоранд, ҳатто агар дар ин ҳолатҳо номи воқеии маҳалли истеҳсоли мол нишон дода шавад ва ё ном дар тарҷума ё бо истифодаи вожаҳои «аз қабили», «намуди», «монанд» ва амсоли онҳо истифода шавад, инчунин истифодабарии аломати ба ишораи ҷуғрофӣ монанд нисбат ба ҳама гуна мол, ки метавонанд истеъмолкунандаро оид ба маҳалли истеҳсол ва хосиятҳои махсуси мол ба иштибоҳ андозанд (истифодабарии ғайриқонунии ишораҳои ҷуғрофӣ), манъ карда мешавад.

Гузашт намудани ҳуқуқи истифодаи ишораи ҷуғрофӣ ва додани ҳуқуқи истифодаи он дар асоси шартнома  номумкин аст.

 

Моддаи 17. Аломати огоҳкунанда

Дорандаи шаҳодатнома дар паҳлӯи номи маҳалли истеҳсоли мол аломати огоҳкунандаро дар шакли ҳарфи лотинии “Қ” (ё Қ дар дохили давра ®) ва ё аломати вожавиеро, ки ба номи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташудаи маҳалли истеҳсоли мол будани аломати истифодашаванда ишора мекунанд, истифода бурда метавонад.

 

Боби 5.  МАВРИДИ БАҲС ҚАРОР ДОДАН ВА Қатъ Гардидани

Ҳифзи ҲуҚуҚии  номи маҳалли ИСТЕҲСОЛи мол

 

Моддаи 18. Мавриди баҳс қарор додани ҳифзи ҳуқуқии номи маҳалли истеҳсоли мол, додани шаҳодатнома ва беэътибор донистани онҳо

Таҳти ҳифзи ҳуқуқӣ қарор гирифтани номи маҳалли истеҳсоли мол, агар дар рафти он талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур риоя нашуда бошад, дар давоми тамоми мӯҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва беэътибор дониста шавад.

Додани шаҳодатнома дар давоми тамоми мӯҳлати амали ҳифзи ҳуқуқӣ метавонад мавриди баҳс қарор гирад ва шаҳодатнома метавонад беэътибор дониста шавад, агар он бо риоя нагардидани талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дода шуда бошад ё мавриди ҳифзи ҳуқуқӣ гаштани номи маҳалли истеҳсоли мол беэътибор дониста шуда бошад.

Ҳар шахс метавонад тибқи муқаррароти дар қисми якум ва дуюми моддаи мазкур пешбинишуда ба Шӯрои шикоятӣ бар зидди мавриди  ҳифзи ҳуқуқӣ қарор додани номи маҳалли истеҳсоли мол ва додани шаҳодатнома эътирознома пешниҳод намояд.

Таҳти ҳифзи ҳуқуқӣ қарор гирифтани номи маҳалли истеҳсоли мол ва додани шаҳодатнома дар асоси қарори Шӯрои шикоятӣ ва инчунин ҳалномаи судие, ки ба қувваи қонун даромадааст, беэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 19. Қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии номи маҳалли истеҳсоли мол ва амали шаҳодатнома

Ҳифзи ҳуқуқии номи маҳалли истеҳсоли мол дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

– агар шароити хоси ҳамин объекти ҷуғрофӣ аз байн рафта, истеҳсоли моле, ки дорои хосиятҳои дар Феҳрист зикршуда аст, имконнопазир гардида бошад;

– агар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ҳуқуқи ба ин номи маҳал истеҳсоли молро дар мамлакати баромади мол аз даст дода бошанд.

Амали шаҳодатнома қатъ мегардад:

– агар мол хосиятҳои махсусеро, ки дар Феҳрист нисбат ба ҳамин номи маҳалли истеҳсоли мол зикр гардидаанд, гум карда бошад;

– агар ҳифзи ҳуқуқии номи маҳалли истеҳсоли мол қатъ гардида бошад;

– агар шахси ҳуқуқӣ – дорандаи шаҳодатнома барҳам дода шуда бошад;

– агар дорандаи шаҳодатнома бо хоҳиши худ дар бораи қатъ кардани амали шаҳодатномаба мақомоти ваколатдор ариза дода бошад.

Ҳар шахс аз рӯи асосҳое, ки бо қисмиякум ва сархатҳои якум ва дуюми қисми дуюми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонад ба Шӯрои шикоятӣ оид ба қатъ намудани ҳифзи ҳуқуқии номи маҳалли истеҳсоли мол ва эътибори шаҳодатнома ариза диҳад.

Ҳар шахс метавонад аз рӯи асоси пешбининамудаи сархати сеюми қисми дуюми моддаи мазкур ба мақомоти ваколатдор оид ба қатъи амали шаҳодатнома ариза диҳад.

Ҳифзи ҳуқуқии номи маҳалли истеҳсоли мол ва амали шаҳодатнома дар асоси қарори Шӯрои шикоятӣ, мақомоти ваколатдор ва инчунин ҳалномаи ба қувваи қонун даромадаи суд қатъ карда мешавад.

 

Боби 6 . МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 20. Қарорҳои Шӯрои шикоятӣ

Қоидаҳои пешниҳоди эътирозномаҳо ва аризаҳо ба Шӯрои шикоятӣ ва тартиби баррасии онҳоро мақомоти ваколатдор муқаррар менамояд.

Қарорҳои аз рӯи эътирозномаву аризаҳои бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур қабулкардаи Шӯрои шикоятӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқ карда мешаванд, аз санаи тасдиқшавиашон мавриди амал қарор мегиранд ва нисбати онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 21. Пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбарӣ

Барои пешниҳоди дархост, бақайдгирӣ ва гирифтани шаҳодатнома, дароз кардани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома ва барқарор намудани мӯҳлатҳои гузаронидашуда, инчунин барои иҷрои дигар амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, ки бо бақайдгирӣ ва дароз кардани мӯҳлати эътибори шаҳодатнома алоқаманданд,пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд.

Барои гузаронидани экспертиза, ба маводи дархост дохил намудани тасҳеҳу ислоҳот, нашри маълумот оид ба бақайдгирии номи маҳалли истеҳсоли мол, дар Шӯрои шикоятӣ баррасӣ кардани эътирозномаҳо, инчунин барои иҷро намудани амалҳои дигари марбут ба экспертизаи дархост аз ҷониби мақомоти ваколатдор пардохтҳои корбарӣ ситонида мешаванд.

Андозаи пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои корбариро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Пардохтҳои ҳатмӣва пардохтҳои корбариро дархостдиҳанда, дорандаи шаҳодатнома ва ё бо розигии онҳо ҳар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ супорида метавонад.

 

Моддаи 22. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ё дар асоси принсипи муомилаи мутақобила аз ҳуқуқҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

Ҳуқуқи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтани номи маҳалли истеҳсоли мол ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳое дода мешавад, ки ҳамин гуна ҳуқуқро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.

 

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ  мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов

 

              ш.Душанбе,

        5 марти соли 2007

                 № 236

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …