Главная / Илм / ИСҲОҚӣ Юсуф Баширхонович

ИСҲОҚӣ Юсуф Баширхонович

ishoki-yusufИСҲОҚӣ Юсуф Баширхонович (21. 07. 1932, ш. Хуҷанд – 06. 05. 1996, Душанбе), духтури оториноларинголог, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), узви вобастаи АИТ ИҶШС (1978), барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1979), Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷ. (1989). Хатмкардаи ДДТТ (1954). Ординатори клиникӣ (1954 – 57) ва ассистенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯю бинии ДДТТ (1958 – 60), сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии №4, ҳамзамон (1960 – 64) дотсенти кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ. Докторанти ДДТТ (1964 – 68; ба Пажӯҳишгоҳи гӯшу гулӯю бинӣ ш. Москва фиристода шуд), дотсенти кафедраи оториноларингология (1968 – 69), ноиби ректор оид ба таълим (1969 – 73), проф. кафедраи оториноларингология (1969 – 73)-и ДДТТ. Аз с. 1973 то охири умр ректори ҳамин донишгоҳ. Ҳамзамон аз с. 1987 вазифаи мудири кафедраи оториноларингологияро ба ӯҳда дошт. Тадқиқоти илмии И. доманадор буда, ба масоили гуногуни тиб бахшида шудааст: истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани хунравӣ ҳини бемориҳои гӯшу гӯлую бинӣ, этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи кистаи роҳи болои нафас, ихтилоли қобилияти нуфузпазирии рагҳои хунгузар ва дар ҷавфи назди бинӣ пайдо шудани киста ва ғ. Дар омӯзишу пажӯҳиши И. хоса масъалаҳои робитаи тарафайни амрози бодомакҳои гулӯ ва гурдаҳо дар кӯдакон, мутобиқат ба шароити баландкӯҳ, таъсири гипоксия ба ҳолат ва фаъолияти гӯшу гулӯю бинӣ, омӯзиши бемориҳои аллергии кишварии узвҳои ЛОР, масунияти беморони гирифтори амрози узвҳои ЛОР ва ғ. ҷои муҳимро ишғол менамоянд. Муаллифи 250 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 10 монография, 11 тавсияи методист. Таҳти роҳбарии ӯ 13 наф. рисолаи номзадӣ ва 2 наф. рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. И. тӯли 38 сол ба донишҷӯён аз соҳаҳои мухталифи оториноларингология дарс додааст. Дар мавзӯи «Таҷрибаи истифода бурдани заҳри гурза барои қатъ кардани хунравӣ ҳангоми ҷарроҳии баъзе бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Кистаи роҳҳои болои нафас» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст.
Саҳми И. дар пешрафту тарақии ДДТТ хеле арзанда мебошад. Тӯли 23 соли ректор будани ӯ донишгоҳ симои худро ба куллӣ тағйир дод. Бисёр факултаю кафедраҳо ва шӯъбаҳои нав ташкил карда шуданд. Заминаи илмию тадқиқотии донишгоҳ устувор гашт.
Бо ордени Ленин, медалҳои «Шуҷоати меҳнатӣ», «200-солагии Ин-ти тиббии 1 Москва ба номи И.М. Сеченов», медали тиллои «Ҷамъияти дӯстии ИҶШС – Булғория» ва диг. мукофотҳои давлатӣ сарфароз гаштааст. С. 1989 депутати халқии ИҶШС интихоб шуда буд. Кафедраи оториноларингологияи ДДТТ ва стипендияе ба номи И. гузошта шудааст.
Ос.: Ядовитые животные, Д., 1964; Яд змеи гюрзы, Д., 1968; Кисты верхних дыхательных путей, Д., 1973; Аллергия в оториноларингологии, Д., 1980; Детская оториноларингология, Д., 1977, 1984, 2003; Дыхательные пути и высокогорье, Д., 1989; Очерки истории медицины Таджикистана, Д., 1993; История медицины, Д., 1997; Бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ, Д., 2010.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …