Главная / Илм / ИСХОКи Юсуф Баширхонович

ИСХОКи Юсуф Баширхонович

ishoki-yusufИСХОКи Юсуф Баширхонович (21. 07. 1932, ш. Хучанд – 06. 05. 1996, Душанбе), духтури оториноларинголог, доктори илми тиб (1968), проф. (1969), узви вобастаи АИТ ИЧШС (1978), барандаи Чоизаи давлатии Точикистон ба номи Абуали ибни Сино (1979), Ходими шоистаи илми ЧШС Точ. (1989). Хатмкардаи ДДТТ (1954). Ординатори клиники (1954 – 57) ва ассистенти кафедраи беморихои гушу гулую бинии ДДТТ (1958 – 60), сардухтури беморхонаи чумхуриявии №4, хамзамон (1960 – 64) дотсенти кафедраи беморихои гушу гулую бини. Докторанти ДДТТ (1964 – 68; ба Пажухишгохи гушу гулую бини ш. Москва фиристода шуд), дотсенти кафедраи оториноларингология (1968 – 69), ноиби ректор оид ба таълим (1969 – 73), проф. кафедраи оториноларингология (1969 – 73)-и ДДТТ. Аз с. 1973 то охири умр ректори хамин донишгох. Хамзамон аз с. 1987 вазифаи мудири кафедраи оториноларингологияро ба ухда дошт. Тадкикоти илмии И. доманадор буда, ба масоили гуногуни тиб бахшида шудааст: истифодаи захри мори гурза барои нигох доштани хунрави хини беморихои гушу гулую бини, этиология, патогенез, ташхис ва муоличаи кистаи рохи болои нафас, ихтилоли кобилияти нуфузпазирии рагхои хунгузар ва дар чавфи назди бини пайдо шудани киста ва г. Дар омузишу пажухиши И. хоса масъалахои робитаи тарафайни амрози бодомакхои гулу ва гурдахо дар кудакон, мутобикат ба шароити баландкух, таъсири гипоксия ба холат ва фаъолияти гушу гулую бини, омузиши беморихои аллергии кишварии узвхои ЛОР, масунияти беморони гирифтори амрози узвхои ЛОР ва г. чои мухимро ишгол менамоянд. Муаллифи 250 асару маколахои илми, аз чумла 10 монография, 11 тавсияи методист. Тахти рохбарии у 13 наф. рисолаи номзади ва 2 наф. рисолаи доктори дифоъ кардааст. И. тули 38 сол ба донишчуён аз сохахои мухталифи оториноларингология дарс додааст. Дар мавзуи «Тачрибаи истифода бурдани захри гурза барои катъ кардани хунрави хангоми чаррохии баъзе беморихои гушу гулую бини» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Кистаи роххои болои нафас» рисолаи доктори дифоъ намудааст.
Сахми И. дар пешрафту таракии ДДТТ хеле арзанда мебошад. Тули 23 соли ректор будани у донишгох симои худро ба кулли тагйир дод. Бисёр факултаю кафедрахо ва шуъбахои нав ташкил карда шуданд. Заминаи илмию тадкикотии донишгох устувор гашт.
Бо ордени Ленин, медалхои «Шучоати мехнати», «200-солагии Ин-ти тиббии 1 Москва ба номи И.М. Сеченов», медали тиллои «Чамъияти дустии ИЧШС – Булгория» ва диг. мукофотхои давлати сарфароз гаштааст. С. 1989 депутати халкии ИЧШС интихоб шуда буд. Кафедраи оториноларингологияи ДДТТ ва стипендияе ба номи И. гузошта шудааст.
Ос.: Ядовитые животные, Д., 1964; Яд змеи гюрзы, Д., 1968; Кисты верхних дыхательных путей, Д., 1973; Аллергия в оториноларингологии, Д., 1980; Детская оториноларингология, Д., 1977, 1984, 2003; Дыхательные пути и высокогорье, Д., 1989; Очерки истории медицины Таджикистана, Д., 1993; История медицины, Д., 1997; Беморихои гушу гулую бини, Д., 2010.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …