Главная / Илм / ИШЕМИЯ

ИШЕМИЯ

ishemiaИШЕМИЯ (Ischaemia; юн. ischo – нигох доштан ва haima – хун), камхунии чузъи, бо хун кам таъмин гаштани узву бофта бинобар катъ ё кам шудани харакати хуни артерияви дар китъаи муайяни организм.
И. се хел – ангиоспазми, сидоди (баста будан) ва фишори мешавад. И.-и ангиоспазми зери таъсири ангезандахои гуногун, ки боиси ташаннучи рефлексии рагхо мегарданд, инкишоф меёбад. Сабаби И.-и сидоди бисёр вакт бо судда (тромб) баста шудани раг ё беморихои илтихобии девораи рагхо мебошанд; дар натича сурохи раг танг ва харакати хун душвор мешавад. И.-и фишори дар мавриди ба раг тазйик овардан (мас., бо жгут, фишори омос, хадша, тарашшухот, чисми бегона) ба вучуд меояд. Бисёр вакт шаклхои гуногуни И. якчоя рух менамоянд.
Хангоми И. тагзияи девораи рагхо, бофта ё узв халал ёфта, онхо бо оксиген таъмин намешаванд; дар кори мубодилаи моддахо ва фаъолияти узв носомони ба мушохида мерасад (ниг. Гипоксия). Дар аснои И.-и бардавом мумкин аст некроз ба вукуъ пайвандад, сактаи узв рух дихад.
Фарчоми И. ба махалли пайдоиш, давомот, дарачаи устувории бофта ба кохиши оксиген ва г. вобаста аст. Хусусан И.-и магзи сар ва дил окибати вазнин ба бор меорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …