Главная / Гуногун / Иқтисодиёти ИМА (Амрико)

Иқтисодиёти ИМА (Амрико)

ИМА. Рушди иқтисодиёти ИМА дар соли 2018 аз ҷониби ХБА дар сатҳи 2,7 фоиз пешгӯӣ шудааст, ки нишондиҳандаи мазкур нисбат ба баҳодии қаблӣ 0,4 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли 2018 иқтисодиёти ИМА ба андозаи 3,2 фоиз рушд ёфта, шумораи ҷойҳои корӣ дар моҳи август ба миқдори 201 ҳазор нафар зиёд гардид. Бекорӣ дар ИМА дар сатҳи 3,9 фоиз қарор дорад, ки дар 20 соли охир дар шароити таварруми муътадил нишондиҳандаи минималӣ арзёбӣ мегардад.

Иёлоти Муттаҳидаи АмрикоБинобар ин Низоми захиравии федеролӣ сиёсати тадриҷан баланд намудани меъёри фоизиро пеш гирифта, дар охири моҳи сентябр меъёри фоизиро ба андозаи 0,25 фоиз баланд намуд. Дар соли ҷорӣ маротибаи сеюм аст, ки Низоми захиравии федеролии ИМА меъёри фоизиро баланд намуда истодааст.

Ҳамзамон роҳбарияти Низоми захиравии федеролӣ тасмим гирифтааст, ки меъёри мазкурро то охири соли ҷорӣ бори дигар ба андозаи 0,25 фоиз ва дар солҳои 2019-2020 мутаносибан се ва як бор баланд намояд.

Ба ақидаи баъзе аз таҳлилгарон амалишавии сиёсати қатъии монетарӣ аз ҷониби Низоми федеролии захиравӣ ба ҳолати таназзулшавӣ оварда мерасонад. Бо назардошти таъсири он ба суръати рушди иқтисодиёт Президенти ИМА аз сиёсати кунунии Низоми федеролии захиравӣ ва болоравии меъёри фоизӣ изҳори норозигӣ намудааст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …