Главная / Биология / Бемории “Беихтиёр ҷорӣ шудани пешб”

Бемории “Беихтиёр ҷорӣ шудани пешб”

Беихтиёр ҷорӣ шудани пешбро дар забони тиб инконтиненция меноманд. Инконтенентсия яке аз бемориҳои паҳнгашта дар таҷрибаи клиникии урологӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи оморҳои тиббӣ, тақрибан 20% аз аҳолии курраи Замин гирифтори ин беморианд. Бемории мазкур бештар дар хонумҳо мушоҳида мешавад.

inkompitenciyaТақрибан 25-30% – и хонумҳои синашон аз 65 сол боло мубталои ин беморианд. Мутаасифона аксари ашхосе, ки мубталои ин мушкилианд, инконтинентсияро беморӣ намеҳисобанд ва ба пизишк низ муроҷиат намекунанд. Ба нудрат ин беморӣ бидуни дармон низ рафъ мешавад.

Инконтинентсияе, ки худ аз худ рафъ мегардад бештар ҳангоми таваллуд ё ҳини илтиҳоби ҳоди масона рух медиҳад.

Куллан ин беморӣ ба ду гурӯҳ тақсимбандӣ мешавад:

1. Гурӯҳи козиб;

2. Гурӯҳи воқеъӣ;

Ба гурӯҳи козиби инконтинентсия бемороне шомил мегарданд, ки асари халалдоргаштани уретра, эктопии сӯрохиҳои ҳолиб ва экстрофии масонаи беихтиёрии пешоб доранд.

Он бемороне, ки инконтинентсияи бидуни нуқсонҳои гурӯҳи аввал доранд ба гурӯҳи инконтинентсияи воқеӣ дохил мешаванд.

Дар асл панҷ навъи беихтиёр рехтани пешоб вуҷуд дорад:

а) Инконтинентсияи истрессӣ, ки бар асари боло рафтани фишори дохили шикам дар натиҷаи кори ҷисмонӣ, сурфа, ханда ва амсоли инҳо рух медиҳад. Ин навъи беихтиёр рехтани пешб, дар натиҷаи сустии мушакҳои дохили кос пайдо мешавад

б) Инконтинентсияи ургентӣ. Ашхоси гирифтор ба ин навъи инконтинентсия, наметавонанд хориҷ намудани пешобро ҳатто ба муддати кӯтоҳ низ ба таъхир андозанд.

в) Инконтинентсияи парадоксалӣ. Ин навъи инконтинентсия ғайри табии буда, дар шахсоне, ки мубталои бемориҳои простат ва тангии маҷрои пешобанд рух медиҳад.

г) Инконтинентсия таркибӣ (омехта)- дар ин навъи беихтиёрӣ нишонаҳои ҳам стрессӣ ва ҳам ургентӣ дида мешавад.

д) Инконтинентсияи транзиторӣ – ин навъи беморӣ дар ашхосе, ки гирифтори илтиҳоби узвҳои дохили косанд бештар дида мешавад ва хусусияти муваққатӣ дорад.

Сабабҳои беихтиёр рехтани пешоб:

  • Тағйироти анатомикӣ;
  • Таваллуди табии аз меъёр зиёд ва таваллуди оризанок;
  • Диабети қанд, Фарбеҳӣ ва шахсони сигоркаш;
  • Илтиҳоби музмини узвҳои дохили кос;
  • Номуназзамии ҳормонҳо (камбудии эстроген);
  • Осеб ва бемориҳои мағзу торҳои асаб;
  • Ихтилолоти гардиши ху;

Ҳарчанд, ки ташхиси ин беморӣ содда аст, аммо табобаташ душвор менбошад. Зеро дар аввал бояд бемории асосиро табобат намуд ва аз оризаҳои эҳтимолӣ пешгирӣ кард. Ин бемориро бо ду равиш табобат мекунанд: консервативӣ (доруӣ) ва бо усули ҷарроҳӣ. Навъҳои ҷарроҳӣ (ҷарроҳии боз ва гузоштани ( “слинг” ) ба дараҷаи вазнинӣ ва навъи инконтинентсия бастагӣ дорад Ҳангоми интихоби табобат мо бояд дараҷаи вазнинии беморӣ, натиҷаи бемориҳои неврологӣ ва бемориҳои системаи поёнии роҳҳои пешобро дар назар дошта бошем. Чи қадаре ки табобат барвақт шурӯъ шавад, ҳамонқадар натиҷаи хуб медиҳад.

Ногуфта намонад, ки дармони ин беморӣ дар Бемористони Ибни Сино хуб ба роҳ монда шуда аст ва бемороне, ки то кунун бо ин мушкил муроҷиат намудаанд аз натиҷаи табобат розианд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …