Дар ривояте омадааст, ки Расулуллоҳ (с) ба Ҳазрати Авф ибни Молик (раз) ҷиҳати наҷот аз мушкилот ва ҳосили мақсадаш ӯро талқин намуд, то «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»-ро бисёр бихонад.
Муҷаддади алфи сонӣ (paҳ) мефармояд:
- Барои раҳоӣ аз ҳар гуна мушкилоти диниву дунявӣ ва барои ҳусули мақосид «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»-ро бисёр хондан амали бисёр муҷаррабе мебошад.
Ҳазрати Муҷаддади алфи сонӣ (paҳ) барои мушаххас кардани адади хондани ин калима мефармояд:
- Ин калимаи «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ»-ро рӯзона панҷсад маротиба бихонад ва дар аввалу охири он сад маротибагӣ дуруди шарифро бихонад ва дар охир барои мушкил ва ё орзуяш дуо бикунад.