Главная / Гуногун / ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСРИ XVII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVIII ТАЪРИХИ СИЁСӢ

ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСРИ XVII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVIII ТАЪРИХИ СИЁСӢ

Низоъҳои байнихудӣ. Абдуллохони II соли 1598 вафот кард. Ба ҷои ӯ писараш Аблулмӯъминхон ба тахти Бухоро нишасг. Баъд аз як чанд моҳ ӯ кушта шуд. Ҳукмрони охирини намояндаи сулолаи Шайбониён – Пирмуҳаммадхони II низ ҳалок гардид.

Ҳамсоягони хони Бухоро аз задухӯрдҳо миёни Шайбониён истифода бурданд. Шоҳи Эрон Аббоси I қисмати зиёди Хуросонро забт кард. Балх зери таъсир гузашт. Қазокҳо водии Фарғона, шаҳри Тошканд ва ҳатто Самарқандро ишғол намуданд. Хоразм аз итоати Бухоро баромада дубора истиқлолият ёфт.

Аъён ва ашрофи феодалӣ маснади хони Бухороро ба Ҷонимухаммад Султон (Ҷонибек Султон) пешниҳод намуданд. Бинобар он сулолаи хонадони нав Ҷониёи ё Аштархониён номида шуд. Номи Аштархониёнро гирифтапи онҳо аз он иборат буд, ки Ҷонибек Султон аз шаҳри Хочитархон (Астархони ҳозира) ба Бухоро омада буд.

10__04

Вале Ҷонибек Султон хон шудан нахост. Ба сари ҳокимият Боқимухаммад (1599-1605) омад. Ба ӯ муяссар гардид. ки шаҳри Балхро тобеъи Бухоро гардонад. Аз ҳамин вақт валиаҳди хонн Бухоро дар Балх менишаст.

Баъд аз вафоти Боқимуҳаммадхон бародари “Валимуҳаммадхон ҳукмрон гардид. Ӯ аз ӯҳдаи идораи давлат набаромад. Бинобар он аъёну атроф тахти хониро ба Имомқулихон (1611-1642) вогузоштанд. Дар соли ҳукронии у вазъият андаке беҳтар шуд. Ба вай лозим омад, ки ба муқобили калмиқҳо ва қазакқо мубориза барад ва Тошкандро ба тасарруфи худ дарорад. Баъд аз забти ин шaҳp ба хотири писари кушташудааш қасос гирифтанӣ шуда, Имомқулихон қасам ёд кард, ки хуни кушташудагон бояд то узангуи аспаш бирасад. Кушокушни мислаш диданашуда cap шуд ва ҳазорон мардуми тамоман бегуноҳ ба қатл расид. Танҳо бо илтимоси шахсони наздикаш, ки онҷо аз чунин вақшигӣ ва бераҳмӣ ба ҳарос афтида буданд, хон розӣ шуд, ки қатли одамонро бас кунад. Вале барои рафъи қасамаш Имомқулихон аспсавор ба ҳавз даромад ва оби бо хуни одамон омехташудан oн то узангуи аспи ӯ расид. Дар ҷангҳои дигар ҳам хон бераҳмии мислаш диданашуда зоҳир мекард. Бо роҳи қатлу ваҳшигӣ ба Имомқулихон муяссар гашт, ки то як дараҷа ҳокимияти устувор барқарор кунад.

Баъд аз ҳукмронии сисола хони Бухоро кӯр шуда ҳокимиятро ба бародараш ҳокими Балх Нодирмуҳаммадхон (1642-1645) супурд. Ҳукмрнин у дер давом накард. Ба тахти салтанат писараш Абдулазизхон (1645- 1680) соҳиб шуд. Baлe талоши хон шудан ва соҳиби мулк гаштан байни бародарон давом мекард.

Ниҳоят давлатро Субҳонқулихон (1680-1702) ба даст даровард. Дар аҳди салтанати ӯ вазъият душвортар гардид. Тохтутози хевагиҳо ҳамоно давом мекард. Онҳо ҳатго Самарқандро забт карданд. Барои барҳам задан ба тохтутози хевагиҳо Субҳонқулихон ба қарор омад, ки дар он ҷо мебояд қоиммақоми худро таъин намояд. Ин кор оқибат ба ӯ муяссар гардид. Вале ҷангҳои дохилӣ ҳеҷ тамом намешуданд. Ҳатто писари Субҳонқулихон Сиддиқмуҳаммад худро дар Балх мустақил эълон карда, ба муқобили падар шӯриш бардошт, вале шикаст хӯрд ва бо фармони падар ба қатл расид. Аз задухӯрдҳои байнихудӣ истифода намуда, як қатор вилоятҳо истиқлолият ба даст дароварданд, ки Бадахшон аз ҷумлаи онҳо буд.

Барои ҷангҳои паиҳам маблаг лозим буд. Бинобар ин Субхоиқулихон аз аҳолӣ барои ҳафт сол пешакӣ андозҳоро ситонид. Ии беалолатӣ сабаби вусъат ёфтани норозигӣ ва бесарусомонӣ дар давлати Ҷониён гардид.

Баъди Субхонқулихон ба тахти Бухоро Убайдуллохон (1702-1711) нишаст. Амирон худро тамоман соҳибихтиёр медонистанд. Аксарияти онҳо ба ҳамқабилаҳои худ такя карда, ҳокимияти марказиро тамоман ба эътибор намегирифтанд. Убайдуллохон дар назди худ вазифа гузошт, ки псши роҳи исён ва ҷангҳоро бигирад. Бинобар он ҳамаи солҳои ҳукмронии Убайдуллохон дар ҷангҳои зидди феодалон гузашт. Дар чунин шароит ӯ ба ҳамон қисми феодалоне такя менамуд, ки ба барқарор кардани тартиботи муайян дар давлат ва пурзӯршавин ҳокимияти марказӣ манфиатдор буданд..

Аз тарафи дигар, Убайдуллохон як қатор чорабиниҳои муҳим гузаронид. Вай тартиби идоракунии давлатро нав карданӣ шуд. Mexocт, ки ба он намояндагонн табақаҳои поёниро ҷалб намояд. Убайдуллохон чандин тадбирҳо андешид, то ки хазинаи давлат пур шавад. Ба ин мақсад хон ислоҳоти пулӣ гузаронд. Мутаассифона, чораҳои андешидаи ӯ вазъияти мавҷударо чандон сабук карда натавонист. Соли 1711 Убайдуллохон дар натиҷаи сӯиқасд куигга ва дарбори хонӣ тороҷ карда шуд.

Пас аз ӯ бародараш Абдулфайзхон (1711 – 1747) ба тахт нишаст. Ӯ охирон намояндаи сулолаи ҷониён дар тахти Бухоро буд. Дар солҳои ҳукмронии хони мазкур ҳукумати марказӣ иқтидори худро тамоман аз даст дода, давлати хонӣ ба қисмҳои мустақили ҷудогона тақсим мегардад. Ҳокимони музофотҳои алоҳила худсариҳо мекарданд.

Вазъият дар нимаи аввал дар асрҳои XVIII боз ҳам бадтар гардид. Дар натичаи тохтутозҳои ҳафтсолаи қазокҳо (1723-1730) Миёнколот (байни Самарқанду Бухоро) тамоман ба харобазор табдил ёфт. Қахтӣ ва гуруснагии сахт cap шуд. Касони аз чанги фалокат раҳоёфта ба ҳар тараф фирор мекарданд. Шаҳрҳои номбурда бе одам монд. Ба харобӣ рӯ ннҳодани ноҳияҳои марказии давлат ба тараққиёти нисбии гӯшаву канорҳои мамлакат сабаб шуд. Зеро косибону ҳунармандон барои эмин мондан аз хавфу хатар ва пайдо намудани имкони кори осоишта марказҳои бузурги касбу ҳунар ва тиҷоратро тарк карда, ба гӯшаҳои дурдаст паноҳ мсбурданд. Шоҳи Эрон Нодиршоҳ, аз ин вазъи мушкили Мовароуннаҳр исгифода бурда солҳои 1739-1740 ба Бухоро ҳуҷум кард.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

sharshara

Шеър дар бораи Шаршара

Шаршара ноз дорад, Мӯйи дароз дорад. Шаршара кони мағал, Шаршара кони ғазал, Зеби дара шаршара, …