ҒИЗОИ КӯДАКОН ВА НАВРАСОН. Ғизои дуруст ба инкишофи мӯътадили ҷисмонию фикрии кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Ғизои нокифоя бачаро аз рушду инкишоф бозмедорад, муқобилияти узвҳоро ба беморӣ суст менамояд; ғизои барзиёд ҷараёни мубодилаи моддаҳо ва ҳазми хӯрокро халадор месозад. Бачагон ва наврасон бояд мувофиқи талаботи ба моддаҳои ғизонок доштаи организм, инчунин аз рӯи таносуби дурусти байни моддаҳои ғизоӣ хӯрок истеъмол намоянд.
Ғизои бачаҳои аз 1 то 3-сола бояд серсафеда бошад, бинобар ин онҳо бояд ширу маҳсулоти ширӣ ва гӯшту тухм истеъмол кунанд. Дар вояи шаборӯзии ғизои бачаҳои синни боғча бояд 600 – 800 мл, дар вояи ғизои мактаббачагон 400 – 500 мл шир мавҷуд бошад. Талаботи бачаҳои хурдсолро ба равған аз ҳисоби равғани наботот (мас., равғани офтобпараст, ҷуворимакка ва ғ.) қонеъ гардондан лозим аст (онҳоро организм нағз ҳазм мекунад). Равғани набототро ба пюреи сабзавот ва салат омехтан беҳтар аст. Барои ғизои кӯдакон ангиштобҳои зудҳазм, ки аксар дар таркиби меваю маҳсулоти мевагӣ фаровонанд, аҳамияти калон доранд. Таносуби дурусти сафеда, равғану ангиштоби таркиби ғизои кӯдакони хурдсол 1:1:3, барои бачаҳои калонсол 1:1:4 мебошад. Агар ин таносуб вайрон шавад, ба саломатии кӯдак зарар мерасонад, ҳарчанд, ки ба таркиби хӯрок моддаҳои серғизо ва витаминҳо ҳамроҳ карда мешаванд. Мас., хӯроки серравған, хусусан равғани ҳайвонот, мубодилаи моддаҳоро вайрон карда, ҳазми таомро душвор менамояд, боиси фарбеҳии кӯдак мегардад. Миқдори барзиёди ангиштоб ба ихтилоли мубодилаи моддаҳо таъсир расонда, кӯдакро фарбеҳ мекунад. Дар натиҷаи истеъмоли барзиёди ширавор кӯдакон ва наврасон ба касалии қанд гирифтор мешаванд. Ғ. бояд гуногун бошад; хӯроки якхела иштиҳоро мебандад. Гӯшти серравғанро фақат ба бачаҳои калонтари мактабхон (14 – 17-сола) додан мумкин аст. Ба онҳо додани гӯшти нимбирёну дудхӯрда (дудпаз) тавсия карда намешавад, зеро он бадҳазм буда, организмро заҳролуд мекунад, боиси пайдоиши киҷҷа мегардад. Ғайр аз ин, ба кӯдакон ғизоҳои гӯштию моҳигӣ, шӯр ё хӯриши тунду тезро намедиҳанд. Аз вояи ғизои бачагони синнашон то 8 – 10 сола қаламфур, хардал ва сиркоро бояд истисно кард. Ҳамаи навъҳои машрубот (пиво, шароб ва ғ.) ба организми кӯдакону наврасон зарар дорад. Истеъмоли қаҳваю какав, чои талх, инчунин миқдори зиёди шоколад организми кӯдакони то 3-соларо ангезиш медиҳад. Кӯдакону наврасон рӯзе бояд чор маротиба ба миқдори зерин тановул кунанд: наҳорӣ – 30%, ғизои пешин 40 – 45%, бегоҳӣ – 10% ва шом – 15 – 20%.
Агар кӯдакон тарбиягири яслӣ, боғча ё ягон муассисаи дигари бачагона бошанду он ҷо чор маротиба хӯрок хӯранд, пас дар хона ба онҳо хӯрок додан лозим нест. Ба кӯдакон ғизои охирин бояд ҳар рӯз 1,5 – 2 соат пеш аз хоб дода шавад.
Ҷ.А. Азонов.