Главная / Илм / ГИЗОИ КуДАКОН ВА НАВРАСОН

ГИЗОИ КуДАКОН ВА НАВРАСОН

gizoi-kudakonГИЗОИ КуДАКОН ВА НАВРАСОН. Гизои дуруст ба инкишофи муътадили чисмонию фикрии кудакону наврасон мусоидат мекунад. Гизои нокифоя бачаро аз рушду инкишоф бозмедорад, мукобилияти узвхоро ба бемори суст менамояд; гизои барзиёд чараёни мубодилаи моддахо ва хазми хурокро халадор месозад. Бачагон ва наврасон бояд мувофики талаботи ба моддахои гизонок доштаи организм, инчунин аз руи таносуби дурусти байни моддахои гизои хурок истеъмол намоянд.
Гизои бачахои аз 1 то 3-сола бояд серсафеда бошад, бинобар ин онхо бояд ширу махсулоти шири ва гушту тухм истеъмол кунанд. Дар вояи шаборузии гизои бачахои синни богча бояд 600 – 800 мл, дар вояи гизои мактаббачагон 400 – 500 мл шир мавчуд бошад. Талаботи бачахои хурдсолро ба равган аз хисоби равгани наботот (мас., равгани офтобпараст, чуворимакка ва г.) конеъ гардондан лозим аст (онхоро организм нагз хазм мекунад). Равгани набототро ба пюреи сабзавот ва салат омехтан бехтар аст. Барои гизои кудакон ангиштобхои зудхазм, ки аксар дар таркиби меваю махсулоти меваги фаровонанд, ахамияти калон доранд. Таносуби дурусти сафеда, равгану ангиштоби таркиби гизои кудакони хурдсол 1:1:3, барои бачахои калонсол 1:1:4 мебошад. Агар ин таносуб вайрон шавад, ба саломатии кудак зарар мерасонад, харчанд, ки ба таркиби хурок моддахои сергизо ва витаминхо хамрох карда мешаванд. Мас., хуроки серравган, хусусан равгани хайвонот, мубодилаи моддахоро вайрон карда, хазми таомро душвор менамояд, боиси фарбехии кудак мегардад. Микдори барзиёди ангиштоб ба ихтилоли мубодилаи моддахо таъсир расонда, кудакро фарбех мекунад. Дар натичаи истеъмоли барзиёди ширавор кудакон ва наврасон ба касалии канд гирифтор мешаванд. Г. бояд гуногун бошад; хуроки якхела иштихоро мебандад. Гушти серравганро факат ба бачахои калонтари мактабхон (14 – 17-сола) додан мумкин аст. Ба онхо додани гушти нимбирёну дудхурда (дудпаз) тавсия карда намешавад, зеро он бадхазм буда, организмро захролуд мекунад, боиси пайдоиши кичча мегардад. Гайр аз ин, ба кудакон гизохои гуштию мохиги, шур ё хуриши тунду тезро намедиханд. Аз вояи гизои бачагони синнашон то 8 – 10 сола каламфур, хардал ва сиркоро бояд истисно кард. Хамаи навъхои машрубот (пиво, шароб ва г.) ба организми кудакону наврасон зарар дорад. Истеъмоли кахваю какав, чои талх, инчунин микдори зиёди шоколад организми кудакони то 3-соларо ангезиш медихад. Кудакону наврасон рузе бояд чор маротиба ба микдори зерин тановул кунанд: нахори – 30%, гизои пешин 40 – 45%, бегохи – 10% ва шом – 15 – 20%.
Агар кудакон тарбиягири ясли, богча ё ягон муассисаи дигари бачагона бошанду он чо чор маротиба хурок хуранд, пас дар хона ба онхо хурок додан лозим нест. Ба кудакон гизои охирин бояд хар руз 1,5 – 2 соат пеш аз хоб дода шавад.

Ч.А. Азонов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …