Главная / Илм / ГИСТОЛОГИЯ

ГИСТОЛОГИЯ

gistologiyaГИСТОЛОГИЯ (Histologia; аз юн. histos – бофта ва …логия), бофташиноси, як сохаи морфология, ки сохтор, инкишоф ва фаъолияти бофтахои хайвоноти серхучайра ва одамро меомузад. Г. бо ситология (таълимот дар бораи хучайра, сохт ва фаъолияти он) зич алокаманд аст. Сохти хар як бофта дар чараёни онтогенез (такмили фардии организм, ки аз бордоршавии хучайратухм сар мешавад) инкишоф меёбад. Бинобар ин, Г. бо эмбриология (илмест, ки организмро то таваллуди он меомузад) марбут аст. Фасли Г., ки инкишофи организмро меомузад, гистогенез (тавлиди бофтахо) номида мешавад.
Усули асосии тадкики Г. истифода аз микроскоп аст. Хусусан тадкики ултрамикроскопии сохторхо ахамияти калон дошта, он имкон медихад, ки хучайра ва бофтахо амик омухта шаванд.
Г.-и муосир робитаи байни сохтори хучайра, бофта ва узвро бо фаъолияти онхо мукаррар месозад. Бо максади омузиши конуниятхои инкишофи бофтахо аз усули кишти онхо (ниг. Кишти хучайра ва бофтахо) истифода мекунанд. Тадкики бофтахое, ки дар мавриди бемори тагйир ёфтаанд, вазифаи патогистология аст. Мафхуми Г.-ро с. 1819 олими немис К. Майер ба илм дохил кардааст. Асоси методологияи Г.-ро дар с-хои 30-юми а. 19 назарияи хучайра, ки Т. Шванн ба вучуд оварда буд, ташкил кард. Дертар тасвири морфологию физиологии хучайра асоси Г.-и муосир гардид. Дар нимаи дуюми а. 19, сипас дар аввали а. 20 далелхои асосноки илми рочеъ ба бофтахои пустпарда, мушак ва асаб ба вучуд омаданд.
Дар Точикистон Г. чун илми мустакил с. 1939 баъди ташкили кафедраи гистологияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино равнак ёфт. Тадкикоти олимони кафедра ба масъалаи морфологияи баландкухи, шифои захм дар шароити кухистон, гипертрофияи гурдаи сангпушт, кабутар ва калламушхои сафед, морфогенез ва регенератсияи узву бофтахо дар чонварон, фаъолияти митозии паренхимаи гурда дар шароити гуногун, кобилияти тачдидии чигар ва гадудхои лимфа хангоми таъсири омилхои номусоид, таъсири чанги пахта ба луобпардаи рохи нафас, бофтаи дандон ба маводи пломба ва г. бахшида шудаанд. Рочеъ ба Г. дар Ин-ти зоология ва паразитологияи АИ ЧТ, Ин-ти гастроэнтерология, Ин-ти чорводории АИК ЧТ ва кафедраи физиологияи одами ДМТ низ пажухиш анчом дода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …