Главная / Илм / ГИНЕКОМАСТИЯ

ГИНЕКОМАСТИЯ

ginekomastiyaГИНЕКОМАСТИЯ (Gynaecomastia; аз юн. gyne, gynaikos – зан ва mastos – сина, пистон), калон шудани гадудхои шир дар мардхо. Г. хакики ва дуругин мешавад. Г.-и хакики дар натичаи афзудани бофтахои гадуди шир пайдо мешавад. Сабаби Г.-и дуругин чамъ шудани чарбу дар гадуди шири мардхо аст. Г.-и хакики физиологи ва патологи мешавад. Г.-и хакикии физиологи дар давраи балогат ба мушохида мерасад. Г.-и хакикии патологи бошад, бинобар ихтилоли мубодилаи эстрогенхо рух менамояд. Г. дар хама синну сол хангоми беморихои тухмдон ва нукси инкишофи он – гипоплазия, крипторхизм, атрофияи хоя (бинобар осеб, омос), осеби вазнини чигар ва гурдахо, баъзан беморихои гадуди сипаршакл ва гадудхои болои гурда, амрози хромосоми, истифодаи вояи зиёди дорухои эстрогени ва г. пайдо мешавад. Г. метавонад дар як ё хар ду гадуди шир ба вучуд ояд. Г.-и патологи ду навъ аст: диффузи ва гирехи. Хангоми Г.-и диффузи гадуди шир сахт ва дардманд мешавад; Г.-и гирехи (гуддаи), одатан, дар як тараф пайдо гашта, мисли тухм ва бедард аст.
Бо максади муоличаи Г. кабл аз хама сабаби ихтилоли гормонхоро мукаррар кардан лозим. Г.-и гирехиро бо рохи чаррохи табобат мекунанд. Г.-и физиологи ба табобат эхтиёч надорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …