Главная / Илм / ГИЛДАВОи

ГИЛДАВОи

gildavoiГИЛДАВОи, гилпизишки, гилшифои, яке аз усулхои табобати беморихо. Г. дар гузашта бисёр маъмул буд. Одам аз ибтидои пайдоиш ба гил, ба замин хамбастаги доштааст. Махз замин оромгоху панохгох ва манбаи ризку рузии у махсуб мешуд. Аввалин маъхазе, ки аз падидахои Г., муносибату афкори ачдоди моро рочеъ ба гил, замин дарак медихад, Авесто аст. Мутобики андешаи пажухишгарони пешин ба хар кадом чисм мувофикан ба чахор унсур (гил, оташ, об, хаво) чахор сифат (гарми, сарди, тари ё рутубат ва хушки) хос аст. Абуалии Сино мизочи гилро шабехи мизочи инсон мехисобид. Гузаштагони мо медонистанд, ки гил чисми пок мебошад. Ин акида хакикати хол мебошад, зеро имруз исбот шудааст, ки гил бактерия надорад.
Гил захрхои моеъу газмонанд, буи ногувори равган ва г.-ро мечаббад. Точикон аз кадим хангоми чувоз кашидан, ширинию шарбатпази аз гилхока истифода мебаранд. Гил буи ногувори равгани загир ва индовро бартараф месозад, губору захри ширинии туту ангурро чазб мекунад. Дар гузашта бо гили саршу шустани муй барои бонувон як навъ анъана будааст. Гилобаи саршуй гуё патосаку занбуругчаи сарро бархам дода, рушди муйро кувват мебахшидааст. Хамчунин ба гармоба порае гил (таншу) мебурдаанд; бо он шустушуй кардан давои амрози пуст будааст, чисму баданро таровату чило медодааст. Табибони пешин хатто бо гил саратони пустро даво мебахшадаанд.
Имруз олимон исбот кардаанд, ки гил таъсири пурзури зидди омос (саратон)-ро дорад; он хангоми омосхои гайрисаратони (чогар, миома, мастопатия) ва саратони (саратон, лейкоз ва г.) манфиат мерасонад. Чунин хусусияти гил шояд ба радийи таркиби он вобаста бошад. Ба гуфтаи табибони халки агар латтапораеро ба гилоба тар карда, ба милки дандон ниханд, хуншори катъ мегардад, газак (илтихоб) рафъ мешавад; агар бо он дандонро пок кунанд, доги зардиаш меравад. Агар бо гилобаи соф дасту руй бишуянд, ба зуди газаки чашм шифо меёбад. Мегуянд, ки хар вакт дар хочатхона аз кулух истифода баранд, якумр ба бавосир гирифтор нахоханд шуд.
Аз кадим хангоми захролуди, вабо, исхоли хунин ва г. гилро олоти халоси мехисобиданд. Табибони халки бо гил беморихои гуногун, мас., чогар, камхуни, фалач, саръ, амрози асаб, илтихоби гушу чашм, амрози занон, беморихои меъдаву руда, газаки чигар, зардпарвин, дарди дил, бемории сил, исхоли хунин, хунпартои, зики дил, дарди гурда ва масона, амрози пуст ва г.-ро табобат мекунанд.
Алхол баъзе навъхои гилро дар амалияи тибби бисёр кишвархо барои муоличаи беморихои музмину шадиди банду бугум, сутунмухра, мушак, асаб, оризахои газаки хароммагз, сил, зарбу лат, амрози занон, газаки музмини талхадон, кабзият ва г. истифода мебаранд. Барои табобат навъхои гуногуни гилро тавсия медиханд. Табибони халки, одатан, маризро бо хамон гиле табобат мекунанд, ки дар хамон махал дастраси онхост. Мутобики маълумоти сарчашмахо махсусан гилхои гулоби, сурх, осмонранг шифои бештар доранд.
Гилро аз махалли хушобу хаво, назди чашмаи зулол, дуртар аз икоматгох, ки нури офтоб хуб мерасад, чамъ меоваранд. Онро пеш аз истифода аз регу хар гуна омехтагихои номатлуб тоза мекунанд. Хамон гиле бехтар аст, ки аз он курс бисозанд ва баъди хушконидан накафад. Лойи онро бо чубчаи чубин меомезанд. Курсхои табобатии онро дар зарфхои чини ё чуби нигох бояд дошт. Зарфхои гилдорро дар болохона ё чойхои махсуси тоза нигох медоранд.
Гилро пеш аз истифода андак дар офтобруя гарм ва сипас дар оби чашма хал кардан лозим аст. Табибон барои муоличаи беморихои пуст хока, хамира ва мархами гилро тавсия медиханд.
Ад.: Хочиматов М., Халифаев Д., Масоили гил ва имконоти истифодаи он дар амалияи тиб. Дар кит.: Падидахои синъати дорусози ва тибби мардуми, Д., 2001; Халифаев Д.Р., Микроэлементный анализ бентонитовых глин Таджикистана. Дар кит.: Проблемы фармации Таджикистана, Д., 1991; Хамон муаллиф, Некоторые показатели при выборе основ для мягких лекарственных форм. Дар кит.: Падидахои санъати дорусози ва тибби мардуми, Д., 2001.

Д. Р. Халифаев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …