Главная / Илм / ГЕНЕТИКА

ГЕНЕТИКА

geneticГЕНЕТИКА (юн. genesis – пайдоиш), илмест дар бораи ирсият ва тагйирпазирии организмхо.
Тасаввуроти аввалин дар бораи табиати ирсият ва тагйирпазири хануз дар ибтидои таърихи башарият баён ёфта буд. Он дар асоси мушохидаи одам доир ба хайвоноти хонаги, растанихо ва худи у ба вучуд омад. Одам хануз дар хамон даврахо барои бозтавлид аз хамон хайвонот ва растанихое истифода мекард, ки сифатхои хуби онхо бештар зухур ёфта буданд (яъне у дар доираи чинсхо интихоби муайян мегузаронд). Чунин селексияи содда ба одам имкон дод, ки хайвоноти гуногуни хонаги ва растанихои богиро ба вучуд оварад. Якумин асари илми дар бораи ирсият ва тагйирпазири дар а. 17 пайдо шудааст. Он таълифи Камерариус «Кайдхо дар бораи чинси растанихо» буд. у дар ин асараш ба хулоса меояд, ки растанихо хам мисли хайвонот чинс доранд ва гардолуд шудани як навъи растани бо гарди навъи дигар боиси пайдоиши шакли комилан нав мегардад. Дар ибт. а. 18 тавсифи нахустини чунин дурагахо пайдо шуд.
Конунхои асосии Г.-ро с. 1866 табиатшиноси чех Грегор Мендел дар натичаи тачриба бо навъхои гуногуни нахуд мукаррар кард. Мендел ба хулоса омад, ки мерос гирифтани хар як аломатро ягон омил (ё омилхо)-е, ки аз хучайрахои чинси мегузарад, муайян мекунад; аломатхои организмхо хангоми дурага кардан нест намешаванд, балки онхоро наслхо мувофики конуниятхои муайян ба мерос мегиранд. Дертар онхо « Конунхои Мендел» номида шуданд. Гарчанде ки Мендел дар бораи мавкеи омилхои ирси дар хучайра, табиати химиявии онхо ва тарзи таъсир ба ин ё он аломат чизе намедонист, бо вучуди ин таълимоти у дар бораи омилхои мазкур чун вохиди ирсият асоси назарияи генро ташкил медихад ва тарзи тахлили генетикии мерос гирифтани аломат, ки самараи эчодии уст, усули асосии генетика ба шумор меравад.
Дар ибтидои садаи 20 конунхои Менделро, ки хамасронаш сарфахм нарафта буданд, баъзе биологхо «аз нав кашф намуданд». Бинобар ин с. 1900 расман соли ташаккули илми Г. махсуб мешавад.
С. 1906 бо таклифи Бэйтсон илме, ки ирсият ва тагйирпазириро меомузад, Г. номида шуд. Замони кашфиёти ачиб фаро расид. Хануз с. 1901 Х. де Фриз номураттаб тагйир ёфтани аломатхои ирсиро мукаррар намуд ва назарияи ба истилох мутатсияро эчод кард. Дертар Т. Морган ва диг. исбот намуданд, ки нокили асосии генхо хромосомахо буда, онхо дар хромосома ба тартиби хатти чой гирифтанд.
С. 1944 гурухи тадкикотчиён исбот карданд, ки интиколи аломатхои ирси ба кислотаи дезоксирибонуклеат – КДН (ниг. Кислотахои нуклеат) вобастаги дорад. С. 1953 сохти молекулаи КДН-ро ошкор кардани Ч. Устсон ва Ф. Крик ба дарки механизми худтачдиди он ва дар айни замон барои ба наслхо гузаштани генхои волидайн имкон дод. Сипас сирри рамзи генетикиро ёфтанд. Ба тавассути он дар кисмхои молекулаи КДН (генхо) маълумоти рочеъ ба сохти сафедаеро, ки зери назорати гени мазкур хосил шудааст, «бо рамз менавиштанд». Кашфиёти минбаъда Г.-ро ба зинаи нав бардошт.
Ба вучуд овардани консепсия дар бораи тарзи татбики ахбори генетики, ки дар генхо ифода ёфтааст, ба давраи нави инкишофи Г. замина гузошт. Кашфи ирсияти хоричи хромосома, ки сабабаш таъсири плазмидхо мебошад, ахамияти калон дорад. Ин аз он сабаб хам мухим буд, ки генхои ошкорсозандаи зарари бактерияхо барои одам ва хайвонот нафакат дар таркиби хромосомахо, балки дар таркиби чунин плазмидхо низ ошкор шуданд.
Тахкурсии Г.-и хозираи одам, ки бо омузиши организми инсон алокаманд аст, ох. а. 19 гузошта шуд. С. 1875 Галтон барои муайян кардани мавкеи ирсият ва мухит дар инкишофи аломатхои чудогонаи одам, усули омузиши ташаккули онхоро дар тавъамон (дугоникхо) пешниход намуд. Ин тарзи тахкики конуниятхои генетики усули тавъамон ном гирифт. С. 1908 бори нахуст беморихои ирсии мубодилаи моддахо тавсиф гардиданд; Г.-и популятсиявии одам, ки сохт ва тахрикаи таркиби генхоро дар гурухи махдуди одамон (популятсияхо) меомузад, ифодаи мухтасари худро ёфт. Яке аз мухимтарин вазифаи Г.-и популятсиявии одам «баруихатгирии» фонди генхои башарият аст. Ин сохаи Г.-ро геногеография меноманд. Пешрафти сохаи Г.-и популятсияви барои гузаштан ба тахлили тахаввули силсилаи томи генхо имкон дод, ки он бо пешгуии тагйироти оянда дар табиати ирсии инсон алокаманд аст.
Дар с-хои 20-уми а. 20 евгеника – таълимот дар бораи пешгирии ихтилоли имконпазири сифатхои ирсии одам пайдо шуд. Тахкики Г.-и одам нишон дод, ки ирсият ва тагйирпазирии организм, хамчунин гуногунии онхо ба нишонахои истеъдоди ирси ва шароити зиндаги (ичтимоию иктисоди, табиию иклими, фарханги ва г.) алокаманд аст.
Бахри мухофизати ирсияти одам хифзи он аз таъсироте, ки боиси мутатсияи зарарнок ва марговар мегардад, мавкеи мухим дорад. Шумораи чунин омилхои мутагени баробари пешрафти техника дар хаёти одамон меафзояд.
Дар с-хои 50-уми а. 20 мавчи нави тадкикот оид ба Г.-и одам аз сабаби пешрафти Г.-и умуми ва радиатсиони мушохида шуд: с. 1956 шумораи аники хромосомахо (46) мукаррар гашт; с. 1959 беморихои хромосомии одам (синдроми Даун)-ро кшаф намуданд.
Г.-и одам хамаи генхои хар як хромосома ва аломатхоеро, ки онхо назорат мекунанд, хамчунин сахми ирсият ва мухитро дар инкишофи аломатхои мукаррари ва пайдоиши мутатсия меомузад. Г.-и одам дар хамаи ин сохахо комёбихои назаррас ба даст овардааст. Гуногуншаклии ирси ё полиморфизм аз чумлаи онхост. Чунончи, такр. 200 варианти гемоглобин, шаклхои зиёди ферментхо ва г.-ро кашф кардаанд. Бо ёрии Г.-и биохимияви усулхои ташхиси беморихои ирсиро дарёфт мекунанд.
Мавчудияти шумораи зиёди аломатхои иммунологие, ки аз чихати генетики муайян кардан мумкин аст, исбот шуд. Ба чунин аломатхо, мас., сафедахои махсус ва карбогидратхои сатхи эритроситхо ё лейкоситхо, сафедахое, ки дар молекула кисми карбогидрат (гликопротеид) ва муайянкунандаи хусусиятхои гурухи хунро доранд, мансуб мебошанд. Ин боиси ба сохаи мустакил чудо шудани иммуногенетика гардид.
Хромосомахоро ситогенетика меомузад. Олимон мукаррар намуданд, ки хучайрахои омос нисбат ба хучайрахои мукаррари, одатан, мачмуи хромосомахои тагйирёфта доранд. Онхо дар чараёни инкишофи омоси саратони бо хучайрахои тагйирнаёфта, хамчунин бо якдигар дар ракобат мебошанд.
Г.-и одам дар тадкикоти худ аз руи коидаи таъсири мутакобилаи омилхои биологи ва ичтимои амал мекунад. Маълумоти Г. гувохи медиханд, ки дар масъалаи пешрафти ичтимои одам аз чихати ирсият ягон махдудият надорад. Дар дунё ду шахси хусусиятхои ирсиашон якхела мавчуд нест. Аз назари Г. хеч як нажод ё миллат нисбат ба нажод ё миллати дигар боло намеистад.
Соли 1939 Конгресси II байналхалкии генетикон карор кабул кард, ки ба хамаи одамон, сарфи назар аз нажод, миллат ва ранги пуст, барои инкишоф имкониятхои баробар ва пурра дода шаванд.
Ба туфайли комёбихои Г. саноати микробиологи ташкил ёфт. Истехсоли антибиотикхо, аминокислотахо, сафеда ва диг. моддахо дар микёси саноати, ба даст овардани бактерияхо, вирусхо ва занбуругхои микроскопии аз чихати генетики тагйирёфта имконпазир гардид.
Г. барои халли бисёр масъалахои тибби, пеш аз хама дар мубориза бо беморихои сирояти ва ирси (ниг. Генетикаи тибби) ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …