Главная / Илм / ГЕМОСОРБСИЯ

ГЕМОСОРБСИЯ

gemosorbsiyaГЕМОСОРБСИЯ (аз юн. гемо… ва лот. sorbere – чаббидан, фуру бурдан), усули аз организм берун кардани моддахои захрнок. Бо истифода аз асбоби махсус хуни беморро ба сорбентхо мегузаронанд. Сарбентхо кодиранд моддахои захрноки таркиби хунро чаббида, пурра нигох доранд. Аксар вакт ба сифати сорбентхо ангишти фаъол ё катронхои ионивазкунандаро кор мефармоянд. Г.-ро хангоми аз адвиёт ва диг. моддахо захролуд шудани одам, инчунин барои муоличаи беморони гирифтори осеби шадиди чигар ва гурда истифода мекунанд.
Г.-ро духтур ё корманди миёнаи тибби зери назорати духтур мегузаронад. Хангоми Г. зарфи махсус (колонка)-ро бо сорбент пур карда, тавассути найчахо ба раги хунгарди патсиент мепайванданд. Хунро ба найчахо насос мекашад. Барои пайдо нашудани хубобчахои хаво камерахои хубобнишон мавчуданд. Дар камерахо хамчунин манометрхо насб карда шудаанд, ки онхо фишори хунро то зарфи сорбентдор ва баъди он чен мекунанд. Ин амал барои ошкор сохтани эхтимолияти дар колонка лахта шудани хун мухим аст. Хамаи асбобхои Г. тамйизи мебошанд.
Ба раги хунгард катетерро одатан духтур мегузорад. Вазифаи кормандони миёнаи тибби аз омода сохтану пайвастани кисмхои асбоб, бо махлули изотонии хлориди натрий ва гепарин шустани асбоб, ба патсиент пайвастан ва бо хун пур кардани он, назорати рафти проседура ва холати патсиент иборат аст.
Дар мавриди Г. мумкин баъзе оризахо рух намоянд, мас., паст шудани фишори шараён, табларза, хуншори ва г. Дар чунин холатхо Г.-ро катъ карда, иллатхои сарзадаро табобат менамоянд.
Тарзи пайваст намудани асбоб хангоми гемосорбсия: 1 – катетерхое, ки ба рагхо (ба вена ё венаю артерия) ворид карда шудаанд; 2 – найча барои гирифтани хун; 3 – насос (тулумба) барои кашидани хун; 4 – камерахои хубобнишон; 5 – асбоб барои фиристодани гепарин; 6 – манометрхо бо камерахои таксимгар, ки хунро аз манометрхои гайритамийизи чудо мекунанд; 7 – зарфи сорбентдор; 8 – даргот (клапан)-и магнити барои хифзи бемор аз банд омадани хаво; 9 – найча барои бозгашти хун. Самти харакати хун бо тирчахо ишора шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …