Главная / Илм / ГАНГРЕНА

ГАНГРЕНА

gangrenaГАНГРЕНА (Gangraina), окила, мавт гаштани узв ё як қисми он дар организми зинда. Бо инкишофи Г. бофтаҳо камоб (Г.-и хушк), қисми осебдида тадриҷан хушк, пурчину сахт ва ҷигарранг (муммонанд) мешавад. Г. метавонад дар ҳама узву бофтаҳо пайдо шавад, вале он бештар дар дасту по рух менамояд.
Г.-и хушк дар қисмҳои канори андомҳо пайдо шуда, батадриҷ инкишоф меёбад. Бофтаҳо оҳиста-оҳиста хушкида ранги ҷигарӣ ё сиёҳ мегиранд. Дар мавриди Г.-и хушк бофтаҳо пурра маҳв намешаванд, бинобар ин ҳолати умумии мариз вазнин нест. Дар бофтаҳои хушк барои инкишофи микроорганизмҳо шароити мусоид вуҷуд надорад. Дар давраи оғози Г.-и хушк риоя накардани қоидаҳои асептика метавонад боиси пайдоиши Г.-и тар шавад.
Г.-и тар бинобар халал ёфтани ҳаракати хун ба вуҷуд меояд. Дар бофтаҳои тар ангезаҳои пӯсиш (уфунат) инкишоф меёбанд. Дар натиҷа бофтаҳо ба чизи нарми сабзранг ё сиёҳи бадбӯй табдил меёбанд. Одатан, дар аснои Г.-и тар ҳарорати бадан баланд ва авзои умумии бемор бад мешавад (нишонаи заҳролудии организм аз маҳсули таҷзияи бофтаҳо). Г. асосан дар узвҳои камраг (мас., ангушт, панҷаи даст, кафи пой, суфраи гӯш) ба вуҷуд меояд. Ба пайдоиши Г. ихтилоли таъмини хун дар узву бофтаҳо (мас., дар аснои баста шудани шараён), зуд лахта бастани хун, бемориҳои ғадудҳои усораи дохилӣ (эндокринӣ), мас., касалии қанд, захмдор шудани раги хунгард, атеросклероз (танг гаштани сурхраг), омилҳои гуногуни механикӣ (муддати дароз бо тофтабанд фишурдани бофтаҳо, тазйиқи шикам, шикастабандӣ), химиявӣ (таъсири кислотаҳо ё ишқорҳо) ва физикӣ (ҳарор. аз 500С баланд ё сармои аз 200С паст, α-афканишот, β-афканишот) мусоидат менамоянд. Нуқси фаъолияти дилу рагҳо, авитаминоз, ихтилоли мубодилаи моддаҳо, заҳролудии музмин аз шароб ва никотин ҷараёни Г.-ро метезонанд. Ҳангоми баста шудан (тромбоз)-и сиёҳрагҳои рон сари вақт гирифта партофтани судда (тромб) Г.-ро пешгирӣ мекунад. Риояи қоидаҳои гузоштани компресс, шина, тофтабанд ҳатмист (ниг. Шикасти устухон, Захм, Хунравӣ). Дар сурати натиҷаи дилхоҳ надодани тадбирҳои пешгирии Г. бурида партофтани узви осебдида зарур аст.
Ад.: Гостищев В.К., Общая хирургия, М. 2005; Петров С.В., Общая хирургия, М., 2005

Қ.Н. Носиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …