Главная / Илм / ГАНГРЕНА

ГАНГРЕНА

gangrenaГАНГРЕНА (Gangraina), окила, мавт гаштани узв ё як кисми он дар организми зинда. Бо инкишофи Г. бофтахо камоб (Г.-и хушк), кисми осебдида тадричан хушк, пурчину сахт ва чигарранг (муммонанд) мешавад. Г. метавонад дар хама узву бофтахо пайдо шавад, вале он бештар дар дасту по рух менамояд.
Г.-и хушк дар кисмхои канори андомхо пайдо шуда, батадрич инкишоф меёбад. Бофтахо охиста-охиста хушкида ранги чигари ё сиёх мегиранд. Дар мавриди Г.-и хушк бофтахо пурра махв намешаванд, бинобар ин холати умумии мариз вазнин нест. Дар бофтахои хушк барои инкишофи микроорганизмхо шароити мусоид вучуд надорад. Дар давраи огози Г.-и хушк риоя накардани коидахои асептика метавонад боиси пайдоиши Г.-и тар шавад.
Г.-и тар бинобар халал ёфтани харакати хун ба вучуд меояд. Дар бофтахои тар ангезахои пусиш (уфунат) инкишоф меёбанд. Дар натича бофтахо ба чизи нарми сабзранг ё сиёхи бадбуй табдил меёбанд. Одатан, дар аснои Г.-и тар харорати бадан баланд ва авзои умумии бемор бад мешавад (нишонаи захролудии организм аз махсули тачзияи бофтахо). Г. асосан дар узвхои камраг (мас., ангушт, панчаи даст, кафи пой, суфраи гуш) ба вучуд меояд. Ба пайдоиши Г. ихтилоли таъмини хун дар узву бофтахо (мас., дар аснои баста шудани шараён), зуд лахта бастани хун, беморихои гадудхои усораи дохили (эндокрини), мас., касалии канд, захмдор шудани раги хунгард, атеросклероз (танг гаштани сурхраг), омилхои гуногуни механики (муддати дароз бо тофтабанд фишурдани бофтахо, тазйики шикам, шикастабанди), химияви (таъсири кислотахо ё ишкорхо) ва физики (харор. аз 500С баланд ё сармои аз 200С паст, α-афканишот, β-афканишот) мусоидат менамоянд. Нукси фаъолияти дилу рагхо, авитаминоз, ихтилоли мубодилаи моддахо, захролудии музмин аз шароб ва никотин чараёни Г.-ро метезонанд. Хангоми баста шудан (тромбоз)-и сиёхрагхои рон сари вакт гирифта партофтани судда (тромб) Г.-ро пешгири мекунад. Риояи коидахои гузоштани компресс, шина, тофтабанд хатмист (ниг. Шикасти устухон, Захм, Хунрави). Дар сурати натичаи дилхох надодани тадбирхои пешгирии Г. бурида партофтани узви осебдида зарур аст.
Ад.: Гостищев В.К., Общая хирургия, М. 2005; Петров С.В., Общая хирургия, М., 2005

К.Н. Носиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …