Главная / Илм / ЕВГЕНИКА

ЕВГЕНИКА

evgenikaЕВГЕНИКА (аз юн. eugenes – зоти хуб, хушзот), таълимот дар бораи солимии ирсии одам ва роҳҳои беҳтар намудани хосиятҳои ирсии инсон. Дарёфти роҳҳои фаъоли таъсир бо таҳаввулоти инсоният (бо мақсади такмили минбаъдаи сиришти он) ва пешгирии аз насл ба насл гузаштани бемориҳои ирсӣ низ масъалаҳои асосии омӯзиши Е. мебошанд. Истилоҳи «Е.»-ро с. 1869 биологи англис Ф. Галтон пешниҳод намудааст. Қатъи назар аз он ки олимони пешқадам дар назди Е. вазифаҳои башардӯстона гузоштанд, баъзе нажодпарастон ба он ақидаҳои миллатгароӣ ворид намуда, ҳадафи сиёсии худ қарор доданд (мас., фашистон). Перомуни истилоҳи «Е.» мубоҳисаҳо идома доранд. Бисёр олимон ҷонибдори ақидае мебошанд, ки Е. бояд ба чунин илмҳои рӯ ба инкишоф, мас., генетикаи одам (антропогенетика) ва генетикаи тиббӣ нисбат дода шавад. Чунин ақида мутлақо дуруст аст. Зеро генетикаи одам ва генетикаи тиббӣ зимни омӯзиши қонуниятҳои ирсият ва тағйирпазирӣ исбот намуданд, ки гуногунии одамон ҳам ба омилҳои ирсӣ ва ҳам ба шароити зиндагӣ (аз ҷумла шароити иқлим ва омилҳои иқтисодию иҷтимоӣ) вобастагӣ доранд. Омӯзиши инкишофи рӯҳии дугоникҳое, ки аз як тухм ба вуҷуд омадаанд собит намуд, ки ирсият таъсири назаррас дошта бошад ҳам, дар муқаррар сохтани қобилияти зеҳнӣ ва малакаҳои одам омили ягона нест. Агар нишонаҳои морфологии одамро ирсият муайян кунад, пас ба хусусиятҳои рӯҳӣ ва рафтори ӯ муҳит, хоса муҳити иҷтимоӣ, таъсири калон мерасонад (тарбия, маълумот, малакаҳои корӣ, таъсири коллектив ва ғ.).
Нисбати имкониятҳо ва усулҳои беҳтар кардани табиати инсон ақидаҳо мухталифанд. Дар ин ҷода генетикаи тиббӣ метавонад саҳми назаррас дошта бошад. Вазифаи он аз омӯзиши мутагенҳо ва пешгирии мутатсияи зиёновар иборат аст, ки ба саломатии насли оянда таъсири ногувор мерасонад. Ба ташаккули чунин мутатсияҳо махсусан никоҳи байни хешовандони наздик мусоидат мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …