Главная / Илм / ЕВГЕНИКА

ЕВГЕНИКА

evgenikaЕВГЕНИКА (аз юн. eugenes – зоти хуб, хушзот), таълимот дар бораи солимии ирсии одам ва роххои бехтар намудани хосиятхои ирсии инсон. Дарёфти роххои фаъоли таъсир бо тахаввулоти инсоният (бо максади такмили минбаъдаи сиришти он) ва пешгирии аз насл ба насл гузаштани беморихои ирси низ масъалахои асосии омузиши Е. мебошанд. Истилохи «Е.»-ро с. 1869 биологи англис Ф. Галтон пешниход намудааст. Катъи назар аз он ки олимони пешкадам дар назди Е. вазифахои башардустона гузоштанд, баъзе нажодпарастон ба он акидахои миллатгарои ворид намуда, хадафи сиёсии худ карор доданд (мас., фашистон). Перомуни истилохи «Е.» мубохисахо идома доранд. Бисёр олимон чонибдори акидае мебошанд, ки Е. бояд ба чунин илмхои ру ба инкишоф, мас., генетикаи одам (антропогенетика) ва генетикаи тибби нисбат дода шавад. Чунин акида мутлако дуруст аст. Зеро генетикаи одам ва генетикаи тибби зимни омузиши конуниятхои ирсият ва тагйирпазири исбот намуданд, ки гуногунии одамон хам ба омилхои ирси ва хам ба шароити зиндаги (аз чумла шароити иклим ва омилхои иктисодию ичтимои) вобастаги доранд. Омузиши инкишофи рухии дугоникхое, ки аз як тухм ба вучуд омадаанд собит намуд, ки ирсият таъсири назаррас дошта бошад хам, дар мукаррар сохтани кобилияти зехни ва малакахои одам омили ягона нест. Агар нишонахои морфологии одамро ирсият муайян кунад, пас ба хусусиятхои рухи ва рафтори у мухит, хоса мухити ичтимои, таъсири калон мерасонад (тарбия, маълумот, малакахои кори, таъсири коллектив ва г.).
Нисбати имкониятхо ва усулхои бехтар кардани табиати инсон акидахо мухталифанд. Дар ин чода генетикаи тибби метавонад сахми назаррас дошта бошад. Вазифаи он аз омузиши мутагенхо ва пешгирии мутатсияи зиёновар иборат аст, ки ба саломатии насли оянда таъсири ногувор мерасонад. Ба ташаккули чунин мутатсияхо махсусан никохи байни хешовандони наздик мусоидат мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …