Главная / Гуногун / Эътирофи Зардуштия дар ин руз

Эътирофи Зардуштия дар ин руз

Чаро имрўз дини Зардушт ва худи ў инқадар тантана дорад, ҳам авруниён, ҳам тоҷику эронӣ ба он часпида гирифта, дар арафаи ҷашни тамаддуни ориёӣ (соли 2006) бахшида ба Зардушт даҳҳо китоб эҷод карда шуданд, бастакорон бошанд ба шеърҳои шоирон оҳанг бастанд. Дар АИ Тоҷикистон ба олиме ки Зардуштро пайғамбарӣ ориён хонда, дар бораи ў диссертатсияи докторӣ навишта буд, бо кафкўбӣ ҳамагон ба ў унвони олӣ – доктори илми фалсафаро пешбарӣ карданд.

Ҷавоб: Якум ин ки дар таърихи гузашта ҳеҷ вақт ва ҳеҷ кас Зардуштро пайғамбар эълон накардааст. Дуюм ин ки аз гуфти академик Б. Ғафуров ў дар асрҳои VIII пеш аз милод умр ба сар бурдааст.

Ҳол он ки Ориён се ҳазор сол қабл аз милод ба вуҷуд омада буданд, яъне 2200 сол қабл аз Зардушт. Чорум ин ки ў душмани Ориён, душмани назарияи яккахудоӣ буд. Ў оташпараст буд, на нурпараст. (Барои ба ин ду мафҳум сарфаҳм рафтан ба китоби «Таърихи тамаддуни Ориён»-и И. Умарзода,саҳ 309-323 нигаред).

Аз ҳама бадбахтии азим он аст, ки пайравони имрўзаи Зардушт, қариб ҳамаи навиштаҷоти китоби муқаддаси Ориён Авесторо ба Зардушт мансуб дониста, кўр-кўрона васфи Зардушт мекунанд.

Он чи сухан дар бораи аврупоиён равад, ҳақиқат он аст, ки то ибтидои асри XVII дарвозаи тамаддуни Шарқ барои аврупоиён баста буд, фақат дар ибтидои асри XVII –и мелодӣ боз шуд. Вале сайёҳони авруноӣ чун аз мардуми авом мепурсиданд, ки дини шумо, қабл аз дини Ислом, кадом буд, онҳо «Зардушт, оташпараст» гўён ҷавоб медоданд. Аврупоиён, ки аз мураккабии ин масъала огоҳ набуданд, ин гуфтаҳоро ба таври адэкватӣ қабул кардаанд. Аммо чун таърих оҳиста-оҳиста гиреҳҳои худро боз мекард, ҳамон қадар бо таърихи Шарқ чуқуртар даст зада, бо ақидахои ориёну китоби муқаддаси он – Авесто шинос шуда, ҳақиқатро дармеёфтанд ва дар баробари он таърихи баромади халқҳои аврупоиро аз ватани бобогии мо – тоҷикон дарёфта, садҳо китобҳоро дар ин ҷода ба табъ расонидаанд.

Асарҳое, ки дар солҳои ҷашнгирии тамаддуни Ориёӣ, ба тези навишта шуда, Зардуштро то ба дараҷҷаи пайғамбарӣ бурда расониданд, ин ҳама сохтакории бешуурона ва рўбардоркунии гуфтаҳои худобехабарон чизи дигаре нест.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …