Главная / Гуногун / Эътирофи Зардуштия дар ин руз

Эътирофи Зардуштия дар ин руз

Чаро имруз дини Зардушт ва худи у инкадар тантана дорад, хам авруниён, хам точику эрони ба он часпида гирифта, дар арафаи чашни тамаддуни ориёи (соли 2006) бахшида ба Зардушт даххо китоб эчод карда шуданд, бастакорон бошанд ба шеърхои шоирон оханг бастанд. Дар АИ Точикистон ба олиме ки Зардуштро пайгамбари ориён хонда, дар бораи у диссертатсияи доктори навишта буд, бо кафкуби хамагон ба у унвони оли – доктори илми фалсафаро пешбари карданд.

Чавоб: Якум ин ки дар таърихи гузашта хеч вакт ва хеч кас Зардуштро пайгамбар эълон накардааст. Дуюм ин ки аз гуфти академик Б. Гафуров у дар асрхои VIII пеш аз милод умр ба сар бурдааст.

Хол он ки Ориён се хазор сол кабл аз милод ба вучуд омада буданд, яъне 2200 сол кабл аз Зардушт. Чорум ин ки у душмани Ориён, душмани назарияи яккахудои буд. У оташпараст буд, на нурпараст. (Барои ба ин ду мафхум сарфахм рафтан ба китоби «Таърихи тамаддуни Ориён»-и И. Умарзода,сах 309-323 нигаред).

Аз хама бадбахтии азим он аст, ки пайравони имрузаи Зардушт, кариб хамаи навиштачоти китоби мукаддаси Ориён Авесторо ба Зардушт мансуб дониста, кур-курона васфи Зардушт мекунанд.

Он чи сухан дар бораи аврупоиён равад, хакикат он аст, ки то ибтидои асри XVII дарвозаи тамаддуни Шарк барои аврупоиён баста буд, факат дар ибтидои асри XVII –и мелоди боз шуд. Вале сайёхони аврунои чун аз мардуми авом мепурсиданд, ки дини шумо, кабл аз дини Ислом, кадом буд, онхо «Зардушт, оташпараст» гуён чавоб медоданд. Аврупоиён, ки аз мураккабии ин масъала огох набуданд, ин гуфтахоро ба таври адэквати кабул кардаанд. Аммо чун таърих охиста-охиста гиреххои худро боз мекард, хамон кадар бо таърихи Шарк чукуртар даст зада, бо акидахои ориёну китоби мукаддаси он – Авесто шинос шуда, хакикатро дармеёфтанд ва дар баробари он таърихи баромади халкхои аврупоиро аз ватани бобогии мо – точикон дарёфта, садхо китобхоро дар ин чода ба табъ расонидаанд.

Асархое, ки дар солхои чашнгирии тамаддуни Ориёи, ба тези навишта шуда, Зардуштро то ба дараччаи пайгамбари бурда расониданд, ин хама сохтакории бешуурона ва рубардоркунии гуфтахои худобехабарон чизи дигаре нест.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …