Главная / Маданият ва санъат / Дӯхтани пешдомани миёндор – Коркарди технологии гарданбанд

Дӯхтани пешдомани миёндор – Коркарди технологии гарданбанд

Асбобу анҷоми зарурӣ: қуттии асбоби дарздӯзӣ, бандакҳо, мошинаи дарздӯзӣ.

№ Тартиби иҷрои кор

peshdoman

1 Бандакҳоро паи ҳам ба 2 қисми баробар қат карда, тарафи росташро ба дохил монда, бо сӯзанакҳо мустаҳкам мекунем.

2 Аз атрофаш аз ҷои буриш 0,8 см монда, кӯк мезанем. Баъд

сӯзанакҳоро мегирем.

3 Гарданбандро мувофиқи кӯкҳо 0,7 см аз буриш медӯзем

4 Гирди изофаи чокҳоро аз кунҷҳояш дар масофаи 0,2 см аз чокҳо мебурем, баъд кӯкҳои дастиро меканем.

5 Тасмаи ороиш ба 0,1-0,2 аз тарафи паҳлӯги чокҳо мустаҳкам мекунем

6 Қисми болоии пешдоманро назди сина аз се тарафҳояш дар масофаи 0,7 см кӯк мезанем, аз тарафи буриши паҳлӯгӣ.

7 Кӯкҳои дастиро меканем, ҷои буриши тасмаи ороиширо қат мекунем ва кӯк мезанем.

8 Чокҳоро росту ҳамвор карда, ба 0,2 см кӯк мезанем. Бо мошинаи дарздӯзӣ медӯзем.

9 Қисми болоии пешдомани тайёршударо дарзмол мекунем ва

кӯкҳои дастиро меканем

10 Гарданбанди тайёрро ба қисми болои пешдоман ба масофаи о,8 см аз канори маснуот ҷояшро муайян намуда дастӣ ва баъд бо мошинаи дарздўзӣ медўзем.

11 Худсанҷишӣ:

1.ҳолати сифати корро санҷед.

2.Коркарди пешдоман мувофиқи талаботаш.

3.Санҷидани сифати чокҳо.

Расми 50. Коркарди қисми болои ва пайвасти гарданбанди

пешдомани миёндор

Коркарди буриши қисми поёнии пешдоман.

Нақшаи технолонгии №10

Дӯхтани гирди пешдоман.

Асбобу анҷоми зарурӣ: қуттии кори пешдоман, қисми поёнии мошинаи дарздӯзӣ, дарзмол.

 

№ Тартиби иҷрои кор

1 Коркарди паҳлӯии буришҳо. Буришҳои паҳлӯгии қисми поёнии

пешдоманро ба 0,5 см ва баъд ба 1 см ба дарун қат карда, кӯк мезанем.

2 Тарафҳои паҳлугии пешдоманро ба 0,1-0,2 см аз ҷои қатшуда бо мошинаи дарздӯзӣ медӯзем

3 Кӯкҳои дастиро меканем

4 Ҷои коркардашударо дарзмол мекунем.

5 Коркарди қисми поёни пешдоман. Қисми поёнии буришро ба 0,5 ва баъд ба 2,5 см қат карда кӯк мезанем.

6 Қисми поёнии пешдоманро 0,1-0,2 см бо дарзҳои мошинагӣ медӯзем.

7 Қисми охири чокро мустаҳкам мекунем.

8 Кӯкҳои дастиро меканем.

9 Қисми кунҷи поёнии пешдоманро бо кӯкҳои хурд кӯк мезанем.

10 Ҷои коркардашудаи пешдоманро дарзмол мекунем.

11 Агар тасма ё лента бошад қисми поёнии пешдоманро бо лентаҳои ороишӣ дӯхтан мумкин аст.

12 Коркарди аз ҷои буриш қисми болои пешдоман бо бурма. Ба пешдоман бо бӯр ду хати рости мувозӣ дар масофаи 1 см ва байни

он 0,7 см мувозӣ хат мекашем. Барои ин қадами дарзҳои мошинро ба 4 мегузорем ва бо дарзҳои мошинагӣ медӯзем ва дар охир 5 см дарозии риштаро мегузорем.

13 Дар вақти бурма риштаҳои поёнии чокро аз яктараф мекашем ва то дарозии муайян онро бурма мекунем.

14 Худсанҷишӣ:

1.Баробари васеи чокҳо дар вақти кӯк задан

2.Ростии чок.

3.Сифатнокии бурма ва таксимоти баробари он

4.Коркарди гармию нармӣ

Расми 51. Дӯхтани гирди пешдоман 115

?Савол ва супориш

1Қисми поёнии пешдоманро бокадом роҳ медӯзанд?

2.Кадом тарафи қисми поёнии пешдоманро бурма мекунем: қисми паҳлӯ ё болои пешдоманро?

3.Агар лентаи ороишӣ ё тисма дошта бошад, метавонед бо он пешдоманро ороиш диҳед.

Технологии ба ҳам пайвастани қисми пешгир.

Нақшаи технологии №11

Коркарди миёнбанд ва кисса  Асбобу анҷоми лозимӣ: қуттии корӣ, маснуоти коркарди қисми

болии пешдоман кисса, қисми поёнии пешгир, миёнбанд, мошинаи дарздўзӣ.

№ Тартиби иҷрои кор:

1 Коркарди тасма (миёнбанд)

Ҷузъҳои тасмаро гирифта, барқад гузошта, тарафи ростаи онро ба дарун ва қисмҳои охири тасмаро дар масофаи 35 см кӯк мекунем

2 Охири тасмаро аз ҷои буриш ба 1 см медӯзем.

3 Кӯкҳои дастиро меканем, қисми изофагии чокро аз кунҷакҳои дар масофаи 0,2 см аз чок медӯзем

4 Охири тасмаро роста карда, кунҷҳояшро рост мекунем ва ба 0,2 см аз чок медӯзем.

5 Тасмаи коркардашударо дарзмол мекунем ва кӯкҳои дастиро меканем.

6 Худсанҷиӣ

1.Ба сифати чокҳо назорат кунед.

2.Васегии тасма бояд якхела бошад.

3.Ба кунҷҳои тасма аҳамият дихед

Эзоҳ: коркарди киссаро монанди технологияи коркарди киссаи пешдомани яклухт иҷро менамоем киссаи тайёррро баъд ба пешдоман мепайвандем, ҷои киссаро муаян намуда.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …