Главная / Маданият ва санъат / Дуои шукри неъмат

Дуои шукри неъмат

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Ғанномии Баёзӣ (раз) мефармояд, ки: «Расулуллоҳ (с) иршод фармуданд: «Ҳар шахсе вақти субҳ ин дуоро бихонад, он шахс шукри ҳамаи неъматҳои он рӯзро ба ҷо оварда бошад ва ҳар шахсе ҳангоми шом ин дуоро бихонад, ӯ шукри ҳама неъматҳои он шабро ба ҷо оварда бошад»[1]. Дуо ин аст:

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Аллоҳумма мо асбаҳа бӣ мин ниъматин фа минка ваҳдака ло шарика Лака фа Лака-л-ҳамду ва Лака-ш-шукр.

Тарҷума: Эй бор Худоё, ҳар он неъмате, ки насиби ман, ё яке аз махлуқоти Ту имрӯз субҳ шудааст, танҳо аз тарафи Ту ато шудааст. Ту шарике надорӣ, ҳамаи ҳамду ситоиш барои Ту ҳастанд ва ҳамаи шукр барои Туст.

duo

[1] Ин ҳадисро Абӯдовуд ва Насоӣ ривоят кардаанд.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

кудак намоз мехонад

Намози нафл

Савол: Намози нафл (Нофил) чист ва чи тавр бояд онро хонд? Ҷавоб: Намози нафл ин …