Главная / Илм / ДУМБАЛИ МАЙНА

ДУМБАЛИ МАЙНА

dumbali-maynaДУМБАЛИ МАЙНА, иллатест, ки дар натиҷаи ба мағзи сар роҳ ёфтани микроорганизмҳои бемориовар пайдо мешавад. Микроорганизмҳо ба майна аз манбаъҳои римнок (илтиҳоби ҷавфи бинӣ, остеомиелит, думбали шуш ва ғ.) ворид мегарданд.
Аломатҳои Д. м. гуногун мебошанд. Нишонаҳои асосии он сардард, беқарорӣ ё баръакс, афсурдарӯҳӣ, дилбеҳузурӣ ва қай (новобаста аз истеъмоли ғизо рух менамоянд), суст шудани набз (хусусан дар вақти дард кардани сар) маҳсуб мешаванд. Баъзе аломатҳои маризӣ ба тарзи ҷойгиршавии думбал вобастагӣ доранд. Ҳангоми дар мавзеи ҳаракатовари мағзи сар ҷой гирифтани думбал нимфалаҷ ва фалаҷи хоси ҳамон қисми дасту по рух менамояд; дар аснои дар мағзча қарор доштани он бошад, сар сахт чарх зада, тарзи ҳаракат тағийр меёбад; ҳангоми дар ҳиссаи чака пайдо шудани думбал галлютсинатсияҳои шунавоӣ ва биноӣ ба вуҷуд меоянд, нутқ халалдор мешавад.
Д. м.-ро дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб муолиҷа мекунанд. Барои мариз оромӣ фароҳам оварда, ба сари ӯ ях мегузоранд. Фарҷоми беморӣ ҷиддӣ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …